ШУЪБАИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯ

Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.

         Шуъба яке аз сохтори Пажӯҳишгоҳ Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - ШУЪБАИ-ПЕДАГОГИКА-ПСИХОЛОГИЯ-ВА-МЕТОДИКАИ-ТАЪЛИМ.jpgбуда, доир ба масъалаҳои педагогию психологии таҳсилот ва методикаи таълим дар муассисаҳои таҳсилотии ҷумҳурӣ таҳқиқот мебарад.

Таърихи пайдоиши шуъбаи педагогика, психология ва методикаи таълим аз 21 августи соли 1930 оғоз мегардад, ки бо қарори Совнаркоми РСС Тоҷикистон “Дар бораи таъсис додани Институти давлатии таҳқиқоти илмии педагогӣ” алоқаманд аст.

Моҳи июли соли 1934 бо тасдиқи Шӯрои Комиссириати маорифи халқи Тоҷикистон Низомнома дар бораи Институти таҳқиқотии илмии педагогика ба амал ҷорӣ карда шуд. Он солҳо дар назди кафедраи педагогикаи институт корҳои илмӣ-таҳқикотии олимону омӯзгорон, ноширону рӯзномонигорҳо муттаҳид карда шуда, масъалаҳои мубрами ташкили маорифи халқ дар Тоҷикистон ба таври васеъ муҳокима карда мешуд. Ба инкишофи корҳои илмию таҳқиқотии педагогика ва психологияи тоҷик як катор маҷмӯаҳои махсуси илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳои дар давраҳои гуногун интишоргардидаи «Роҳбари дониш», «Дониш ва омӯзгор», «Мактаби советӣ», «Газетаи муаллимон», «Минбари маориф ва маданият», «Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ» ва ғайраҳо мусоидат мекарданд.

Бо қарори Кумитаи Марказии ВКП (б) аз 4 июни соли 1936 дар ҳайати панҷ зерсохторҳои асосӣ шуъбаҳои педагогика, психология, шуъбаи барномасозию методӣ, шуъбаи политехникӣ ва кабинети педологӣ (бартараф намудани нуқсонхои педагогӣ) таъсис дода шуданд.

Дар охири солҳои 60-уми асри ХХ дар назди шуъбаи педагогика сектори тарбияи коммунистии мактабиён кушода шуд ва роҳбарии онро номзади илмҳои педагогӣ М.И. Криштуль ба уҳда дошт. Шуъбаи педагогикаро номзади илмҳои педагогӣ Б.И. Исмоилов роҳбарӣ мекард. Дар шуъба ва сектори он 10 нафар ходимони илм кор ва фаъолият доштанд, ки ба натиҷаҳои назарраси илмӣ муваффақшудаанд.

Миёнаи солҳои 80-ум шуъбаи педагогика ба унвони шуъбаи таърих ва назарияи педагогика табдил дода шуда, проблемаҳои рӯзмарраи педагогикаи муосир аз давраи қадим то кунунро ба таври васеъ дарбар мегирифт.

Аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта сар карда, шуъбаи таърих ва назарияи педагогика то солҳои 2000 кадрҳои илмиро дар раванди ислоҳоти соҳаи маориф ба камол расонида, дар рушди мактабу маъорифи кишвар саҳми худро гузошт.

Минбаъд аз соли 2000 сар карда, шуъбаи таълими назарияи педагогика ба мушкилоти давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ нигоҳ накарда, зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ Х. Раҳимзода кадрҳои болаёқати илмиро дар шуъбаи таърих ва назарияи педагогика муттаҳид намуда, дар ҳайати 4 сектор – синфҳои ибтидоӣ, мактаби олӣ, мактабҳои намуди нав ва сектори рушди мактабҳои муосир таҳким бахшиданд.

Оғози асри ХХ1 бо Паӯҳишгоҳ ба праблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии даврони гардиши қатъии бозоргониӣ рӯ ба рӯ гардида, барои ҳайати кории шуъбаи навташкили масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва робита бо оила ва ҷомеа падидаҳои нав ба нави илмию амалии тадқиқотиро вобаста ба талаботи соҳаи маориф ба пеш гузошт.

