ШУЪБАИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА ИБТИДОӢ

      Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.

       Таҳқиқи вазифаҳои таълиму тарбияиЭто изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - Шуъбаи-муассисахои-ТОМАКТАБЙ_1.jpg томактабӣ дар Институти давлатии илмию тадқиқотии Тоҷикистон (имрӯз Пажӯҳишгоҳи рушди маориф) асосан аз соли 1934 оғоз гардидааст. Ҳамон вақт мақсади асосии шуъба аз коркарди нақшаи рӯз дар муассисаҳои томактабӣ, методикаи ташкили корҳои тарбиявӣ бо мактаббачагони хурдсол иборат буд.

          Солҳои 40-50-ум дар назди кормандони соҳаи тарбияи томактабӣ ва таълими ибтидоӣ вазифаҳои нав – коркарди масъалаҳои тарбияи ҷисмонӣ, санъати тасвирӣ, инкишофи нутқи хурдсолон гузошта шуд.

            Соли 1958 дар Институт Шуъбаи муассисаҳои кӯдакона таъсис ёфт, ки сарварии онро В.Н.Вишневская ба уҳда дошт. Кормандони илмии Шуъбаи мазкур Л.П.Канченкова, И.А.Рудовская, В.Н.Вишневская ба омӯзишу дуруст ба роҳ мондани корҳои методӣ, коркарди машғулиятҳо бо бозиҳои дидактикии рӯимизӣ ва методикаи гузаронидани машғулиятҳои мусиқӣ барои хурдсолон машғул буданд.

             Аз соли 1970 сарварии Шуъбаро номзади илмҳои педагогӣ Н.Насруллоева ба уҳда дошт. Кормандони илмии Шуъба В.Х.Салибаев, О.В.Любашенко ва В.С.Изотова ба тадқиқи масъалаҳои тайёр намудани кӯдакон ба саводомӯзӣ, бозиҳои эҷодӣ – воситаи тарбияи ахлоқӣ шурӯъ намуданд.  

           Солҳои 80-ум дар заминаи ду шуъба лабораторияи нав — лабораторияи таълими ибтидоӣ ва тарбияи томактабӣ ташкил намуданд. Кормандони шуъба Ҷ.Аҳмадова, Р.Давлатова, Р.Мирзоев, Р.Довудов, Б.Боев, А.Ҳомидова бо роҳбарии олими шинохта М.Лутфуллоев ва Н.Насруллоева ба ёрии мураббиён ва муаллимони синфҳои ибтидоӣ китобҳои дарсӣ, васоити таълим, дастурҳо ва мақолаҳои илмиро аз чоп бароварданд.

             Дар солҳои минбаъда кормандони илм Б.Боронов, Р.Мирзоев, М.Кошонова, И.Капустина, О.Шатова, Л.Иматова, А.Акбаров, И.Асоев, Ш.Котибова бо сарварии мудири лаборатория, номзади илмҳои равоншиносӣ Б.Боев (солҳои 1991-2005) 2006-2009 бо сарварии Боронов Б. оид ба азнавсозии барномаҳои таълимӣ, навиштани китобҳои дарсӣ, коркарди дастурҳои методӣ, интихоби методҳои самараноки раванди таълиму тарбия хизмати арзанда намудаанд.

              Аз моҳи феврали соли 2003 бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияи тарбияи томактабӣ дар алоҳидагӣ таъсис дода шуд. Зери сарварии мудири шуъба, номзади илмҳои педагогӣ Л.Иматова кормандони илм Ш.Ҷабборова, Н.Мирхонова ва доктори илмҳои педагогӣ Б.Маҷидова барои муайян намудани роҳҳои самараноки таълим, беҳдошти вазъи таълиму тарбия пажӯҳиш бурданд. Дар ин давра беш аз 10 номгӯи воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва мақолаҳои илмии зиёде аз чоп баромаданд.

