Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.
Бо қарори коллегияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июни соли 1992, таҳти № 6/3 дар назди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ шуъбаи ғоибонаи аспирантура ба фаъолият оғоз намуд. Баъд аз як соли фаъолият бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуд, ки барои таҳсили рӯзона аспирантон қабул карда шаванд.
Дар асоси Қарори Мушовараи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2005 таҳти № 27/3 шуъбаи аспирантура аз сохтори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ба сохтори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон гузаронида шуд.
Баъди муқаррар гардидани 3 ҷой барои докторантон соли 2009 шӯъбаи зикршуда ба «Шуъбаи аспирантура ва докторантура» номгузорӣ гашт. Шуъбаи аспирантура ва докторантура аз 7 декабри соли 2009 аз сохтори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба сохтори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф гузаронида шуд. Шуъбаи аспирантура ва докторантураи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф бар иловаи аспирантон унвонҷӯёнро низ дар бар мегирад.
Аспирантон ва унвонҷӯён аз рӯи ихтисосҳои зерин машғули таҳқиқоти илмӣ мебошанд:
- Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (рамзи соҳаи илм; 13.00.01)
- Назария ва методикаи таълиму тарбия (аз рӯи фанҳои алоҳида) (рамзи соҳаи илм 13.00.02)
- Педагогикаи коррексионӣ (сурдопедагогика) (рамзи соҳаи илм; 13.00.03)
- Назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ (рамзи соҳаи илм; 13.00.07).
Дар шуъбаи мазкур ҳамзамон фаъолияти докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) тибқи Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, таҳти №127 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шудааст, ки аз рӯйи ихтисосҳои зерин амал менамояд:
- 6D010301 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва маориф
- 6D012000 – Таҳсили касбӣ (аз рӯйи самтҳо)
- 6D012400 – Арзёбии педагогӣ
- 6D010300 – Педагогика ва психология
Олимон ва мутахассисони варзидаи соҳаи илми педагогика академикон: М.Лутфуллозода, Ф.Шарифзода, И.Каримова, профессорон: Х.Раҳимзода, С. Шербоев, Л.Иматова, Гулмадов Ф., Туронов С.Ш., Давлатшоев И., Котибова Ш., Лутфуллоева П. мунтазам бо унвонҷӯён ва докторантон аз рӯйи ихтисос сӯҳбатҳо гузаронида, бо маслиҳату тавсияҳои судбахш онҳоро ба таҳқиқи мавзӯи илмӣ раҳнамоӣ мекунанд.
Шуъбаи аспирантура ва докторантураи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ барои омода сохтани аспирантон ва унвонҷӯён ба имтиҳонҳои номзадӣ дар мувофиқа бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон курсҳои махсус ташкил кард, ки ҳафтае ду маротиба дар Академияи илмҳо аз фанҳои таърих ва фалсафаи илм, забонҳои хориҷӣ дарс баргузор мегардад.
Аз рӯи талаботи Низомнома мавзӯъҳои рисолаҳои номзадӣ ва роҳбарону мушовирони аспирантону докторантон, унвонҷӯён дар Шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳ таъйин ва тасдиқ карда мешаванд. Фаъолияти илмии аспирантон аз рӯи нақшаи инфиродӣ сурат мегирад ва ба ҳар кадоми онҳо роҳбари илмӣ вобаста мегардад.
Кормандони шуъба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома» ва «Низомномаи» Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ-ро риоя намуда, дар татбиқу иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ,”Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) «Низомномаи намунавии тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои мушовараи ВМ ва ИҶТ ва фармоишҳои дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузору масъуланд. Асоси фаъолияти кормандони шуъбаро татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, ва илмию педагогӣ ташкил медиҳад.
