ШӮРОИ ОЛИМОН

           Дар таърихи 01 феврали соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои олимон №01 баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Самтҳои фаъолияти кормандони ПРМ вобаста ба иҷрои нақшаи корӣ ва нақша-чорабиниҳои ВМИҶТ «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2021» (гузориши директори муассиса Л.Иматова).2
  2. Самтҳои асосии фаъолияти роҳбарон ва иҷрокунандагони лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ дар соли 2021 (гузориши муовини директор оид ба илм С.Туронов).
  3.  Масъалаҳои ҷорӣ.

3.1. Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани монографияи Тоҳириён Шаҳлои Абдуализода “Масъалаҳои назариявии каломи бадеъ дар ашъори Бозор Собир (ҷанбаи лексикӣ-семантикӣ)” (“Теоретические проблемы поэтической речи в творчестве Бозора Собира (лексико-семантический аспект)”).

3.2. Оид ба иваз намудани мавзӯъ ва роҳбари илмии  унвонҷӯи соли сеюм Саъдуллоева Гулнора  “Асосҳои педагогии демократикунонии раванди таълим дар ташаккули салоҳияти касбии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” (Дар маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)  (“Педагогические основы демократизации учебного процесса на формирование компетентности студентов среднего профессионального образования” (На материалах Республики Таджикистан)), роҳбари илмӣ н.и.п. Дастам Махкамов.

3.3. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Ибрагимова Ситора Валиевна “Педагогические основы формирования коммуникативных компетенций студентов на занятиях по русскому языку” (“Асосҳои педагогии ташаккули салоҳиятҳои коммуникативии донишҷӯён дар машғулиятҳои забони русӣ”), роҳбари илмӣ н.и.п. Ҷонмаҳмадова Гулрафтор Шералиевна.

3.4. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Ғаниев Умед Авлиқулович “Дидактические основы формирования компетентности самоорганизации и самоконтроля студентов на занятиях по иностранному языку” (“Асосҳои дидактикии ташаккули салоҳияти худтакмилдиҳӣ ва худидоракунии донишҷӯён дар машғулиятҳои забони хориҷӣ”), роҳбари илмӣ н.и.п. Туронов Султонмурод Шарофович, мушовири илмӣ д.и.п., профессор Авғонов Самариддин.

3.5. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Қодиров Зайдулло Кубурёевич “Ҷанбаҳои педагогии ташаккули сифатҳои ахлоқӣ-иродавии варзишгарони наврас дар ҷараёни бозиҳои варзишӣ”, роҳбари илмӣ д.и.п. Гулмадов Файз.

3.6. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Сафарова Мумтоз Маҳмадшарифовна “Омилҳои рушдёбии шавқу рағбати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба касбу ҳунарҳои мардумӣ дар чорабиниҳои беруназсинфӣ”, роҳбари илмӣ д.и.п., профессор Маҷидова Бибиҳафиза.

3.7. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  докторант аз рӯи ихтисос (PhD) соли якум Муродова Ҳилола Абдурауфовна “Технологияи рушди салоҳияти муколамавию муносибати байнифардии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ”, роҳбари илмӣ н.и.п. Туронов Султонмурод Шарофович.

            Дар таърихи 01 марти соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои олимон №02 баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:

  1.  Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи дониши хонандагон аз фанҳои табиатшиносӣ  дар  ҳошияи  татбиқи солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (гузориши мудири шуъбаи фанҳои табиию риёзӣ ва технологияи иттилоотӣ С.Қурбонов).
  2.  Нақши асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосир дар рушди тафаккур ва сухандону сухангӯ намудани насли ҷавон дар ҳошияи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (гузориши ходими пешбари илмии шуъбаи фанҳои филологӣ С.Амонӣ).
  3. Ҳисоботи докторантон ва унвонҷӯён оид ба фаъолияти илмӣ- таҳқиқотӣ (гузориши аспиранти соли 4-уми таҳсил Норов Фирдавс ва унвонҷӯи соли 4-уми таҳсил Шаҳлои Шамсулло Саъдуллозод).
  4. Масъалаҳои ҷорӣ.

4.1. Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани маводи илмӣ-роҳнамои Зулфонов Баҳрон “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ- муаррифгари миллат” (100 саҳифа).

4.2. Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури методии Мирбобоева Б.М., Каримова И.Х. “Маслиҳатҳои методӣ оид ба ташкили корҳои таълимӣ дар мактабҳои камнуфус” (55 саҳифа).

