Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.
Шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломӣ соли 2012 ифтитоҳ гардидааст. Вазифаи мудири шуъбаро аз соли 2012-2017 доктори илмҳои таърих Мулоҷонов С.С. ва аз соли 2017 то ин ҷониб номзади илмҳои педагогӣ Қаюмова Ҳ.Т. ба уҳда дорад. Фаъолияти 5 солаи шуъбаи мазкурро олимони барҷаста Каримова И.Х., Қодиров Қ.Б., Зиёӣ Х.М., Мулоҷонов С.С., Қаюмова Ҳ.Т., Абдулазизов В., Бобомуродов Ш. И., Султонмаҳмадова Ш., Аҳмадбекова А., Бобоёров Х.Х., Абдураҳмонов Г.Н. хело хуб ба роҳ мондаанд. Мақсаду вазифаҳои шуъба аз татбиқи усулҳои инноватсионии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ зимни демократикунонии таҳсилот иборат аст, ки маҳаки асосии онро ифода мекунад:
– такмили мазмуни корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
–муайян намудани типологияи муосири корҳои тарбиявӣ дар асоси талаботи Консепсияи миллии тарбия;
– таҳияи асосҳои консептуалии талабот ба санҷиши сатҳи камолоти маънавии донишҷўён дар шароити демократикунонии таҳсилот;
– таҳқиқот доир ба фарогирии хонандагон (духтарон) баъди хатми синфи 9 ба муассисаҳои ибтидоии касбӣ;
–таҳқиқи ҷинояткориҳои ҷавонон, пешгирии амалҳои номатлуб ва ташаккули сифатҳои ахлоқии онҳо;
– пешбинӣ кардани усулҳои инноватсионии таълим ва тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
– таҳия ва пешниҳоди дастуру тавсияҳо ва тағйироту иловаҳо доир ба амалисозии Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— пешниҳодҳо доир ба ворид намудани тагйироти дахлдор ба қонунгузориҳои амалкунанда ва асноди меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати гузариш ба низоми нави таҳсилот, демократикунонии соҳа;
— такмили асосҳои таълимию методӣ, моддию техникӣ, таълимию истеҳсолӣ ва рушди таҳсилоти олии касбӣ дар шароити кунунӣ;
–таҳияи дастур оид ба ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти олии касбӣ;
– таҳия намудани барномаҳои таълимӣ, маводи методӣ ва аёнӣ бо забони модарӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
–пажўҳиши мундариҷаи таҳсилот ва ташкили раванди таълим бо назардошти баландбардории самаранокии иқтисодӣ, таъмини тагйирпазирӣ ва ба имкон наздикшавӣ ба талаботи сифати бозори меҳнат ва имкониятҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ;
–омўзиши вазъи ҷории фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати таъминот бо дастурҳои методӣ ва воситаҳои аёнию дидактикӣ;
–таҳияи мақолаҳо оид ба нақши низоми кредитии таълим дар сатҳу сифати таҳсилоти олии касбӣ;
– таҳия ва пешниҳоди дастурҳои методӣ дар асоси таҳқиқоти гузаронидашуда оид ба раванди роҳандозии низоми кредитӣ;
– коркард ва такмили китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимии муассисаҳои олии касбӣ.
Самти фаъолияти шуъба бо мақсади ҳалли чунин масъалаҳо равона шудааст:
— Роҳу усулҳои инноватсионии баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
— Усулҳои инноватсионӣ ва таълими модулии фанҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
— Барасии нақшаю барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
— Санҷидани самаранокии нақшаю барномаҳои таълимӣ;
— Тибқи тартиби муқарраршуда таҳия ва нашри барномаҳои фанҳои таълимии тадрисшаванда;
— Таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, маводи методӣ, аёният ва хулосаҳои илмию методӣ;
— Омўзиш, баррасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадам;
— Таҳия ва баррасии чорабиниҳо оид ба истифодаи маводи муосири таълимӣ дар дарсҳои назариявӣ ва амалӣ;
— Омўзиши масъалаҳои танзими фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти оли касбӣ бо назардошти бозори меҳнат;
— Омўзиши масъалаҳои раванди татбиқи низоми кредитии таҳсилот;
— Муҳокимаи рисолаҳои илмӣ.
Шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Пажўҳишгоҳи Рушди маориф ба номи А. Ҷомии АТТ ва Низомномаи мазкур фаъолият мекунад.
Мудири шуъба
Кормандони шуъба:
- Қаюмова Ҳурилиқо Тағайевна — ходими калони илмӣ.
- Каримова Ирина Холовна — ходими пешбари илмии шуъба Академики АТТ, профессор, д.и.п)
- Зиёӣ Х.М. доктори илми фалсафа, профессор
- Бобоёров Х.Х. – ходими калони илмӣ.
Дастовардҳои шуъба дар фаъолияти илмӣ-методӣ
- Монография – 7
- Китоби дарсӣ- 3
- Дастури таълимӣ-11
- Мақолаҳои илмии дар нашрияҳои тақризшавандаи КОА- 75
- Мақолаҳои илмии дар нашрияҳои дигар 6
- Мақолаҳои илмӣ омавӣ 11
- Роҳбарӣ ба кори аспирантон ва унвонҷуён- 15