Дар ин муддат даҳҳо нафар унвонҷӯёну аспирантони шуъба чӣ аз дохили Пажӯҳишгоҳ ва чӣ берун аз он рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Аз соли 2005 сар карда, вобаста ба тағйироти куллии низоми нави Пажӯҳишгоҳ фаъолияти таҳқиқотии ходимони илмии шуъба дар самтҳои ташкили фаъолияти созмонҳои талабагӣ ба номи Исмоили Сомонӣ, тарбияи маънавии мактабиён, ташаккули шахсияти хонандагон дар рӯҳияи демократикунонии ҷамъият, тарбияи худшиносии миллӣ ва камолоти маънавии онҳо дар рӯҳияи анъанаҳои мардумии халқи тоҷик, ҳамкории мактабу оила ва аҳли ҷомеа дар тарбияи ватандӯстӣ ва башардӯстии хонандагон равона карда шудаанд.

Солҳои 2008-2010 ба қалами ходимони илмии шуъба Х. Раҳимзода, Л.А. Орлова, И. Давлатшоев, С. Сулаймонӣ ва Д. Имомназаров дастуру китобҳои дарсию методии «Бунёди оилаи солим», «Тарбия кори эҷодист», «Оиладорӣ ҳам одоб аст», «Тамоилҳои идораи мактаб ва сохтори роҳбарии педагогӣ ба ҷараёни таълиму тарбия», «Имрӯз ва фардои мактаб», «Тарбияи маънавии мактабиён», «Антологияи педагогии халқи тоҷик», «Нақши созмонҳои талабагии ба номи Исмоил Сомонӣ дар ташаккули шахсияти хонандагон», «Ассотсиатсияи волидайн ҳамчун шакли нави идораи мактаб» ва дигар нишондоду мақолаҳои илмию методии нашрнамуда тааллуқ доранд.

Моҳи июни соли 2011 бо мақсади рушди илми пелагогика ва психологияи муосир шуъбаи масъалаҳои тарбияи наврасону чавонон ва робита бо оила ва ҷомеа ва маркази таҳқиқи масъалаҳои равоншиносӣ ва педагогикаи таҳсилот ба як шуъба муттахид гардонида шуда, то соли 2014 бо номи шуъбаи педагогика ва психология амал намуд. Дар нимаи дуюми соли 2014 шуъбаи мазкур бо унвони шуъбаи педагогика, психология ва таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) номимда шуд, ки он бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 09. 07. 2015 с. № 2005), дар натиҷаи ҳамроҳ шудани собиқ шуъбаи педагогика ва психология ва бахши таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ)-и ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ ташкил гардидааст.

Дар шуъбаи педагогика ва секторҳои он муҳаққиқони соҳаи педагогика ва психология, инчунин мутахассисони касбии зерини педагогӣ солҳои дароз фаъолият намудаанд: Исмоилов Б.И., Криштул М.И., Гергил М.С., Мирзоев Г.М., Повщедная Ф.В., Ҳошимов М.А., Норматов Н., Буйдоқов Х.Б. Юнусова Я.А., Девонаев Ш., Юлдошев А., Раҳматҷонов Н., Маҳмадов М., Одинаев А., Қосимов М.Қ., Яҳёев М., Трафимова Л.Н., Исмоилов В., Маҳкамов Д., Шуштирмон А.А.

Дар давраи Истиқлолияти кишвари азизамон дар шуъба чунин муҳаққиқои фаъолият намудаанд: докторҳои илм – Лутфуллозода М., Каримова И.Х., Қодиров Қ.Б., Гулмадов Файз; номзадҳои илм – Орлова Л.А., Губанова Л.А., Камолзода С., Амонов Н., Лутфуллоева П., Ошимова М., Бобоев Ш., Сатторова Ҳ .; ходимони илмӣ – Акрамова М., Абдураҳмонов Г., Имомназаров Д., Бобоёров Х., Ёрмуҳаммадов А., Салимов Р., Раззоқов Х., Каримов Қ., Исоева Д., Ҳамидов У., Иргашова М., Султонов М., Назармамадова Б., Асадуллоев Р., Бобомуродов Ш., Зиёев Қ., Байзоев А., Умарова Б.

Муҳаққикон ва мутахассисони номбаршудаи замони ИҶШС ва Истиқлолияти кишвари азизамон зимни таҳқиқи проблемаҳои гуногуни таълиму тарбия, хусусан тарбияи ҷамъиятию сиёсӣ, меҳнатӣ, ахлоқӣ, зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, башардӯстӣ, тарбияи экологӣ ва ғайраҳо кору фаъолияти назаррас намудаанд.