4.3. Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури илмӣ-методии Зулфиқорбекова Ш., Зулфонов Б. ва Юсупова М. “Биология (маводи ёрирасон барои довталабони макотиби олӣ)” (136 саҳифа).

4.4. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Маҷидов Ҷамшед Сунатуллоевич “Ҷанбаҳои педагогии ташаккули салоҳиятҳои иттилоотию маърифатии хонандагони синфҳои 10-11 дар раванди таълими фанни таърихи халқи тоҷик” (“Педагогические аспекты формирования информационно-познавательных компетенций учащихся 10-11 классов в процессе преподавания истории таджикского народа”), роҳбари илмӣ н.и.п. Махкамов Дастам.

4.5. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Баротов Ҷаъмахон Шарофиддинович “Методология ва пайдарҳамии таълими ҷадвалҳои электронӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муносибати босалоҳият дар таълим”, роҳбари илмӣ н.и.п. Латипов Сафаралӣ Одинаевич.

4.6. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  докторант аз рӯи ихтисос (PhD) соли якум Салимов Завқибек “Ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии татбиқи технологияи инноватсионӣ дар дарси забони модарии синфҳои ибтидоӣ” (“Теоретические и практические аспекты применения инновационных технологий на уроках родного языка в начальных классах”), роҳбари илмӣ н.и.п. Котибова Шарифамоҳ Пирмаҳмадовна.

4.7. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Умедҷони Файзалӣ “Хусусиятҳои мазмуни таҳсилот ва салоҳиятҳои касбии омӯзгори математика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, роҳбари илмӣ н.и.п. Туронов Султонмурод Шарофович.

4.8. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  докторант аз рӯи ихтисос (PhD) соли якум Эмомов Анушервон Рустамович “Ҷанбаҳои педагогии ташаккули салоҳиятҳои умумии хонандагон дар раванди дарсҳои асосҳои иқтисодиёт” (“Педагогические аспекты формирования общих компетенций учащихся в процессе изучения основ экономики”), роҳбари илмӣ н.и.п. Махкамов Дастам.

              Дар таърихи 30 апрели соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои олимон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:

  1.  Махсусиятҳои таълим дар кӯдакистон, мактаби ибтидоӣ, марказҳои инкишофи кӯдакон, кӯдакистонҳои хусусӣ ва оилавӣ дар замони муосир (Гузориши мудири шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва ибтидоӣ Котибова Ш.).
  2.  Роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагони синф (мактаб)-ҳои камнуфус дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим (Гузориши мудири шуъбаи мактабҳои камнуфус ва тахсилоти аққалиятхои миллӣ Мирбобоева Б.).
  3.  Ҳисоботи аспирантон ва унвонҷӯён оид ба фаъолияти илмӣ — таҳқиқотӣ (гузориши Давлатов А. ва Норов Ф).
  4.  Масъалаҳои ҷорӣ.

     4.1. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии Ҳакимова М. Н. — унвонҷӯи соли якум, мавзӯи рисолаи илмӣ “Шароити педагогии арзишҳои миллӣ дар тарбияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” (Педагогические условия национальным ценностям в воспитании студентов среднего профессионального образования).

      4.2. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии Маҳкамова Машҳура Раҳимовна – докторанти соли якум, мавзӯи рисолаи илмӣ “Арзёбии ташаккулдиҳанда — воситаи баланд бардоштани сифати таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ”.

4.3. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии Файзуллоева Зебунисо Буходировна – унвонҷӯӣ соли якум таҳти унвони “Мазмун, усул ва методҳои таълиу тарбия дар мактабҳои Осиёи Миёна (асри XIV — ибтидои асри XX)”.

4.4. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии Сорбони Гулмурод — унвонҷӯи соли якум таҳти унвони “Хусусиятҳои варзишии солимгардонӣ — ҷузъи ёридиҳандаи тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ” (дар асоси маводи муассисаҳои таълимии варзишӣ).

Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда дархосту пешниҳодҳои маърӯзачиён ва ҳозирин ба инобат гирифта шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

             Дар таърихи 28 майи соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои олимон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Асосҳои илмӣ-методии таълими забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ғайритоҷикӣ (Гузориши ходими калони илмӣ Мирзоева Р.).
  2. Тарзҳои фаъолгардонии хонандагон дар дарс ва ташаккули салоҳияти шаҳрвандию ҷамъиятии онҳо зимни таълими фанҳои ҷомеашиносӣ (Гузориши мудири шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ, сиёсат ва стратегияи рушди маориф Назиров Н.).
  3. Нақши корҳои беруназсинфӣ дар тарбияи маънавии хонандагон (Гузориши мудири шуъбаи педагогика, психология ва методикаи таълим Абдурашитов Н.).
  4. Ҳисоботи докторантон ва унвонҷӯён оид ба фаъолияти илмӣ — таҳқиқотӣ (гузориши Нуралихонзода С. ва Шаҳлои Шамсулло).
  5. Масъалаҳои ҷорӣ.

5.1. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии Бобоёров Холмаҳмад — унвонҷӯи соли якум дар  мавзӯи “Шароитҳои педагогии  рушди намудҳои фаъолияти олии асаби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон” (Педагогические условия развития типов высшей нервной деятельности старшеклассников средних общеобразовательных учреждений Таджикистана).

5.2. Баррасӣ ва муҳокимаи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон №12/2-119 аз 19.05.2020 оид ба 35 номгӯй  китобҳои бадеӣ ва иттилоотӣ барои хониши иловагии хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем”-и ташкилоти Амрикоии USAID бо ҳамкории нависандагону рассомони тоҷик таҳия  шудааст.

             Дар таърихи 11 июни соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои олимон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Ҳисобот оид ба фаъолияти кормандони шуъбаҳо, лабораторияи технологияи муосири таҳсилот ва китобхонаи илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 (Гузориши муовини директор оид ба илм С.Туронов).
  2. Ҳисобот оид ба вазъи иҷрои лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 (Гузориши муовини директор оид ба илм С.Туронов).
  3. Рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои олимон дар нимсолаи аввали соли 2020 (Гузориши котиби илмӣ М.Абдуллозода).
  4. Натиҷаи аттестатсияи аспирантону унвонҷӯён (М.Султонмамадова).
  5. Ҳисоботи докторантон ва унвонҷӯён оид ба фаъолияти илмӣ — таҳқиқотӣ (Гузориши Ф.Аҳророва ва Р.Окимшоева).
  6. Ҳисобот оид ба масъалаҳои хоҷагидорӣ (Гузориши Бахтиёр Зулфонов).
  7. Ҳисобот оид ба масъалаҳои молиявӣ (Гузориши Далери Назар).
  8. Масъалаҳои ҷорӣ.

8.1. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  докторант аз рӯи ихтисос (PhD) соли якум Ҳикматулло Ҳакимов “Асосҳои педагогии ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа дар таълиму тарбияи хонандагон дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим”(Педагогические основы сотрудничества семьи, школы и общественности в условиях компетентностного подхода в обучении и воспитания учащихся).

             Дар таърихи 1 сентябри соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои олимон №7 баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Нақши корҳои беруназсинфӣ дар тарбияи маънавии хонандагон  (Гузориши мудири шуъбаи педагогика, психология ва методикаи таълим Н.Абдурашитов). 
  2. Махсусиятҳои психологии муносибати махфиёнаи мактаббачагони синнусоли наврасӣ ва ҷавонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (Гузориши Ю.Ҳасанов).
  3. 3. Ҳисоботи докторантон ва унвонҷӯён оид ба фаъолияти илмӣ — таҳқиқотӣ (Гузориши Юсуфӣ Фарзонаи Шуҳрат ва Шаҳло Ахмедова).
  4. 4. Масъалаҳои ҷорӣ.

4.1. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Сафаров Музаффар Қурбоналиевич “Ташаккул додани тайёрии касбии омӯзгорони ояндаи тарбияи ҷисмонӣ доир ба кор бо кӯдакони аз ҷиҳати ҷисмонӣ имконияташон маҳдуд”, роҳбари илмӣ Ҷумъа Булбулов.

             Дар таърихи 30 сентябри соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои олимон №8 баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Ҳисобот оид ба фаъолияти кормандони шуъбаҳо, лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ ва китобхонаи илмии  Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар нуҳ  моҳи   соли 2020 (Гузориши мудирони шуъбаҳо, лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ ва китобхонаи илмӣ). 
  2. Роҳҳои беҳгардонидани сифати таълим ва баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (Гузориши мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ш.Холиқова).
  3. Дар бораи татбиқи Стратегия, Барнома ва Консепсияҳои давлатӣ (Гузориши муовини директор оид ба илм С.Туронов).
  4. Ҳисоботи докторантон ва унвонҷӯён оид ба фаъолияти илмӣ — таҳқиқотӣ (Гузориши Юсуфӣ Фарзонаи Шуҳрат ва Икромова Дилрабо).
  5. Масъалаҳои ҷорӣ.

