ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ:

Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.

     Шуъбаи мазкур моҳи ноябрӣ соли 2007 зери мудирии Исмоил Вайсиддин бо номи “Шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ”таъсис дода шуд. Дар соли 2009 аз ҳайати шуъба таҳсилоти олиро ҷудо карда шуъба бо номи “Шубаи таҳсилоти мбтидоӣ ва миёнаи касбӣ” боқӣ монд, ки дар ҳайати он ба сифати мудир Исмоилов Вайсиддин, ходимони илмӣ Маҳкамов Д, Олимова Ф, Нодиров Баҳриддин фаъолияти илмӣ таҳқиқоти дар мавзӯи “Демократикунонии таълим ва тарбия” мебурданд.  Мудири шуъба масъули корҳои илмӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар Пажӯҳишгоҳ буда, бевосита ба директор ва муовинони ӯ дар Пажӯҳишгоҳ ҳисобот медиҳад.

Аз моҳи ноябри соли 2009 ба вазифаи мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Котибова Ш.П таъин гардида бо Маҳкамов Д, Ҳазратқулова Н, Абдуллоев А то моҳи майи 2009 кор кард. Дар соли 2009 ба вазифаи мудири шуъба Маҳкамов Д таъин гардида то моҳи феврали соли 2020, дар якҷоягӣ бо Салоҳиддинова Г, Иноятова Г, Ҳазратқулова Н, Абдуллоев А Шаҳбози Муҷибулло, Эҳсонзода М, Бобохонов Х.Ю, Неъматов М, Табаров С корҳои таҳқиқотиро ба роҳ  монд.

Моҳи феврали соли 2020 Асадуллоев Р ба вазифаи мудири шубаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъин гардид ва моҳи октябр аз сабаби ба кори дигар гузаштанаш ба вазифа Холиқова Шоира таъин шуд, ки дар моҳи ноябри соли 2020 бо сабаби аз кори дигар гузаштанаш аз нав боз Маҳкамов Д-ро ба вазифаи мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъин карданд.

Самтҳои фаъолияти шуъба ва кормандони он – аз рӯзҳои аввали таъсисёби шуъба дар болои Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома» ва «Низомнома»-и Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ-ро риоя намуда, дар татбиқу иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолиятҳои инноватсионӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»,”Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2015-2020, қарорҳои мушовараи ВМ ва ИҶТ ва фармоишҳои дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузору масъуланд.

Асоси фаъолияти кормандони шуъбаро татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи илму маориф, Татбиқи низоми кредитии таҳсолот ва ворид намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат тибқи таҳсилоти фосилавӣ, таҳқиқи сифати тадрис, сатҳи дониши донишҷӯён,ҷорӣ намуда фаъолиятҳои инноватсионӣ ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил медиҳад, ки дар ин самт китоб, дастур, ва мақолаҳои зиёди илмӣ ва омавиро омода намуданд. Кормандони шуъба тадбирҳои зеринро андешиданд:

– таҳияи асосҳои консептуалии талабот ба санҷиши сатҳи камолоти маънавии донишҷӯён дар шароити демократикунонии таҳсилот;

– таҳқиқот доир ба фарогирии ханандагон (духтарон) баъди хатми синфи 9 ба муассисаҳои ибтидоии касбӣ;

– таҳқиқи ҷинояткории ҷавонон,пешгирии амалҳои номатлуб ва ташаккули сифатҳои ахлоқии онҳо;

– пешниҳод ва татбиқи усули инноватсионии таълим ва тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– такмили асосҳои таълимию методӣ,моддию техникӣ, таълимӣ-истеҳсолӣ ва рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ;

– таҳияи дастур оид ба ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо  мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ;

– таҳияи барномаҳои талимӣ,маводи методӣ ва аёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– пажӯҳиши мундариҷаи таҳсилот ва ташкили раванди таълим бо назардошти баландбардории самаранокии иқтисодӣ,таъмини тағйирпазирӣ ва ба қадри имкон наздикшавӣ ба талаботи сифати бозори меҳнат ва имкониятҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ;

– омӯзиши вазъи ҷории фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таъминот бо дастурҳои методӣ ва воситаҳои аёнию дидактикӣ;

– таҳияи мақолаҳо оид ба нақши низоми кредитии таълим ҳамчун омили беҳтар сохтани сифати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– таҳияи дастурҳои методӣ дар асоси таҳқиқоти гузаронидашуда оид ба раванди роҳандозии низоми кредитӣ;

– коркард ва мукаммал кардани китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ дар  муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

— баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар) роҷеъ ба мушкилоти соҳа тарғиби таҷрибаи пешқадам, навгароии таълиму тарбия, натиҷаи озмоишу таҳқиқот ва татбиқи низоми нави таҳсилот;

— таҳияи дастуру мақолаҳо роҷеъ ба нақшаи инфиродӣ дар ҳаҷми

Ходими пешбари илмӣ

Ходими калони илмӣ                       Эзоҳ: Дар сурати воҳиди

кори иловагӣ доштан,ҷузъи

Ходими илмӣ                             чопӣ ба ҳамон миқдор зиёд

мегардад.

Мудири шуъба, бахш   ;

— ширкат ва саҳм гузоштан дар таҷлили ҷашнҳои соҳавӣ ва давлатию миллӣ;

Кормандони илмӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва роҳбарияти муассиса дар доираи салоҳияту ваколатҳояшон масъуланд.

Кормандони илмӣ барои амалӣ намудани мақсад ва иҷрои вазифаҳои дар низомнома баёншуда муваззафанд.

Кормандони шуъба вазифадоранд, ки моликияти давлатӣ ва таҷҳизоти техникии шуъбаро ҳифз карда, интизоми меҳнат, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Кормандони илмӣ тибқи нақшаи ПРМ дар панҷ сол як маротиба аз аттестатсия мегузаранд.