Ҳоло дар шуъба тибқи оинномаи Пажӯҳишгоҳ 4 воҳиди корӣ мавҷуд буда, шахсони зерин фоъолият менамоянд: Раҳимзода Хуррам – мудири шуъба (солҳои 1962-1965, 1980-2017), ходими пешбари илмӣ (аз моҳи октябри соли 2020 то имрӯз); Давлатшоев Изатулло – ходими калони илмӣ, мудири шуъба (1971-2018), ходими калони илмӣ (аз январи соли 2020 то имрӯз); Абдурашитов Наимҷон Фозилович – ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ (солҳои 2012-2014), мудири шуъба (аз якуми сентябри соли 2014 то имрӯз). Ҳасанов Юнусхуҷа Юсупхоҷаевич – ходими илмӣ (аз соли 2018 то имрӯз). Ҳайати кормандони шуъба дар расми зерин оварда шудааст: 

Аз оғози соли 2020 бо назардошти талаботи низоми идоракунии Пажӯҳишгоҳ шуъба боз тағийри ном кард, яаъне шуъбаи педагогика, психология ва методикаи таълими Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба Номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ унвон гирифт. Ҳоло аз оғози соли 2021 шуъбаи мазкур бо номи педагогика ва психология фаолият дорад.

Асоси фаъолияти кормандони шуъбаро татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, риояву иҷро ва таъмини қонунҳои амалкунанда,  нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», консепсияҳои соҳавӣ, стратегия ва барномаҳои давлатӣ, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳ, фармоишҳои директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ташкил медиҳанд.

Илова ба фаъолияти низомномавӣ кормандони шуъба дар татбиқи лоиҳаҳои илмии фармоишии зерин ҷалб шудаанд: «Ташкили низоми таҳсилоти кӯдакон ва хонандагони талаботи махсусдошта дар шароити муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (РҚД 0116TJ00790 (роҳбари лоиҳа: доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики АТТ, ноиби Президенти АТТ Каримова И. Х.); «Асосҳои педагогию психологии ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар рафти таълими салоҳиятнок» (РҚД 0116TJ00795 (роҳбари лоиҳа: н.и. педагогика, муовини директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ Туронов С.).

Самтҳои фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва мақсаду вазифаҳои кормандони шуъба:

— иҷро ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Паёмҳои ҳарсолаашон ба МОҶТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.08.2011, № 762), «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.08.2012, № 382), Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, қарорҳои мушовараи ВМ ва ИҶТ ва фармоишҳои дахлдори Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таҳқиқи заминаҳои психологӣ ва педагогии ташаккули шахсияти кӯдакон дар шароити ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар;

— таҳқиқи асосҳои психологию педагогии ҳамкории мактаб, оила (хонавода) ва ҷомеа дар пешгирии ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон;

– омода ва мураттаб сохтани саволномаҳои соҳавӣ доир ба психология, педагогка ва таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);

— мониторинги таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили низоми фарогирии қӯдакони талаботи махсуси таълимию тарбиявидошта дар шароити МТМУ;

— дар заминаи мавзӯи бунёдӣ ташкилу гузаронидани озмоишу экспериментҳои психологию педагонӣ;

— дасраси омман гардонидани натиҷаҳои корҳои таҳқиқотӣ ба воситаи ВАО (радио ва телевизион), иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар);

– омӯзиш ва паҳн намудани донишҳои педагогию психологӣ, таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар самти ҷорӣ ва амалигардонии усулҳои муосири таълиму тарбия;

— баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар) роҷеъ ба мушкилоти соҳа, тарғиби таҷрибаи пешқадам, навгароии таълиму тарбия, натиҷаи озмоишу таҳқиқот;

— расонидани ёрии методӣ ба муоввинони директорҳои МТМУ, психологҳои муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва роҳбарони синфҳо баҳри сайқал додани маҳорати касбии онҳо;

– саҳм гузоштан ба истифодаи усулҳои инноватсионии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ;

– манзур намудани тавсияҳо оид ба беҳтаргардонии фаъолияти психологҳои мактабӣ;

— омӯзиш ва такмили роҳу усулҳои муосир ва муассири тарбияи худогоҳиву  хештаншиносӣ ва ватандӯстию меҳанпарастии хонандагону донишҷӯёни  муассисаҳои таълимӣ;

— тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташкили оилаи солим;

— иштирок ва ибрози андеша дар Шурои олимон ва ҷаласаҳои кории роҳбарияти муассиса;

— иштирок дар муҳокимаҳои пешаздифоии аспирантону унвонҷӯён;

— ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ-озмоишии ПРМ бо мақсади гузаронидани озмоишу таҳқиқот ва  татбиқу ҷоринамоии  навгониҳо дар соҳаи таълиму тарбия;

— саҳм гузоштан дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, илмию педагогӣ;

— анҷом додани сафарҳои хизматӣ бо мақсади озмоишу таҳқиқот ва омӯзиши  дастоварду мушкилоти соҳа;

— таҳияи тақриз (хулосаҳои илмӣ) ба маводи илмию методии пешниҳодшуда;

— таҳияи асарҳои илмӣ, дастуру мақолаҳо роҷеъ ба нақшаҳои  инфиродии ходимони илмӣ;

— ширкат ва саҳм гузоштан дар ҷашнвораҳои давлатию миллӣ;

  1. Рисола, мақола ва асарҳои илмии таҳияшуда:

Абдурашитов Н.Ф. Тарбия ва ислоҳкунии психологии наврасони ҳуқуқвайронкунанда. – Душанбе: Ирфон, 2015. – 152 с.