5.1.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани монографияи Каримзода М.Б. “Независимость и образование, устремлённое в будущее” (Истиқлолият ва таҳсилоти ояндасоз).

5.2. Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури методии Н.М.Мирхонова “Нақши технологияи навин дар муассисаҳои томактабӣ”.

5.3. Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури методии Б.Боронов “Одобу ахлоқи шоистаи инсон”.

5.4. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Гулмадова Сарвиноз Файзовна “Шароитҳои педагогии ташаккули сифатҳои сарварӣ дар коллективи хонандагони синни калони мактабӣ”, роҳбари илмӣ Авғонов Самаридин Саидович.

5.5. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Палавонов Амоншо Муминович “Баландбардории самаранокии таълими фанни таърихи халқи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифодаи технологияҳои муосири инноватсионӣ”(Повышение эффективности преподавания предмета истории таджикского народа в средних общеобразовательных учреждениях на основе современных инновационных технологий), роҳбари илмӣ Иматова Лутфия Маҳмадуллоевна.

            Дар таърихи 29 октябри соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои олимон №9 баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Ҳавасмандгардонии худомӯзии хонандагон зимни омӯзиши забони русӣ дар шароити татбиқи низоми муносибати босалоҳият ба таълим (Гузориши мудири шуъбаи мактаби (синфи) камнуфус ва таҳсилоти ақалиятҳои миллӣ Г.Ҷонмаҳмадова).
  2. Натиҷаи аттестатсияи аспирантону унвонҷӯён (Гузориши мудири шуъбаи докторантура (PhD) ва омодасозии кадрҳои илмӣ М.Султонмамадова).
  3. Ҳисоботи докторантон ва унвонҷӯён оид ба фаъолияти илмӣ — таҳқиқотӣ (Гузориши Убайдов Азмиддин).
  4. 4. Масъалаҳои ҷорӣ.

4.1.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури таълимӣ-методии Мирбобоева Б.М.  “Ҳамкории хонавода ва мактаб дар шароити фазои иттилоотии муосир”.

4.2.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури методии И.Давлатшоев, Ф.Аҳмадова  “Асосҳои педагогии ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа дар рушди  фаъолияти созмонҳои талабагӣ”.

4.3.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури таълимию методии Шаҳлои Абдуализодаи Тоҳириён  “Асосҳои назариявию амалии роҳҳои рушди тафаккури хонандагон зимни таълими фанҳои филологӣ”.

4.4.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури  методии Д.Махкамов, С.Усмонов, Ф.М.Ҳайтов “Педагогикаи муносибати босалоҳият дар таълим”.

4.5. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Самиев Сироҷиддин Файзуллоевич “Технологияи ташаккули тарзи ҳаёти солими донишҷӯёни МТОК дар раванди машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ”, роҳбари илмӣ Лутфуллоева Парвина Маҳмадуллоевна.

4.6. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Азаматов Абдухолиқ Қаҳорович  “Ташаккули салоҳияти фаннӣ барои омӯзиши касбии фарматсевтони оянда (маводҳои фанни “Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ дар факултети фарматсевтӣ)” (Формирование предметных компетенций для профессионального обучения будущих фармацевтов (на материалах курса “Общей и неорганической химии на фармацевтическом факультете)), роҳбари илмӣ Бобизода Ғуломқодир Мукаммол.

4.7. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Умедҷони Хайрулло “Асосҳои методӣ ва пайдарҳамии таълими барномасозии PascalABC.net дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, роҳбари илмӣ Назаров Аҳтам Пулотович.

             Дар таърихи 30 ноябри соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои олимон №10 баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Рушди салоҳиятҳои калидии хонандагон дар раванди омӯзиши фанҳои табиӣ (Гузориши мудири лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ М.Сафаров).
  2. Ҳисоботи докторантон ва унвонҷӯён оид ба фаъолияти илмӣ — таҳқиқотӣ (Гузориши унвонҷӯи соли дуюм Нумонзода Мунзима).
  3. 3. Масъалаҳои ҷорӣ.

