Шомамадова Ҳадиса Атомамадовна – мудири лабораторияи илмӣ- таҳқиқотқ
Лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии Пажуҳишгоҳи рушди маориф баноми Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар соли 2010, ки вобаста бо ташаббуси Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли Фарханги техникӣ» эълон шуда буд, ташкил шудааст. Кормандони лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома» ва «Низомномаи» Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ-ро риоя намуда, дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолиятҳои инноватсионӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2015-2020, қарорҳои мушовараи ВМ ва ИҶТ ва фармоишҳои дахлдори Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузору масъуланд.
Аз соли 2010 роҳбарии онро мутахассиси беҳтарини фанни математика марҳум Хуршед Лаблабонов ба ўҳда дошт. Соли 2013 бошад, ба ҳайси мудири лабораторияи муосири таҳсилотро ҷавони зираку доно ва пуртаҷриба мутахассиси фанни физика Давлатназар Кўчакшоев таъин гардид. Баъд аз 4-сол аз 2-июни соли 2017 ба ҳайси мудири лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ Муҳаммад Сафаров, мутахассиси фанни физика фаъолият дорад ва ба ҳайси лаборанти калон Давлатов Муҳиддин кору фаъолият мекунад. Аз 1-сентябри соли 2025 бошад, ба ҳайси мудири лабораторияи илмӣ – таҳқиқотӣ Шомамадова Ҳадиса, мутахассиси фанни математика ва технологияи иттилоотӣ ва ба ҳайси лаборанти калон Давлатов Муҳиддин кору фаъолиятро давом дода истодаанд.
Лабораторияи технологияи муосири таҳсилот январи соли 2020 бо номи лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ иваз карда шуд.
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОРМАНДОНИ ИЛМИИ ЛАБОРАТОРИЯ:
-таҳлили методҳои муосири таълим ва омғзиши ҳолати татбиқи технологияи нави таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ;
-таҳияи пешниҳодҳо методҳои муосири таълим ва ҳамоҳанг сохтани онҳо бо усулҳои миллии самарабахши омғзишу парвариш, ворид сохтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ба фаъолияти омғзиш ва баланд бардоштани ҳувийяту арзишҳои фарҳанги милливу мардумӣ;
-таҳияи маводи илмию методӣ оид ба муносибатҳои нави таълим;
-таҳияи пешниҳодҳои нав оид ба ташкили омғзишу истифодаи усул ва воситаҳои технологияи ахборию маърифатии муосир дар раванди таълим;
-дарёфти усули истифодаи технологияи ахборӣ дар мактаб;
-дарёфти усулу воситаҳои ташхиси қобилияту маҳорати хонандагон ҳангоми шаклҳои гуногуни таълим;
-ҷамъбасти таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва таҳияи дастурҳо оид ба татбиқи технологияи навовари таълими ташхиси қобилияту маҳорати хонандагон;
-таҳқиқи арзёбии баҳогузории бисёрбала ба малака, маҳорат, дониши хонандагон ва такмили он;
-омғзишу таҳлили ба низоми таҳсили 12 сола гузаштани мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ;
-таҳлили масъалаҳои муҳимми педагогикаи мардумӣ ва иҷтимою фарҳангии таҳсилот, омғзиши ҳолати муассисаҳои таълимии татбиқкунандаи барномаҳои дорои хусусияти миллию минтиқавӣ;
САМТИ ФАОЪЛИЯТИ ЛАБОРАТОРИЯИ ИЛМӢ—ТАҲҚИҚОТӢ:
-роҳҳои самараноки баланд бардоштани тафаккури техникӣ ва малакаю маҳорати хонандагони муассисаҳои таълимӣ;
-ошкор намудани роҳҳои баланд бардоштани завқу рағбати хонандагон ба омғзиши фанҳои табиӣ- риёзӣ дар МТМУ-ҳои ҷумҳурӣ;
-таҳқиқи муосири беҳ гардонидани сифати таълими технологияи иттилоотӣ зимни самаранок истифода бурдани
технологияи иттилоотӣ дар шабакаи интернетӣ;
-таҳқиқи самаранок истифода бурдани асбобҳои фаннӣ барои рушди малакаю маҳорати хонандагон дар фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;
-ташаккул додани салоҳиятҳои асосии хонандагон дар раванди омўзиши фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;
-омўзиш ва таҳлили стандарти таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии фанҳои табиӣ-риёзӣ;
-омўзиш ва татбиқи масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва дараҷаи касбии омғзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
-ҳамкорӣ бо омғзгорон ҷиҳати истифодаи технологияи муосири таълим ва корҳои озмоишӣ;