Абдурашитов Н.Ф. Хусусиятхои психологии муносибати байниҳамии наврасони ҳуқуқвайронкарда ва падару модарони онҳо // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Душанбе: «Сино», 2015. № 3/3 (166). С. 211-218. (ВАК РФ)

Абдурашитов Н.Ф. Психологические причины трудностей в детско-родительских отношениях у подростков-правонарушителей в условиях их пребывания в республиканской специальной школе г. Душанбе // Наука и инновация. Душанбе, 2015 № 1-2 (12). С. 42-48.

Абдурашитов Н., Бобоёров Х. Масъалаи танзими фаъолияти психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ // Илм ва инноватсия. Душанбе, 2015 № 1-2 (12). С. 77-83.

Абдурашитов Н.Ф. Психологические причины трудностей в детско-родительских отношениях у подростков-правонарушителей в условиях их пребывания в республиканской специальной школе г. Душанбе // VI-ая Международная научная конференция «Психологические проблемы современной семьи»: сборник тезисов / Под ред. Карабановой О.А., Захаровой Е.И., Чурбановой С.М., Васягина Н.Н. – Москва — Звенигород, 30 сентября — 4 октября 2015 г. С. 852-864.

Абдурашитов Н.Ф., Бобоёров Х.Х. Вазъи фаъолияти психолог дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ // Илм ва инноватсия. Душанбе, 2016 № 1 (1). С. 58-63.

Атаханов Р., Абдурашитов Н.Ф., Бобоев Н.Р. Таҳқиқи масъалаи муносибати байни падару модарон ва наврасон (ҳуқуқвайронкардагон) дар шароити зисти онҳо дар мактаби махсус // Асосҳои педагогию психологии ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар пешгирии ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон (маҷуаи илмӣ). Мураттибон И. Давлатшоев ва Қ.Д. Эшонҷонова. Муҳаррири масъул: И. Давлатшоев. Душанбе: “Сифат”, 2016. 184 с.

Абдурашитов Н.Ф. Омилҳои психологии рафтори зиддиҳуқуқии наврасон // Асосҳои педагогию психологии ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар пешгирии ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон (Маҷуаи илмӣ). Мураттибон И. Давлатшоев ва Қ.Д. Эшонҷонова. Муҳаррири масъул: И. Давлатшоев. Душанбе: “Сифат”,  2016. 184 с.

Абдурашитов Н.Ф. Асосҳои психологии бароҳмонии муносибати фардӣ-психологӣ дар раванди корҳои тарбиявӣ бо наврасон // Илм ва инноватсия. Душанбе, 2016 № 2 (16). С. 48-52.

Абдурашитов Н.Ф. Психологические параметры гармонизации детско-родительских отношений у подростков-правонарушителей в условиях их пребывания в специальной школе: монография / Отв. ред. Р. Атаханов. Душанбе: Ирфон, 2017. 176 с.

Атаханов Р., Абдурашитов Н.Ф. Деструктивные детско-родительские отношения и возможности совершения подростками правонарушения // Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Душанбе, 2017. № 1-2 (23). С. 31-41.

Абдурашитов Н.Ф. Таҳсилоти кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо // Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. № 1-2 (23), 2017. С. 64-70.

Боймуродова Ҳ.Қ., Абдурашитов Н.Ф. Масъалаи муносибати байни падару модарон ва кӯдакон дар хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ // Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. № 1-2, 2017 (23). С. 84-90.

Атаханов Р., Абдурашитов Н.Ф. Деструктивные детско-родительские отношения и возможности совершения подростками правонарушения // Психология. Историко-критические обзоры и современные исследования. 2017. Т.6. № 4 А. С. 165-179. (ВАК РФ)

Абдурашитов Н.Ф. Масъалаҳои расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони муассисахои таҳсилоти дар самти тахсилоти фарогир // Маводи Конференсияи III байналмилалии «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли онҳо». Мураттибон ва муҳаррирони масъул: Каримова И.Х., Байзоев А.М. Душанбе: Нигор, 2017. С. ( 0.5 ҷ.ч.).

