ШУЪБАИ ОМӮЗИШИ СТАНДАРТ, НАҚШАЮ БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КИТОБҲОИ ДАРСӢ

Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.

      Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - ШУЪБАИ-ОМӮЗИШИ-СТАНДАРТ-НАҚШАЮ-БАРНОМАҲОИ-ТАЪЛИМӢ-ВА-КИТОБҲОИ-ДАРСӢ.jpg Шӯъбаи мазкур нисбатан нав буда, он соли  2007 ҳамчун Шӯъбаи   омӯзиш ва  таҳқиқи стандартҳои  давлатӣ,  нақшаю барномаҳои  таълим ва мониторинги  таҳсилот таъсис дода шуда,  соли 2012 фаъолияти он қатъ гардидааст.

Дар асоси сохтори нави Пажӯҳишгоҳи рушд маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва тағйир додани мундариҷаи стандарт,нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ шуъба бо номи «Шуъбаи омӯзиши стандарт, нақшаю барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ” тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъсис дода шуд ва то имрӯз фаъолият дорад.

          Асоси фаъолияти шуъбаро самтҳои зерини он ташкил медиҳанд:

— татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, роҷеъ ба омӯзишу таҳқиқи стандарт, нақша, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва такмили мазмуни онҳо;

— иҷро ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмҳои ҳарсола ба МОҶТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи милии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 ва 2030”,  «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040» ва дигар Стратегия, Консепсия ва Барномаҳои давлатии соҳавӣ;

— равшан намудани мазмун, хусусият ва талаботи стандарт давлатии таҳсилот дар шароити ислоҳоти соҳа;

— ташхис ва танзими стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълим вобаста ба талаботи муосир, ниёз ва дархости хонанда, ҷомеа дар шароити талаботи бозори меҳнат;

— муайян намудани ҳаҷм, мазмун ва сохтори китобҳои дарсӣ вобатс ба хусусиятҳои  синнусолӣ;

— таҳлил, ҷамъбасти фикру мулоҳизаҳо ва дархосту пешниҳодоти омӯзгорон, роҳбарони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, таълимгоҳҳои намуди нав ва падару модарон оид ба стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаю барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ;

— таҳлили фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба сатҳи дониши хонандагон;

— гузаронидани мониторинги татбиқи талаботи стандарт, барномаҳои таълимӣ ва муайян кардани мушкилоту ояндабинии он дар шароити муносибати босалоҳият ба таълим;

— баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизи мудаввар) роҷеъ ба дастовард, мушкилот ва дурноамои стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва  натиҷаи озмоишу таҳқиқот;

— таҳияи дастуру мақолаҳо роҷеъ ба нақшаи инфиродӣ

Фаъолияти самарабахши шуъбаро аз оғози фаъолияти он мудири шуъба С. Туронов ва ходими калони илмии он Б. Мирбобоева, Ш.Ҷумъаев, Э. Боев, Д. Имомназаров (солҳои 2007-2015)  ва солҳои минбаъда мудир Д.Имомназаров ва ходимони калони шуъба  Б. Буриев, Б. Кучакшоев, З. Тошбоева, Ш. Зулфиқорбекова, Ш. Исоева, Б. Ҳакимова, А. Буттаев, Д. Рамзия Мирзоева Н. Назиров, , З.Наимов ва  Раъно Мирзоева  (2015-2020)  ба уҳда доштанд .

Ходимони илмии шуъба фаъолияти худро ба омӯзиш, таҳқиқ, хулосабарории асосноки илмии дастовард, мушкилот ва дурнамои татбиқи стандарт, нақшаю барномаҳои таълим,  китобҳои дарсӣ равона сохта, дар ин самт пажӯҳишҳои густурдаи ислоҳоти соҳаро  анҷом медиҳанд,ки самараи он дар солҳои 2012-2020 хеле пурсамар гардид. Дар ин солҳо кормандони шӯъба дар шароити ислоҳоти соҳа, бахусус, тағйир додани мазмуни таҳсилот корҳои зеринро ба сомон расониданд:

— ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №334) оид ба “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, коршиносон ва муалифон стандарту барнома, моделҳои таълим, раҳнамо барои омӯзгорон, замимаҳо ба китобҳои дарсӣ барои хонандагон дар шароити гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим таҳия ва таҷдиди назар намуданд, аз ҷмула;

  1. Дар самти муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ (синфҳои 1-4):

– дар ҳамкорӣ  бо муаллифон таҳияи стандартҳои фаннии насли нав (муносибати босалоҳият дар таълим)-и синфҳои ибтидоиро ба итмом расониданд ва онҳоро дар соли таҳсили 2015-2016 рафти татбиқи онро дар таълимгоҳҳои озмоишӣ  мушоҳида ва мавриди таҳлил қарор доданд;

– дар ҳамкорӣ бо коршиносон ва муаллифон таҳияи моделҳои таълим, раҳнамо барои омӯзгорон, замима ба китобҳои дарсӣ барои омӯзгорон ва хонандагон, синфҳои ибтидоиро таъмин намуданд;