-расонидани ёрии методӣ ба омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия;
-натиҷагирӣ намудан ҷиҳати муайян кардани сатҳу сифати таълиму тарбия;
-муайян кардани маводи таълими муосир вобаста ба талаботи фанҳои таълимӣ;
-омўзиш ва таҳлили методҳои муосири таълим ва татбиқи онҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
-пешниҳодҳо ва ҳамоҳанг сохтани технологияи муосири таълим бо усули миллии омғзишу парвариш, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
-таҳияи дастур, мақола ва маводи илмию методии фаннӣ вобаста ба талаботи замони муосир;
-пешниҳодҳои нав оид ба ташкили омғзишу истифодаи усул ва воситаҳои технологияи ахборию маърифатии муосир дар раванди таълим;
-истифодаи воситаҳои ташхиси қобилияту маҳорати хонандагон ҳангоми шаклҳои гуногуни таълим ва пешниҳоду хулосаҳо.
Фаъолияти лаборатория тибқи Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба роҳ монда мешавад:
-Мутобиқи дастуру супоришҳои сарвари давлат ва дастуру супоришҳоеро, ки зимни паём ба Маҷлиси Олӣ ва дар ҷараёни вохғриву ҷаласаҳо дода шудаанд, доимо сармашқи кору фаъолияти худ мекунем.
-Тибқи таъкидҳои Пешвои миллат ва эълон кардани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» амал намуда, онро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ татбиқ менамоем.
Стратегия ва барномаҳое, ки тибқи онҳо лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ дар умум фаъолият мекунанд:
Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (аз 29 сентябри соли 2020, №526), Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Точикистон барои давраи то 2030 (аз 1 декабри соли 2016, №636), Барномаи мақсаднокидавлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 (аз 30 апрели 2021 №170), Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (аз 29 сентябри соли 2022, №443), Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 декабри соли 2011, № 643).
Лабораторияи илмӣ—таҳқиқотӣ. Аз 2-июни соли 2017 ба ҳайси мудири лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ Сафаров Муҳаммад ва лаборанти калон Давлатов Муҳиддин таъин шуда, фаъолият доранд. Аз 1-сентябри соли 2025 бошад, ба ҳайси мудири лабораторияи илмӣ – таҳқиқотӣ Шомамадова Ҳадиса, мутахассиси фанни математика ва технологияи иттилоотӣ ва ба ҳайси лаборанти калон Давлатов Муҳиддин кору фаъолиятро давом дода истодаанд.
Асоси фаъолияти кормандони лабораторияро татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, инноватсия-навигариҳо дар соҳаи илм, техника, технология, таълиму тарбия, истифодаи мақсадноки дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва пешниҳоди ақидаву андешаҳои созандаву пешқадам оид ба фаъолиятҳои инноватсионӣ ташкил медиҳад.
Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.

Лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф баноми Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар соли 2010, ки вобаста бо ташаббуси Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон «Соли Фарханги техникӣ» эълон шуда буд, ташкил шудааст. Кормандони лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома» ва «Низомномаи» Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ-ро риоя намуда, дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолиятҳои инноватсионӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2015-2020, қарорҳои мушовараи ВМ ва ИҶТ ва фармоишҳои дахлдори Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузору масъуланд.
Лабораторияи техналогияи муосири таҳсилот январи соли 2020 бо номи лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ иваз карда шуд. Аз 2-июни соли 2017 ба ҳайси мудири лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ Сафаров Мухҳаммад ва лаборанти калон Давлатов Муҳиддин таъин шуда, фаъолият доранд. Асоси фаъолияти кормандони лабораторияро татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, инноватсия-навигариҳо дар соҳаи илм, техника, технология, таълиму тарбия, истифодаи мақсадноки дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва пешниҳоди ақидаву андешаҳои созандаву пешқадам оид ба фаъолиятҳои инноватсионӣ ташкил медиҳад.