Абдурашитов Н.Ф. Междисциплинарный подход к социальной адаптации подростков-правонарушителей, обучающихся в учебно-воспитательном учреждении закрытого типа // Вестник Института развитя образования. № 2, 2018 (22). С. 54-61. (0,4 ҷ.ч.)

Абдурашитов Н.Ф. Шароитҳои психологиву педагогии ташаккули салоҳиятҳои иҷтимоии наврасон // Маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ «Татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим дар муассисаҳои таълимӣ». Мураттибон ва муҳаррирони масъул: Байзоев А.М., Камолзода С. Душанбе: Ирфон, 2018. С. 87-93. (0.3 ҷ.ч.)

Абдурашитов Н.Ф. Нақши ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар ташаккули салоҳиятҳои ҳаётии хонандагон // Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. № 3 (28), 2018. С. 44-50 (0,43 ҷ.ч.)

Абдурашитов Н.Ф. Особенности переживания деструктивных детско-родительских отношений подростками-правонарушителями // Материалы IV Международной конференции «Инклюзивное образование: проблемы, поиск путей решения». Составители: Каримова И., Негматов С., Байзоев А. Душанбе, 2018. С. 96-101 (0.37 ч.л.).

Абдурашитов Н.Ф., Ҳасанов Ю.Ю. Муаммоҳои ба таълим фарогирии кӯдакони талаботи махсусдошта дар раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим // Маводи Конференсияи IV байналмилалии «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли он». Мураттибон: Каримова И.Х., Негматов С., Байзоев А. Душанбе, 2018. С. 204-210 (0.33 ҷ.ч.).

Абдурашитов Н.Ф. Зӯроварӣ дар оила ҳамчун омили ҳуқуқвайронкунии наврасон // Маводи конференсияи илмӣ-амалии «Масъалаҳои хушунат ва роҳҳои пешгирии он». Душанбе: ДДОТ, 2019. 189 с (сах. 86-90).

Зиёӣ Х.М., Абдурашитов Н.Ф. Асосҳои педагогию психологии реабилитатсияи кӯдакону наврасони аз давлатҳои ҷангзада баргашта // Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф 2019, № 3 (27). С. 5-12 (0,2 ҷ.ч.). (КОА ҶТ)

Абдурашитов Н.Ф. Индивидуальная поддержка детей с особыми образовательными потребностями в условиях общеобразовательных учреждениях // Материалы V Международной конференции «Инклюзивное образование: проблемы, поиск путей решения». Составители: Зиёев К., Буриев Б. Душанбе, 2019. С. 46-51 (0.3 ч.л.).

Абдурашитов Н.Ф. Опыт психолого-педагогического исследования в процессе работы с подростками-правонарушителями в условиях республиканской специальной школы г. Душанбе // Вестник Института развития образования 2020, № 1 (29). С. 31-37 (1 ҷ.ч.). (КОА ҶТ)

Давлатшоев И. Тарбияи маънавии мактабиён дар шароити кунунӣ”.-Душанбе, 2006.

Давлатшоев И. Тарбияи маънавии мактабиён дар рӯҳияи ананаҳои миллии халқи тоҷик. Монография. Китоби 2/Зери таҳр. А. Муллоев.-Душанбе: Аржанг, 2011.-158 с.

Давлатшоев И. Теоретические основы формирования духовных качеств и ценностей учащихся общеобразовательной школы Республики Таджикистан. Монография. Книга 5. — Душанбе: Ирфон, 2020.- 350 с.

Раҳимзода Х. Оилаи солим-пойдории давлат. Маҷмӯи мақолаҳо. Душанбе, 2015, 247 с.

Раҳимзода Х. “Гардиши айём”. Маҷмӯи мақолаҳо. Душанбе: “ЭР-ГРАФ”,  2017. 238 с.

Раҳимзода Х. “Гардиши айём”. Маҷмӯи мақолаҳо. Душанбе: “ЭР-ГРАФ”,  2017. 238 с.

Раҳимзода Х. “Сабақҳои зиндагӣ”. Душанбе: “Маориф”, 2020. 432 с.

Ҳасанов Ю.Ю.  «Муаммоҳои ба таълим фарогирии кӯдакони талаботи махсусдошта дар раванд татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим» // Конфронси IV байналмиллалӣ «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли он» Душанбе 2018. С. 204-210.

Ҳасанов Ю.Ю.  «Особенности инклюзивного образования в условиях дошкольного учреждения» // Вестник Института развитя образования. Душанбе, №2, 2019 (26). С. 155-160.

