ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ, МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ

Маҳкамов Дастам – мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, номзади илмҳои педагогӣ.

Кормандони шуъба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома» ва «Низомномаи» Пажуҳиш-гоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ-ро риоя намуда, вази -фаҳои зеринро  иҷро  мена- моянд:

— иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илм дар самти илму таҳқиқоти илмӣ ва маориф;

— тавсияҳо оид ба таҳияи модулҳои таълимии муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

— таҳияи низоми муосир ва ягонаи баҳогузориву санҷишҳо;

— коркарди талаботи ягона барои баланд бардоштани мустақилияти иқтисодии муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ;

— омӯхтани раванди татбиқи низоми кредитии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

-тартиб додани дастурҳои методӣ, низомномаҳо барои баланд бардоштани сифати идоракунӣ дар муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

-пешниҳоди тавсияҳои илмиву методӣ оид ба баланд бардоштани сифати таълими касбӣ;

-коркард ва бароҳмонии механизмҳои инноватсионӣ дар соҳаи таълим;

-гузаронидани пажуҳишҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

-муқоисаи модулҳои таълимӣ бо шакли таълими мамлакатҳои дигар;

-татбиқи низомҳои нави таҳсилот;

-ҷорӣ намудани роҳу равишҳои муносибати бозоргонӣ дар таълим;

-таҳияи дастурҳои методӣ роҷеъ ба технологияҳои муосири таълим  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

-баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизи мудаввар) роҷеъ ба мушкилоти зинаи таҳсилот, тарғиби таҷрибаи пешқадам, навгароии таълиму тарбия, натиҷаи озмоишу таҳқиқот ва татбиқи низоми нави таҳсилот;

-ширкат ва саҳм гузоштан дар таҷлили ҷашнвораҳои давлатию миллӣ.

Шуъбаи мазкур моҳи ноябрӣ соли 2007 зери мудирии Исмоилов Вайсиддин бо номи “Шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ” таъсис дода шуд. Дар соли 2009 аз ҳайати шуъба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ олии касбӣ ҷудо гардида, шуъбаи мустақил бо номи «Шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ» арзи вуҷуд намуд.

“Шуъбаи таҳсилоти мбтидоӣ ва миёнаи касбӣ” боқӣ монд, ки дар ҳайати он ба сифати мудир Исмоилов Вайсиддин, ходимони илмӣ Маҳкамов Д., Олимова Ф., Нодиров Баҳриддин фаъолияти илмӣ таҳқиқотӣ дар мавзуи “Демократикунонии раванди таълим ва тарбия” кор мебурданд.

Мудири шуъба масъули корҳои илмӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар Пажуҳишгоҳ буда, бевосита ба директор ва муовинони ӯ дар Пажуҳишгоҳ ҳисобот медиҳад. Шуъба, дар доираи нақшаи солона, нақшаҳои инфиродӣ ва нақшаҳои таҳқиқотии ходимони илмии шуъба фаъолият менамояд.

Аз моҳи ноябри соли 2009, аз сабаби ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури гузаштани Исмоилов Вайсиддин ба вазифаи мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Котибова Ш.П. таъин гардид ва бо Маҳкамов Д,, Ҳазратқулова Н., Абдуллоев А. то моҳи майи соли 2009 кор кард ва ба шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ гузаронида шуд.

Дар соли 2009 ба вазифаи мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ н.и.п. Шарипова Д. таъин гардида то моҳи феврали соли 2012, дар якҷоягӣ бо Маҳкамов Д, фаъолият намуданд. Соли 2013 Мудири шуъба Маҳкамов Д. таъин гардида, бо Салоҳиддинова Гулнора., Иноятова Гулбаҳор., Ҳазратқулова Н., Абдуллоев А., Шаҳбози Муҷибулло., Эҳсонзода М., Бобохонов Х.Ю., Неъматов М., Табаров С. корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба роҳ монда ба натиҷаҳои хуб ноил гардиданд.

Моҳи феврали соли 2020 Маҳкамов Д. бо хоҳиши худ вазифаи мудирии шуъбаро супорид ва Асадуллоев Р. ба вазифаи мудири шубаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъин гардид ва моҳи октябри соли 2020 аз сабаби ба кори дигар гузаштанаш ба вазифаи мудири шуъбаи номбурда Холиқова Шоира таъин шуд, ки дар моҳи ноябри соли 2020 бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз нав боз ба вазифаи мудири шуъба Маҳкамов Д. таъин гардид. Аз 10.03.2023 дар асоси сохтори нави ПРМ шуъба аз шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ табдил дода шуд ва мудирияти онро Маҳкамов Д. ба дӯш дорад.

Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.

     Шуъбаи мазкур моҳи ноябрӣ соли 2007 зери мудирии Исмоил Вайсиддин бо номи “Шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ”таъсис дода шуд. Дар соли 2009 аз ҳайати шуъба таҳсилоти олиро ҷудо карда шуъба бо номи “Шубаи таҳсилоти мбтидоӣ ва миёнаи касбӣ” боқӣ монд, ки дар ҳайати он ба сифати мудир Исмоилов Вайсиддин, ходимони илмӣ Маҳкамов Д, Олимова Ф, Нодиров Баҳриддин фаъолияти илмӣ таҳқиқоти дар мавзӯи “Демократикунонии таълим ва тарбия” мебурданд.  Мудири шуъба масъули корҳои илмӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар Пажӯҳишгоҳ буда, бевосита ба директор ва муовинони ӯ дар Пажӯҳишгоҳ ҳисобот медиҳад.