Мақсад ва вазифаҳои кормандони илмии лаборатория:
-таҳлили методҳои муосири таълим ва омӯзиши ҳолати татбиқи технологияи нави таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ;
-таҳияи пешниҳодҳо методҳои муосири таълим ва ҳамоҳанг сохтани онҳо бо усулҳои миллии самарабахши омӯзишу парвариш, ворид сохтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ба фаъолияти омӯзиш ва баланд бардоштани ҳуввияту арзишҳои фарҳанги милливу мардумӣ;
-таҳияи маводи илмию методӣ оид ба муносибатҳои нави таълим;
-таҳияи пешниҳодҳои нав оид ба ташкили омӯзишу истифодаи усул ва воситаҳои технологияи ахборию маърифатии муосир дар раванди таълим;
-дарёфти усулҳои истифодаи технологияи ахборӣ дар мактаб;
-дарёфти усулу воситаҳои ташхиси қобилияту маҳорати хонандагон ҳангоми шаклҳои гуногуни таълим;
-ҷамъбасти таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва таҳияи дастурҳо оид ба татбиқи технологияи навовари таълими ташхиси қобилияту маҳорати хонандагон;
-таҳқиқи арзёбии баҳогузории бисёрбала ба малака, маҳорат, дониши хонандагон ва такмили он;
-омӯзишу таҳлили ба низоми таҳсили 12 сола гузаштани мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ;
-таҳлили масъалаҳои муҳими педагогикаи мардумӣ ва иҷтимою фарҳангии таҳсилот, омӯзиши ҳолати муассисаҳои таълимии татбиқкунандаи барномаҳои дорои хусусияти миллию минтиқавӣ;
Самти фаоълияти лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ:
— Рушди салоҳиятҳои калидии хонандагон дар раванди омўзиши фанни физика;
— омўзиши паҳлуҳои самарабахши салоҳиятҳои калидии хонандагон;
— таҳлил ва омўзиши салоҳиятҳои асосии хонандагон дар МТМУ;
— таҳқиқи рушди салоҳияти иттилоотии хонандагон зимни самаранок истифода бурдани технологияи иттилоотӣ (шабакаи интернетӣ);
— таҳлил ва баррасии натиҷаи озмоишу таҳқиқот;
— омўзиши барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсии фанҳои табиӣ-риёзӣ;
— ташаккули салоҳияти иттилоотӣ дар раванди омўзиши фанҳои таълимӣ дар МТМУ;
— рушди салоҳияти иттилоотӣ ҳангоми баргузории корҳои амалӣ ва озмоишӣ;
— ҳамкорӣ бо омӯзгорон ҷиҳати истифодаи технология муосири таълим ва корҳои озмоишӣ;
— натиҷагирӣ оид ба муайян кардани сатҳу сифати таълиму тарбия;
— муайян кардани маводи таълим вобаста ба талаботи фанҳои таълимӣ;
— омўзиш, таҳлили методҳои муосири таълим ва татбиқи онҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ;
— пешниҳодҳо ва ҳамоҳанг сохтани технологияи муосири таълим бо усулҳои миллии омӯзишу парвариш, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
— таҳияи маводи илмию методӣ вобаста ба талаботҳои замон;
— таҳияи пешниҳодҳои нав оид ба ташкили омӯзишу истифодаи усул ва воситаҳои технологияи ахборию маърифатии муосир дар раванди таълим;
— дарёфти усулҳои истифодаи технологияи ахборӣ дар мактаб;
— истифодаи воситаҳои ташхиси қобилияту маҳорати хонандагон ҳангоми шаклҳои гуногуни таълим ва пешниҳоду хулосаҳо;
— таҳқиқи арзёбии баҳогузории бисёрбала ба малака, маҳорат, дониши хонандагон ва такмили он;
— таҳлили масъалаҳои муҳими педагогикаи мардумӣ ва иҷтимою фарҳангии таҳсилот, омӯзиши ҳолати муассисаҳои таълимии татбиқкунандаи барномаҳои дорои хусусияти миллию минтиқавӣ;
— таҳияи маводи илмию методӣ оид ба фанҳои таълимӣ;
— гирдоварии нуқтаи назари тоза оид ба омӯзиш бо дар назардошти истифодаи усул ва воситаҳои технологияи ахборию маърифатӣ;
— омӯзишу масъалаҳои гузариш ба низоми таҳсили 12 сола;
— дарёфти усулҳои истифодаи технологияи ахборӣ дар мактаб;
— роҳҳои истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбия дар сатҳи таълимгоҳ.