Ҳасанов Ю.Ю. «Психологические характеристики личности террориста» // Научно-политический журнал Института Государственного управления при Президенте Республики Таджикистан Душанбе, №2, 2019 (42). С. 118-123.

Ҳасанов Ю.Ю. «Проблема детско-родительских отношений в современной семье» // Вестник Института развитя образования. Душанбе, №3, 2019 (27). С. 108-113

Каримзода М.Б, Ҳасанов Ю.Ю. «Влияние Интернет-зависимости на личность подростка» // Научно-политический журнал Института Государственного управления при Президенте Республики Таджикистан Душанбе, №4, (44) (10-12) 2019. С.86-93

Ҳасанов Ю.Ю. «Психолого-педагогическая поддержка родителей, имеющих детей с ограниченными возможностями здоровья в условиях реализации инклюзивного образования» // Вестник Института развитя образования. Душанбе, №1, 2020 (29). С.149-151

             5.Китобу дастурҳои методӣ ва  таълимии ба табърасида:

Абдурашитов Н.Ф. Тарзу усулҳои таҳияи лоиҳа барои дарёфти грантҳо дар соҳаи маориф (дастури методӣ). – Душанбе, 2013. – 32 с.

Абдурашитов Н.Ф., Боймуродова Ҳ.Қ. Нақши модар дар раванди азнавтарбиякунии наврасон. – Душанбе: «Сифат», 2014.  – 104 с.

Абдурашитов Н.Ф., Бобоёров Х.Х. Масъалаи танзими фаъолияти психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (дастури методӣ барои психологҳои МТМУ). – Душанбе, 2015. – 20 с.

Абдурашитов Н.Ф. Модель работы психолога по гармонизации детско-родительских отношений у подростков-правонарушителей (методическое пособие). – Душанбе: Ирфон, 2015. – 132 с.

Абдурашитов Н.Ф. Низоми даҳхолаи баҳогузорӣ ба сатҳи дониш, маҳорату малака ва рафтори хонандагон (Дастури методӣ). – Душанбе: “Сифат”, 2016. – 28 с.

Абдурашитов Н.Ф., Бобоёров Х.Х. Танзими фаъолияти психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (дастури методӣ барои психологҳои МТМУ). Душанбе, 2015. 20 с.

                  Абдурашитов Н.Ф. Заслуга легендарного психолога, педагога Давида Иосифовича Фельдштейна в развитии психологии и педагогики // Наука и инновация. Душанбе, 2015. № 3 (13). С. 103-106.

                  Абдурашитов Н.Ф. Модель работы психолога по гармонизации детско-родительских отношений у подростков-правонарушителей (методическое пособие). Душанбе: Ирфон, 2015. 132 с.

                  Абдурашитов Н.Ф. Муҳаббати самимии волидон нисбати фарзандон – кафолати устувории хонадон // Заминаҳои психологӣ ва педагогии ташаккули шахсияти хонандагон дар шароити ислоҳоти соҳаи маориф (маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ) / Зери таҳ. Давлатшоев И., мураттиб: Ҳамидов У.Т. Душанбе, 2015. 96 с.

                  Абдурашитов Н.Ф. Оид ба низоми баҳогузории даҳхола // Илм ва инноватсия. Душанбе, 2015. № 4 (14). С. 5-12.

                 Абдурашитов Н.Ф., Бобоёров Х.Х., Ҳамидов У.Т. Донишманди одилу саховатпеша // Аз тангно ба паҳно (маҷмӯа) // Мураттиб ва муҳаррири масъул: Амонӣ С. Душанбе, 2015. С. 45-46.

                 Абдурашитов Н.Ф. Усмонов С. Омилҳои психологии тамоюли наврасон ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ // Масъалаҳои методикаи таълим. Душанбе, 2016. № 1. С. 7-11.

                  Абдурашитов Н.Ф. Усмонов С. Гароиши наврасон ба амалҳои ғайриқонунӣ // Маърифати омӯзгор. Душанбе, 2016. № 2. С. 15-18.

                 Абдурашитов Н.Ф. Низоми даҳхолаи баҳогузорӣ ба сатҳи дониш, маҳорату малака ва рафтори хонандагон (Дастури методӣ). Душанбе: “Сифат”, 2016. 28 с.

                 Абдурашитов Н.Ф. Усмонов С. Омилҳои психологии тамоюли наврасон ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ // Асосҳои педагогию психологии ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар пешгирии ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон (Маҷуаи илмӣ). Мураттибон И. Давлатшоев ва Қ.Д. Эшонҷонова. Муҳаррири масъул: И. Давлатшоев. Душанбе, 2016. 184 с.