3.1.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури таълимӣ-методии Мирбобоева Б.М.  “Ҳамкории хонавода ва мактаб дар шароити фазои иттилоотии муосир”.

3.2.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури методии Б.Боронов  “Салоҳияти худмуайянкунии шахсии хонандагони синфҳои 5-10 дар робита бо фанни технологияи меҳнат (духтарон ва писарон)”.

3.3.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури таълимии Ғ.Шоев  “Таърихи халқи тоҷик дар саволу ҷавоб барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”.

3.4.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури  илмӣ-методии Ғ.Шоев “Истифодаи воситаҳои аёнӣ зимни таълими фанни таърих бо назардошти муносибати босалоҳият”.

3.5.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури  таълимӣ-методии Ҷонмаҳмадова Г.Ш. “Виды лингвистическокого анализа по русскому языку в школах с русским языком обучения” (Намудҳои таҳлили лингвистӣ бо забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ).

3.6.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури  таълимӣ-методии Ҷонмаҳмадова Г.Ш., Панчихина И.А. “Летняя школа ( 2 класс)” (Мактаби тобистона (синфи 2)).

3.7.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури  таълимӣ-методии Ҷонмаҳмадова Г.Ш., Беназирова Л.А. “Летняя тетрадь (3 класс)” (Дафтари тобистона (синфи 3)).

3.8. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Самиев Сироҷиддин Файзуллоевич “Технологияи ташаккули тарзи ҳаёти солими донишҷӯёни МТОК дар раванди машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ”, роҳбари илмӣ н.и.п. Лутфуллоева Парвина Маҳмадуллоевна.

3.9. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) соли якум Яҳёев Шоҳзамон Шералиевич “Рушди тарбияи худшиносии миллӣ зимни омӯзиши ашъори Лоиқ Шералӣ дар машғулиятҳои синфӣ ва беруназсинфӣ”, роҳбари илмӣ н.т.ф. Шаҳлои Абдуализодаи Тоҳириён.

3.10. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) соли якум Алиев Рауф Муминҷонович “Методи гузориши овозҳои забони тоҷикӣ дар дарсҳои инфиродии кӯдакони мушкилоти шунавоидошта дар мактабҳои махсус”, роҳбари илмӣ н.и.п., дотсент Рамазонова Раҷабгул Сулаймоновна.

3.11. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Талбакова Навбаҳор Қурбоновна “Асосҳои педагогии тарбияи маънавӣ-ахлоқии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҷараёни дарсҳои забони англисӣ”, роҳбари илмӣ д.и.ф. Қурбонов Абдураҳмон Шерович.

3.12. Оид ба иваз намудани мавзӯъ ва роҳбари илмии унвонҷӯи соли                                  сеюми ПРМ ба номи А. Ҷомии АТТ Бобокалонов Сӯҳроб “Асосҳои педагогии таъсири бозиҳои компютерии характери шиддатнокдошта дар паст гардидани давомоти донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” (Педагогические основы влияния компьютерных игр агрессивного характера на снижение посещаемости студентов среднего профессионального образования”, роҳбари илмӣ Махкамов Дастам.

3.13. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Шарифова Санавбар “Нақши арзишҳои миллӣ дар тарбияи хештаншиносии хонандагон зимни таълими фанни таъриҳ”, роҳбари илмӣ Шоев Ғ.А.

             Дар таърихи 31 декабри соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои олимон №11 баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Ҳисоботи роҳбарони лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба  корҳои  иҷрошуда    дар соли 2020 (Гузориши директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии АТТ Иматова Л.М., роҳбарони лоиҳаҳои илмӣ).
  2. Ҳисобот оид ба фаъолияти кормандони шуъбаҳо, лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ ва китобхонаи илмии  Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон   дар  соли  2020  ва вазифаҳо барои соли 2021 (Гузориши директори муассиса Иматова Л.М., мудирони шуъбаҳо).
  3. 3. Рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои олимон (Гузориши котиби илмӣ М.Абдуллозода).
  4. Ҳисобот оид ба масъалаҳои хоҷагидорӣ (Гузориши мудири хоҷагӣ Б.Зулфонов).
  5. Ҳисобот оид ба масъалаҳои молиявӣ (Гузориши сармуҳосиб Далери Назар).
  6. Ҳисобот оид ба фаъолияти кормандони шуъбаи кадрҳо (Гузориши мудири шуъбаи кадрҳо Х.Ҳакимова).
  7. Баррасӣ ва тасдиқи нақшаҳои кории Шӯрои олимон   ва сохторҳои  Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии АТТ  барои соли 2021 (Гузориши директори ПРМ Л.Иматова).
  8. Масъалаҳои ҷорӣ.