Мақсад ва вазифаҳои кормандони илмии шуъба:
— назорати ҷараёни таҳсили аспирантон ва докторантон доктор аз рӯйи ихтисос доктор PhD;
— ҷалби хоҳишмандон ба докторантура доктор аз рӯйи ихтисос, доктор PhD;
— таҳияи ҷадвали дарсҳо ва рейтингҳову имтиҳонот;
— тарғиби метод, восита ва асоҳои таҳқиқоти илмӣ;
— назорати раванди иҷрои корҳои илмӣ ва илмию педагогӣ:
— бароҳмонии фаъолияти 3- 4 солаи самаранок дар омоданамоии рисолаи номзадӣ;
— тавсияҳо роҷеъ ба омода сохтани рисолаи номзадӣ ва шарафёб гардидан ба дараҷаи илмии номзаду доктори илм;
— ҷорӣ намудани навовариҳои касбӣ дар таҳқиқоти илмӣ, баррасии масъалаҳои ғайристандартӣ;
— пешниҳоди тавсияҳо оид ба таъмини барномаҳои таълимӣ оид ба дараҷаи касбии тахассусӣ;
— ширкат варзидан дар таҳияи барномаҳои илмию техникӣ, озмуну лоиҳаҳо;
— расонидани ёрӣ ҷиҳати интихоби мавзӯъҳои рисолаҳои илмӣ, муайян кардани роҳбарони илмии аспирантону унвонҷӯён ва пешниҳоди он ба Шӯрои олимон;.
— назорати фаъолияти илмии аспирантон, унвонҷӯён ва докторантон оид ба сифати иҷрои нақшаи инфиродӣ .
— баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизи мудаввар) роҷеъ ба омода намудани кадрҳои илмӣ, илмию педагогӣ ва таҳқиқоти илмӣ;
— таҳияи дастуру мақолаҳо роҷеъ ба нақшаи инфиродӣ дар ҳаҷми 4 — 4,5 ҷ.ҷ.;
— ширкат ва саҳм гузоштан дар ҷашнвораҳои давлатию миллӣ.
Зимни фаъолияти пурсамари шуъба дар солҳои 2018-2020 25 нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои илмӣ дифоъ карданд.
Аз ҷумла: Соли 2018
-Ниятбекова Абреза зери назари роҳбари илмӣ, д.и.п., профессор Негматов С.Э.
-Қурбонов Ғуломносир — роҳбари илмӣ: академик Шарифзода Ф.
-Қаландарбекова Бунавша — роҳбари илмӣ: академик Каримова И.Х.
-Ғаниева Бунавша — роҳбари илмӣ: академик Каримова И.Х.
Соли 2019
-Пиров Сироҷиддин — роҳбари илмӣ: академик Лутфуллозода М.
-Сафаров Бахтиёр – роҳбари илмӣ: д.и.п. Қодиров Б.Р.
-Қурбонов Маҳмадсалим- роҳбари илмӣ: академик Фарҳод Раҳимӣ
-Оёаҳмадов Шерафкан — роҳбари илмӣ: академик Лутфуллозода М.
-Бобоева Зебоҷон-роҳбари илмӣ: профессор Шаропоф Ш.
-Худойдодова Фируза- роҳбари илмӣ: академик Каримова И.Х.
-Иброҳими Халилӣ — роҳбари илмӣ: профессор С.Шодӣ
-Ҷонмаҳмадова Гулрафтор — роҳбари илмӣ: профессор Гусейнова Т.В.
-Асадуллоев Раҳматулло – роҳбари илмӣ: академик Қодиров Қ.Б. мушовири илмӣ д.и.п., Гулмадов Ф.
-Ёфтаков Ҳусейн — роҳбари илмӣ: профессор С.Шодӣ
-Алиқулова Сабриниссо- роҳбари илмӣ: н.и.п., Туронов С.
-Наврузова Гулшан — роҳбари илмӣ: д.и.п., Гулмадов Ф.
-Ҳакимова Ҷамила- роҳбари илмӣ: академик Каримова И.Х.
Соли 2020
-Ахмедова Бунавша — роҳбари илмӣ: академик Каримова И.Х.
-Ахмадбекова Мадина- роҳбари илмӣ: академик Каримова И.Х.
-Раҷабова Фирӯза- академик Лутфуллозода М.
-Табаров Нурулло — роҳбари илмӣ: академик Қодиров Қ.Б. мушовири илмӣ д.и.п., Махкамов Д.
-Тайғуншоева Фарангез- роҳбари илмӣ: академик Лутфуллозода М.
-Акрамова Моҳрухсор- роҳбари илмӣ: профессор Иматова Л.
-Содиқова Матлюба- роҳбари илмӣ: профессор Иматова Л.М.
-Асҳобиддини Шералӣ- роҳбари илмӣ: профессор Обидова М.