                 Абдурашитов Н.Ф. Талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбат ба волидон ва омӯзгорон // Асосҳои психологию педагогии ҳамкории субъектҳои тарбия дар роҳи пешгирӣ аз ҷиноятҳои ноболиғон (маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ) / Зери таҳ. Давлатшоев И., мураттиб: Ҳамидов У.Т.  Душанбе, 2016. 114 с.

                 Абдурашитов Н.Ф., Боймуродова Ҳ.Қ. Нақши оила дар тарбияи наврасон // Асосҳои психологию педагогии ҳамкории субъектҳои тарбия дар роҳи пешгирӣ аз ҷиноятҳои ноболиғон (маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ) / Зери таҳ. Давлатшоев И., мураттиб: Ҳамидов У.Т. Душанбе, 2016. 114 с.

                 Холов А.И., Абдурашитов Н.Ф. Вазъи татбиқи “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии олимони ҷавони ДМТ “Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон” бахшида ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Душанбе: Сино, 2017. С. 143-148.

                 Абдурашитов Н.Ф. Психолог дар мактаб: тарбияи равониро чӣ тавр бояд роҳандозӣ намуд? // «Омӯзгор». № 21, 25 майи соли 2017. С.11. (мусоҳиба бо корманди ҳафтаномаи «Омӯзгор»).

                Қодиров Қ.Б., Абдурашитов Н.Ф., Боймуродова Ҳ.Қ. Раҳнамо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд») / Муҳар. масъ. Лутфуллозода М. Душанбе: “Сифат” 2018. 112 с. (2,3 )

Метод серийных рисунков и рассказов в психологической диагностике и консультировании детей и подростков : Модификация методики И.М. Никольской. Составитель Н.Ф. Абдурашитов. Научный редактор Р. Атаханов. Душанбе: Ирфон, 2019. 214 с. (13.3 п.л.).

               Абдурашитов Н.Ф. Шароити психологию педагогии ташаккули салоҳиятҳои иҷтимоии наврасон (дастури методӣ барои падару модарон ва омӯзгорон). Душанбе: Сифат, 2019. 80 с. (5 ҷ.ч.)

               Абдурашитов Н.Ф. Нақши психолог дар раванди таълиму тарбия // “Омӯзгор”, № 11, 14 марти соли 2019. С. 11. (0,25 ҷ.ч.)

Асосҳои педагогию психологии ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар пешгирии ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон (Маҷмӯаи илмӣ). Мураттибон И. Давлатшоев ва Қ. Давлатзода. Муҳаррири масъул И. Давлатшоев.- Душанбе: 2016.- 244 с.

                 Давлатшоев И. Тамоилҳои идораи мактаб ва роҳбарии педагогӣ ба ҷараёни таълиму тарбия.- Душанбе, 2003.

                 Давлатшоев И. Танзими арзишҳои фарҳангӣ ва нақши муқаддасоти миллӣ дар тарбияи маънавии мактабиён”.- Душанбе, 2010.

                 Давлатшоев И., Шукурова Н., Имомназаров Д. Рушду такомули муносибатҳои маънавии мактабиён тибқи ҳамкориҳои мактаб, оила ва ҷомеа. Дастури методӣ. Зери таҳрири И. Давлатшоев.- Душанбе,  2012.-100 с.

                 Давлатшоев И. Нақши ҳамкориҳои педагогӣ дар камолоти ахлоқию маънавии кӯдакону наврасон. Муҳаррирр В. Абдулазизов.-Душанбе: Сифат, 2012.

                 Давлатшоев И. Рушду такомули муносибатҳои маънавии мактабиён тибқи ҳамкориҳои мактаб, оила ва ҷомеа. Дастури методӣ.-Душанбе: Сифат, 2012.

                 Давлатшоев И., Ҳайдаров Б. Ташкили истироҳати меҳнативу фароғатии тобистонаи кӯдакону наврасон. Дастури раҳнамо барои кормандони истироҳатгоҳҳои тобистона.-Душанбе, 2013.- 84 с.

                  Давлатшоев И. Ташкили истироҳати меҳнативу фароғатии тобистонаи кӯдакону наврасон. Дастури раҳнамо.-Душанбе, 2013.

                 Давлатшоев И., Бобоев Н.Р., Машидов С. Ташкили истироҳати фароғатии тобистонаи кӯдакону наврасон.-Душанбе, 2013.-41 с.