8.1.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури таълимӣ-методии Қурбонов С.Р., Саидов И.М. “Асосҳои амсиласозии риёзӣ”(150 саҳ.).

8.2.  Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури таълимӣ-методии Акрамова Моҳрухсор Ҳамидҷоновна  “Санъати тасвирӣ дар кӯдакистон”(150 саҳ.).

8.3. Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури илмӣ-методии Амонов Салохуддин  “Раҳёфти босалоҳият ва сифати таълим”(139 саҳ.).

8.4. Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури мураттибон Д.Имомназаров, Б.Бӯриев, Б.Ҳакимова “Луғати мухтасари тафсирии тоҷикӣ-ӯзбекӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони ӯзбекӣ”(349 саҳ.).

8.5. Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани дастури таълимии Убайдов Азмиддин Айнуддинович “Маҷмӯи масъалаҳо аз физика”(102 саҳ).

8.6. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) соли якум Рустамова Зарина Тоҳирҷоновна “Хусусиятҳои шаклгирии ҳисси дилбастагӣ дар кӯдакони синни барвақти бачагӣ (муқоисаи кӯдакони дар оила ва хонаҳои кӯдакон тарбиягиранда)”, роҳбари илмӣ д.и.п., профессор Бибиҳафиза Маҷидова.

8.7. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) соли якум Турсинқулова Барчиной Ҳасановна “Омилҳои психологии интернет – вобастагии донишҷӯён”, роҳбари илмӣ д.и.п., профессор Файзализода Ҷумахон Хол.

8.8. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) соли якум Аминов Абдулмаҷид Исоқович “Омилҳои маромноккунандаи рафтори конформии хонандагони синфҳои болоӣ”, роҳбари илмӣ н.и.п., дотсент Дадобоева Мадина Солибоевна.

8.9. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Копылова Елена Ивановна “Матни бадеӣ ҳамчун воситаи ташаккули фарҳанги нутқи хонандагони синфҳои 5-9 дар асоси унсурҳои санъати шифоҳии халқӣ” (Художественный текст как средство формирования культуры речи учащихся 5-9 классов на основе элементов устного народного творчества), роҳбари илмӣ д.и.п., профессор Неъматов Саъдулло Эргашевич.

8.10. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  унвонҷӯи соли якум Пачаева Муҳаё Пулатовна “Шароитҳои педагогии инкишофи эҷодиёти кӯдакони синни томактабӣ дар раванди фаъолияти тасвирӣ” (Педагогические условия развития творчества детей дошкольного возраста в процессе изобразительной деятельности), роҳбари илмӣ н.и.п. Қурбонова Гулрухон Абдуалимовна.

8.11. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  докторант аз руи ихтисос (PhD) соли якум Улфатов Мунисшоҳ Муродович “Асосҳои педагогии ташаккули салоҳияти хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар корҳои беруназсинфӣ”, роҳбари илмӣ д.и.п., профессор Иматова Лутфия Маҳмадуллоевна.

8.12. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  докторант аз руи ихтисос (PhD) соли якум Рауфзода Комронҷон Қадриддин “Асосҳои педагогии роҳҳои  ташаккули масъулиятшиносии волидон дар тарбияи фарзандон”, роҳбари илмӣ д.и.п., профессор Раҳимзода Хуррам.

8.13. Муҳокима ва баррасии мавзӯи рисолаи илмӣ ва мақоми роҳбари илмии  ходими илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии АТТ Ҳасанов Юнусхоҷа Юсупхуҷаевич “Шарҳи педагогии консепсияи фарҳангии иттилооти шахс” (Педагогическая интерпретация концепции информационной культуры личности), роҳбари илмӣ д.и.п., профессор Раҳимзода Хуррам.

8.14. Баррасӣ ва ба чоп тавсия намудани  комплекси таълимӣ-методии Маҷидова Б., Раҳматуллоев Ш. «Рушди барвақтии кӯдак» (203 саҳ.).