ДАСТОВАРДҲО
ДАСТУРҲО ИЛМӢ-МЕТОДӢ:
- «Арзёбии дониш ва малакаи хонандагон аз фанни физика тавассути саволу тестҳо», қисми 1, нашри «Сифат» 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнӣ, 45. 138-саҳифа,(соли 2017).
- «Муносибати босалоҳият ба таълим», намунаи дарсҳо аз фанни физика барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, нашри «Сифат» 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнӣ, 45. 100-саҳифа, (соли 2018).
- «Тавсияҳои қоидаи бехатарии лабораторӣ» барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, нашри «Сифат» 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнӣ, 45.36-саҳифа, (соли 2018).
- «Арзёбии дониш ва малакаҳои хонандагон аз фанни физика тавассути саволу тестҳо» қисми 2, нашри «Сифат» 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнӣ, 45 (164 саҳифа), 164 саҳифа, (соли 2019).
- «Муколамаи устоду шогирд аз фанни физикаи синфи 7», нашри «Сифат» 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнӣ, 45.92 саҳифа, (соли 2020).
МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ-ОММАВӢ:
- «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанни физика», маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» №1, марти соли (26) 2018, саҳифаҳои 12-14, соли 2018.
- «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим, (физика синфи 10)», ьаҷаллаи «Масъалаҳои методикаи таълим», №4, марти соли 2018, саҳифаҳои аз 2-8.
- «Мафҳуми «дюйм» ва чен намудани диагонали монитор» ( замима ба китоби дарсии технологияи иттилоотии синфи 8), маҷаллаи «Маърифати Омўзгор» №5 , майи соли 2018, саҳифаҳои аз 48-50.
- «Фирефтаи иғво нагардем» оид ба терроризм ва экстремизм, ҳафтаномаи «Омўзгор» №6, 8 феврали соли 2018, саҳифаи 5.
- «Сохтор ва низоми таҳсилот дар Ҷопон», маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» №2, моҳи феврали 2019, саҳифаи 13 то 17.
- «Арзёбии салоҳияти хонандагон дар таълими фанни физика», маҷаллаи «Масъалаҳои Методикаи таълим» № 2, моҳи феврали соли 2019, саҳифаи 6 то9
- «Арзёбии дониш дар муассисаҳои таълимии муосир», маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» № 1, (30), соли 2019, саҳифаи 91 то 96.
- «Арзёбӣ дар мактаби муосир», маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» №6, соли2019, саҳифаи 37 то 40.
- «Ҳимояи наврасону ҷавонон аз гаравиш ба тундгароӣ» {Кибертерроризм} маҷаллаи «Маърифати Омўзгор» №5 ISSN 2306-4293, майи соли 2019, саҳифаҳои аз 12 то 13.
- «Тавлиди офтоб ё офтоббаргашти зимистона», маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» №1, моҳи январи 2020, саҳифаи 57 то 58 (0,1875ҷ.ч).
- «Нақши салоҳиятҳои калидӣ дар корбурди технологияи иттилоотӣ», маҷаллаи «Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» №1, моҳи марти соли 2020 (0,5ҷ.ч).
- «Рушди салоҳиятҳои омўзиши – маърифатӣ ва иттилоотӣ дар бозии викторина» маҷаллаи «Паёми Пажўҳишгоҳи рушди маориф»№1, моҳи марти соли 2020 (0,625ҷ.ч).
- «Силоҳи ҷавонону наврасон дар фазои имрўз».Бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» №7, моҳи июли соли 2020, саҳ. 38 то 39.
- «Ташаккули салоҳиятҳои хонандагон дар раванди таълими фанни физика» (Вобаста ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»), маҷаллаи «Паёми Пажўҳишгоҳи рушди маориф» с.2020, № 3 (31), саҳ. 96-99.
- «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим» (дар синфи 7), маҷаллаи «Маорифи Душанбе» №3, 3-2020, саҳ. 76 то 80.