                 Давлатшоев И., Машидов С. Омодагӣ ба сафари истироҳатгоҳи тобистона ва риояи қоидаҳои он.- Душанбе, 2013.-20 с.

                 Давлатшоев И. Ҳамкории мактабу оила ва бартараф намудани мушкилоти аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ дур мондани хонандагон. Дар маҷмӯаи маърӯзаҳо  «Нақши ҳамкориҳои педагогӣ дар камолоти ахлоқию маънавии кӯдакону наврасон». Маводи конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон .- Душанбе, 2012.-  С. 17-24.

                 Давлатшоев И. Тадбиқи роҳу усулҳои таҳқиқоти педагогӣ дар мактабҳои озмоишӣ омили баланд бардоштани тарбияи маънавии хонандагон. Дар маҷмӯаи маърӯзаҳо «Нақши ҳамкориҳои педагогӣ дар камолоти ахлоқию маънавии кӯдакону наврасон». Маводи конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон .- Душанбе, 2012.- С. 52- 71.

                 Давлатшоев И. Нақши арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ дар камолоти маънавии мактабиён тибқи технологияи инноватсионии таълим(Монография) Китоби 3/Зери назари академики АТТ Қ.Б. Қодиров.- Душанбе, Ирфон, 2014.- 252 с.

                 Давлатшоев И.,  Каримов Қ., Амонов Н., Абдураҳмонов Г., Ёраҳмадов А., Абдурашитов Н. Ф. Дастурамали пешгирии қонунвайронкунӣ ва косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон//Муҳаррири масъул И. Давлатшоев.- Душанбе: Сифат, 2014.- 36 с.

                Давлатшоев И. Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарнавишти бахти миллат. Маҷмӯаи маърӯзаҳои конференсияи ҷумҳуриявӣ//Мураттибон: Р.М. Мирбобоев, А.Р. Одинаев ва дигарон/Зери назари Вазири маориф ва илми ҶТ, профессор Саид Нуриддин Саид.- Душанбе: 2014.- С. 157-160.

                Давлатшоев И. Ҳамкориҳои педагогӣ дар доираи татбиқи Қонуни ҶТ“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”- раҳнамои соати тарбиявӣ // Раҳнамо барои падару модарон ва роҳбарони синфҳои таъдимгоҳҳои кишвар:Муҳаррири масъул И. Давлатшоев.-  Душанбе: Сифат, 2014.- 64 с.

                Давлатшоев И. Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарнавишти бахти миллат. Маҷмӯаи маърӯзаҳои конференсияи ҷумҳуриявӣ // Мураттибон: Р.М. Мирбобоев, А.Р. Одинаев ва дигарон/Зери назари Вазири маориф ва илми ҶТ, профессор Саид Нуриддин Саид.- Душанбе: 2014.- С. 157-160.

                Давлатшоев И. Масъалаи фарогирии духтарону навҷавонони хатми синфи 9 ба таҳсил омили баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ// Дар маҷмӯаи маърӯзаҳои иштирокчиёни конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии “Заминаҳои педагогию психологии ташаккули шахсияти кӯдак дар шароити ислоҳоти соҳаи маориф».-Душанбе,2015.- С. 8-15.

                Давлатшоев И. Рушди ҳамкориҳои мактаб, оила ва аҳли ҷомеа  дар тарбияи маънавии мактабиён. Дастури методӣ..- Душанбе: 2015.-153.

               Давлатшоев И., Каримов Қ., Абдурашитов Н.Ф. ва диг. Пешгирии қонунвайронкунӣ ва косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон (дастури методӣ) // Асосҳои педагогию психологии ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар пешгирии ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон (Маҷуаи илмӣ). Мураттибон И. Давлатшоев ва Қ.Д. Эшонҷонова. Муҳаррири масъул: И. Давлатшоев. Душанбе: “Сифат”, 2016. 184 с.

              Давлатшоев И., Абдурашитов Н.Ф., Каримов Қ. Танзими ташкили роҳбарии педагогӣ ва рушди худидораи хонандагони тарбияашон душвор // Асосҳои педагогию  психологии ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар пешгирии ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон (Маҷмӯаи илмӣ). Мураттибон И. Давлатшоев ва Қ. Давлатзода. Муҳаррири масъул И. Давлатшоев. Душанбе: 2016. С 11-18, 118-127, 128-135.

               Раҳимзода Х. Маърифати оиладорӣ. Китоби таълимӣ барои синфи 10. Душанбе: “ЭР-ГРАФ”,  2016. 220 с.

               Ҳасанов Ю.Ю. «Зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он» // Маҷалаи омӯзгор Душанбе, 28-май.