               Дар Шуъбаи омӯзиши таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ (аз соли 2008 лабораторияи мазкур бо сектори таълими ибтидоӣ тобеъ гардид) ходими пешбари илм Б.Боронов, ходимони калони илмӣ А.Акбаров, Ш.Котибова ва М.Акрамова бо роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ Л.Иматова дар рушди раванди таълиму тарбия саҳм гузоштаанд.

               Дар шуъба 3 нафар ходимони илмӣ: 1 нафар номзади илм, 1 нафар ходимони пешбари илм ва 1 нафар ходимони калони илм фаъолият доранд.

               Айни замон шуъба ҳамчун шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият дорад, ки номзади илми педагогика Котибова Ш. роҳбарии онро ба уҳда дорад. Таҳти роҳбарии ӯ ходими пешбари илм Мирхонова Н. ва ходими калони илм Назриева Ф. дар шуъба фаъолияти илмӣ менамоянд.

         Ходимони илмии шуъба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома» ва «Низомномаи» Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ-ро риоя намуда, дар татбиқу иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти томактабӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, Стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълимӣ, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, қарорҳои мушовараи ВМИҚТ ва ИҶТ ва фармоишҳои дахлдори Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузору масъуланд.

            Асоси фаъолияти кормандони шуъбаро татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, таҳқиқи сифати тадрис, сатҳи дониши кӯдакону хонандагони хурдсол, ҷоринамоии фаъолиятҳои инноватсионӣ миёни мураббиёну омӯзгорон, истифодаи мақсадноки технологияи муосир дар ҷараёни машғулияту дарсҳо ва рушди муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ташкил медиҳад.

Мақсад ва вазифаҳои кормандони илмии шуъба:

-пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа;

-таҳия ва коркарди барномаҳои таълимӣ, нишондодҳои методӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ;

-ташаккули салоҳиятнокии кӯдакону хонандагони хурдсол ҳангоми таҳияи нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва таълиму тарбия;

-гузаронидани корҳои озмоишию таҳқиқотӣ оид ба муайянсозии омилҳои пастравии сифати таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои ибтидоии такягоҳӣ;

-таҳқиқи роҳҳои босамари баландбардории раванди таълим;

-густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, кормандони муассисаҳои томактабӣ ва падару модарон роҷеъ ба донишандӯзӣ ва ташаккули шахсияти насли наврас;

-ҷоринамоии фаъолиятҳои инноватсионӣ миёни омӯзгорон;

-омӯзиши истифодаи мақсадноки технологияи муосири таълим дар ҷараёни дарсҳо;

-таҳлилу баррасӣ ва татбиқи стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои таълимӣ;

-таҳлилу омӯзиши асосҳои педагогию психологии равандҳои инноватсионӣ дар мазмуни таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ;

-таъмини зинаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ бо маводи ҷолиби таълимӣ;

-коркарди роҳҳои самарабахши ташаккули ҷараёни таълиму тарбия дар кӯдакистон;

-таҳқиқи нақши арзишҳои зеҳнӣ дар самаранокии таълими хонандагони синфҳои ибтидоӣ;

-коркарди роҳҳои такмили мазмун ва ҷорикунии технологияи нави таълим (методҳои инноватсионӣ) дар таълими томактабӣ ва ибтидоӣ;

-коркарди роҳҳои ҷалб намудани оила ба фаъолияти муассисаи таълимӣ;

-такмили барномаю васоити таълим, кигобҳои дарсӣ барои кӯдакистон ва мактабҳои ибтидоӣ.

-баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар) роҷеъ ба мушкилоти соҳа, тарғиби таҷрибаи пешқадам, навгароии таълиму тарбия, натиҷаи озмоишу таҳқиқот;

-таҳияи дастуру мақолаҳо роҷеъ ба нақшаи инфиродӣ дар ҳаҷми 4 — 4,5 ҷ.ҷ.;

-ширкат ва саҳм гузоштан дар ҷашнвораҳои давлатию миллӣ.   