— дар асоси натиҷаҳои ниҳоии озмоиш ва пешниҳоди мутахассисон ва омӯзгорону падару модарон ва бо дарназардошти хулосаҳои аз нигоҳи илмӣ асосноки мутахассисон, кормандони шуъба ва омӯзгорон-муҳаққиқон хонандагони синфҳои 1-4-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоии кишвар ба таври пурра ба муносибати босалоҳият ба таълим  гузаштанд;

— дар омода намудани тренерон барои такмили ихтисос ва бозомӯзии  омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоии кишвар тавассути курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф  саҳми арзанда гузоштанд;

  1. Дар самти муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11):

— дар ҳакорӣ бо омӯзгорон, коршиносон, муаллифон таҳияи стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ  барои гузариш ба муносибати босалоҳият бар таълим ба анҷом расонида, маводи таълимӣ, аз ҷумла модели таълим, замимаҳо ба китобҳои дарсии фанҳои таълимиро омода намуданд ва рафти татбиқи таҳқиқотро дар таълимгоҳҳои озмоишӣ мушоҳида ва мавриди таҳлил қарор доданд;

— дар омода намудани тренерон барои такмили ихтисос ва бозомӯзии  омӯзгорони зинаи дуюми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавассути курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф  дар минтақаҳои дурдаст саҳми арзанда гузоштанд;

  1. Дар самти муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11):

— дар соли таҳсилои 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии (синфҳои 5-11) аз ҳамаи фанҳои таълимӣ ба муносибати босалоҳият ба таълим газаштанд,ки дар таҳия ва таҷдиди назар намудани мазмуни таҳсилот (стандарт, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ) дар ҳакорӣ бо омӯзгорон, коршиносон, муаллифон саҳми кормандони шуъба низ назаррас мебошад. Дар баробари он,  вазъи татбиқи ҳуҷчатҳои мазкур мавриди таҳқиқ қарор дода шуда,  мушкилот, дастовард ва дурнамои он мавриди назари муҳаққиқони шуъба қарор гирифтааст.

Айни замон Шӯъба аз рӯи проблемаи :  «Хусусиятҳои мазмуни таҳсилоти умумӣ (стандарт, нақша, барномаҳои  таълимӣ ва китобҳои дарсӣ) дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим» тадқиқот анҷом медиҳад.

Кормандони илмӣ дар солҳои фаъолияти Шӯъба мақолаҳои зиёди илмию методӣ ва зиёда аз 10 дастур ба нашр расонидаанд, ба монанди:  Таълим дар мактаб (синфҳо)-и камнуфус (155 с.), «Методикаи ташкили корҳои берун аз синфӣ аз фанни математика дар мактабҳои  камнуфуси ибтидоӣ» ( 72 саҳ.), «Маводи дидактикӣ аз фанни алгебра барои синфи 9” (96 саҳ.), “Меъёри баҳогузорӣ ба дониши хонандагони синфҳои 5-11- омили баланд бардоштани сатҳи маънавии мактабиён”( 88 с), “Танзими арзишҳои фарҳангӣ ва нақши муқаддасоти миллӣ дар тарбияи маънавии хонандагон” (168 с.), “Равандҳои инноватсионии таълим дар мактаб (синф)-ҳои камнуфус”(54 с.),“Татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим”(125 с) ва ғайра.

Дар ин солҳо дар баробарии ба нашр расонидани дастуру мақолаҳои илмӣ, методӣ, оммавӣ  инчунин конфренсия, семинар ва мизҳои мудаввар гузаронида шудаанд, ки дар татбиқи самарабахши  стандарт, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кумаки амалӣ расонида тавонистанд.

           Мақолаҳои илмии ба таъбрасидаи соли 2020 инҳоянд:

«Сифати таҳсилот: мушкилоти  татбиқ ва арзёбии он» Паёми Пажӯҳишгоҳи руши маориф №2 (30) 2020, “Арзёбии натиҷаҳои таълимӣ — омили муҳими  тақвияти сифати таҳсилот” Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  № 1, 2020, Таҳсилоти бисёрзабона ва афзалияти он дар замони муосир” Маҷаллаи Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  № 2, «Ташаккули салоҳияти эҷодии хонандагон дар раванди таълими математика» Мақолаи илмӣ-методӣ Паёми ПРМ. 2020, №2 (26), “Оид ба баъзе масъалаҳои математика дар раванди таълими равиявӣ. Мақолаи илмӣ-методӣ Маҷ.мақолаҳои Конф.илмӣ-амалии ҷум.“Методикаи таълими химия” дар ДДОТ(18.04.2020.); “Истифодаи баъзе хосиятҳои функсияҳо ҳангоми ҳалли муодилаҳои ғайристандартӣ Мақолаи илмӣ-методӣ Паёми ПРМ. 2020, №2 (25), Технологияи истифодабарии айёният ва дигар маводҳои таълимӣ дар раванди дарсҳо ”   Мақолаи илмӣ-методӣ Паёми ПРМ. 2020, №3 (31).