Аз моҳи ноябри соли 2009 ба вазифаи мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Котибова Ш.П таъин гардида бо Маҳкамов Д, Ҳазратқулова Н, Абдуллоев А то моҳи майи 2009 кор кард. Дар соли 2009 ба вазифаи мудири шуъба Маҳкамов Д таъин гардида то моҳи феврали соли 2020, дар якҷоягӣ бо Салоҳиддинова Г, Иноятова Г, Ҳазратқулова Н, Абдуллоев А Шаҳбози Муҷибулло, Эҳсонзода М, Бобохонов Х.Ю, Неъматов М, Табаров С корҳои таҳқиқотиро ба роҳ  монд.

Моҳи феврали соли 2020 Асадуллоев Р ба вазифаи мудири шубаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъин гардид ва моҳи октябр аз сабаби ба кори дигар гузаштанаш ба вазифа Холиқова Шоира таъин шуд, ки дар моҳи ноябри соли 2020 бо сабаби аз кори дигар гузаштанаш аз нав боз Маҳкамов Д-ро ба вазифаи мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъин карданд.

Самтҳои фаъолияти шуъба ва кормандони он – аз рӯзҳои аввали таъсисёби шуъба дар болои Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома» ва «Низомнома»-и Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ-ро риоя намуда, дар татбиқу иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолиятҳои инноватсионӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»,”Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2015-2020, қарорҳои мушовараи ВМ ва ИҶТ ва фармоишҳои дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузору масъуланд.

Асоси фаъолияти кормандони шуъбаро татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи илму маориф, Татбиқи низоми кредитии таҳсолот ва ворид намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат тибқи таҳсилоти фосилавӣ, таҳқиқи сифати тадрис, сатҳи дониши донишҷӯён,ҷорӣ намуда фаъолиятҳои инноватсионӣ ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил медиҳад, ки дар ин самт китоб, дастур, ва мақолаҳои зиёди илмӣ ва омавиро омода намуданд. Кормандони шуъба тадбирҳои зеринро андешиданд:

– таҳияи асосҳои консептуалии талабот ба санҷиши сатҳи камолоти маънавии донишҷӯён дар шароити демократикунонии таҳсилот;

– таҳқиқот доир ба фарогирии ханандагон (духтарон) баъди хатми синфи 9 ба муассисаҳои ибтидоии касбӣ;

– таҳқиқи ҷинояткории ҷавонон,пешгирии амалҳои номатлуб ва ташаккули сифатҳои ахлоқии онҳо;

– пешниҳод ва татбиқи усули инноватсионии таълим ва тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– такмили асосҳои таълимию методӣ,моддию техникӣ, таълимӣ-истеҳсолӣ ва рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ;

– таҳияи дастур оид ба ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо  мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ;

– таҳияи барномаҳои талимӣ,маводи методӣ ва аёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– пажӯҳиши мундариҷаи таҳсилот ва ташкили раванди таълим бо назардошти баландбардории самаранокии иқтисодӣ,таъмини тағйирпазирӣ ва ба қадри имкон наздикшавӣ ба талаботи сифати бозори меҳнат ва имкониятҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ;

– омӯзиши вазъи ҷории фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таъминот бо дастурҳои методӣ ва воситаҳои аёнию дидактикӣ;

– таҳияи мақолаҳо оид ба нақши низоми кредитии таълим ҳамчун омили беҳтар сохтани сифати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– таҳияи дастурҳои методӣ дар асоси таҳқиқоти гузаронидашуда оид ба раванди роҳандозии низоми кредитӣ;

– коркард ва мукаммал кардани китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ дар  муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

— баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар) роҷеъ ба мушкилоти соҳа тарғиби таҷрибаи пешқадам, навгароии таълиму тарбия, натиҷаи озмоишу таҳқиқот ва татбиқи низоми нави таҳсилот;

— таҳияи дастуру мақолаҳо роҷеъ ба нақшаи инфиродӣ дар ҳаҷми

Ходими пешбари илмӣ

Ходими калони илмӣ                       Эзоҳ: Дар сурати воҳиди

кори иловагӣ доштан,ҷузъи

Ходими илмӣ                             чопӣ ба ҳамон миқдор зиёд

мегардад.

Мудири шуъба, бахш   ;

— ширкат ва саҳм гузоштан дар таҷлили ҷашнҳои соҳавӣ ва давлатию миллӣ;

Кормандони илмӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва роҳбарияти муассиса дар доираи салоҳияту ваколатҳояшон масъуланд.

Кормандони илмӣ барои амалӣ намудани мақсад ва иҷрои вазифаҳои дар низомнома баёншуда муваззафанд.

Кормандони шуъба вазифадоранд, ки моликияти давлатӣ ва таҷҳизоти техникии шуъбаро ҳифз карда, интизоми меҳнат, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Кормандони илмӣ тибқи нақшаи ПРМ дар панҷ сол як маротиба аз аттестатсия мегузаранд.