      Фаъолияти илмию  таҳқиқотӣ ва мақсаду  вазифаҳои    кормандони  шуъба:

— дар заминаи  мавзӯи бунёдӣ  баргузор намудани  озмоишу таҳқиқоти илмӣ;

— татбиқи натиқаҳои илм дар муассисаҳои таълимӣ;

— омӯзиши  сарчашма ва мавод оид ба фаъолияти инноватсионии  олимони соҳаи илми педагогика;

— таҳия ва пешниҳоди навовариҳо ба ҳуққатҳои  меъёрию ҳуқуқии соҳа оид ба такмили мазмуни таҳсилот;                        

— таҳия ва коркарди  барномаҳои таълимӣ, нишондодҳои   методӣ,   китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ;

— баҳисобгирии пайдарҳамӣ, муттасилӣ дар зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ мавриди таҳияи  нақшаю барномаҳои  таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ;

— дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои ибтидоии такягоҳӣ гузаронидани корҳои  озмоишию таҳқиқотӣ оид ба  муайянсозии омилҳои пастравии сифати таъллим;

— аз нигоҳи илмию методӣ таҳқиқи роҳҳои босамари  баландбардории  раванди таълим;

— густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ,  омӯзгорони синфҳои  ибтидоӣ, кормандони муассисаҳои томактабӣ ва падару модарон  қиҳати  донишандӯзӣ   ва ташаккули шахсияти насли наврас;                                                 

— ташаккули дониши кӯдакон оид ба муҳити  атроф, ҳавасмандии   робитавӣ,  маърифатӣ, бозӣ   ва дигар шаклҳои фаъолии кӯдакон дар намудҳои  гуногуни фаъолият;

— ташкил намудани шаклҳои ҳамкории гуногуни калонсолон ва   кӯдакони синну соли гуногун;                                                                                                          

— шинос намудани кӯдакон бо муҳимияти тарзи ҳаёти солим;

— инкишофи мустақилият, кунқкобӣ, озод будан, қобилияти эқодии кӯдакон

— таҳлилу баррасӣ ва татбиқи  стандартҳои давлатӣ, барномаҳои таълимӣ ва маводи таълимӣ  тибқи талаботи замони муосир.

— вусъат бахшидан ба тарбияи, зебопарастӣ, ватанпарастӣ ва                                                                     меҳнатдӯстии  кӯдакон;

— озмоиши татбиқи стандартҳои давлатӣ ва нақшаю барномаҳои   таълимӣ дар асоси талаботи замони муосир;     

— иштирок ва ибрози андеша дар Шурои олимон ва қаласаҳои кории роҳбарияти муассиса;

— иштирок дар муҳокимаҳои пешаздифоии аспирантону унвонқӯён;

— баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар) роқеъ ба мушкилоти соҳа, тарѓиби тақрибаи пешқадам, навгароии таълиму тарбия,   натиқаи озмоишу  таҳқиқот ва  татбиқи низоми нави таҳсилот;

— ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои  таълимӣ —  озмоишии ПРМ   бо мақсади гузаронидани озмоишу таҳқиқот ва  татбиқу қоринамоии  низомҳои нави таҳсилот;

— саҳм гузоштан дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, илмию педагогӣ;

— суханронӣ  дар ВАО (радио ва телевизион) доир ба масоили мухталифи таълиму тарбия ва рушди педагогикаи миллӣ;

— сафарҳои хизматӣ   бо мақсади озмоишу таҳқиқот ва омӯзиши  дастоварду мушкилоти соҳа;

— таҳияи тақриз ба маводи илмию методии пешниҳодшуда;

— ширкат   ва саҳм гузоштан дар  қашнвораҳои давлатию  миллӣ;                                                                                                             

— иқро ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба МОҚТ, Қонуни Қумҳурии Тоқикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Қумҳурии Тоқикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», Қонуни Қумҳурии Тоқикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, Барномаи рушди инноватсионии Қумҳурии Тоқикистон барои солҳои 2011-2020,  «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ дар Қумҳурии Тоқикистон барои солҳои 2020-2025», Барномаи давлатии рушди маорифи Қумҳурии Тоқикистон барои солҳои 2016-2020,  Стратегияи миллии рушди маорифи Қумҳурии Тоқикистон то соли 2020, қарорҳои мушовараи ВМ ва ИҚТ ва фармоишҳои дахлдори Вазири маориф ва илми Қумҳурии Тоқикистон.

      Китобу дастурҳои илмӣ, методӣ ва  таълимии  батабърасида:

      Котибова Ш. Барномаи тарбия ва таълими кӯдакони синни томактабии талаботи махсуси таълимидошта (БТП). Душанбе, 2019.

     Котибова Ш. Барномаи тарбия ва таълими кӯдакони синни томактабии талаботи махсуси таълимидошта (АҚ). Душанбе, 2019.

     Котибова Ш. Дастури методӣ (Барои мураббиёне, ки бо кӯдакони талаботи махсуси таълимидошта фаъолият мекунанд – БТП). Душанбе, 2019.

     Котибова Ш.  Намунаи машѓулиятҳои шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ дар муассисаҳои томактабӣ.  Душанбе, 2019.

     Котибова Ш.  Читаем дошкольникам. Душанбе, 2020.

     Котибова Ш.  Арзёбии асарҳо ва  китобҳои кӯдакона. Душанбе, 2020.

     Котибова Ш. Талабот ба нутқи хонандагони хурдсол. Душанбе, 2020.

     Котибова Ш. Ташаккули салоҳиятҳои хониши ифоданок дар синфҳои ибтидоӣ дар шароити муносибати босалоҳият: мушкилот ва дурнамои он. Паёми Академияи таҳсилоти Тоқикистон. №3 (36) 2020.саҳ.29-37.

     Котибова Ш. Важность словарного запаса в улучшении чтения учеников начальной школы. Вестник института развития образования. 2020. №2(30), саҳ.219-224. Котибова Ш. Мавқеи бозӣ дар таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ. Паёми

 Пажӯҳишгоҳи рушди маориф. 2020. №2(30), қӣҷӯҳ

     Мирхонова Н. Намунаи машѓулиятҳои  тарбияи қисмонӣ барои кӯдакони  синни томактабӣ. Душанбе, 2019.

      Мирхонова Н. Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар муассисаҳои томактабӣ. Душанбе, 2019.

      Мирхонова Н. Усулҳои ташакулдиҳии нутқи шифоҳӣ дар кӯдакони талаботи махсуси шунавоидошта. Душанбе, 2019.

      Мирхонова Н. Дафтари фаъолияти мураббӣ. Душанбе, 2020.

      Мирхонова Н. Дафтари фаъолияти мураббӣ. Душанбе, 2020.

      Мирхонова Н.  Технологияи  муосири педагогӣ дар муассисаҳои  томактабӣ. Душанбе, 2020. 72с.

      Назриева Ф. Нақши бозиҳои таълимӣ дар раванди таълим. Маърифати омӯзгор №1, саҳ.43-45.

      Назриева Ф. Татбиқи муносибати босалоҳиятба таълим талаби замон. Маърифати омӯзгор №5, саҳ. 45-46.

     Назриева Ф. Аҳамияти омӯзиши забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ. Маърифати омӯзгор №6, саҳ. 42-43.

     Назриева Ф. Истифодаи технологияи инноватсионӣ дар муассисаҳои томактабӣ. Маорифи Точикистон №11, 2020

               Иштирок дар конференсия, симпозиум ва семинарҳо:
  1. Конференсияи қумҳуриявӣ «Нақши технологияи навини таълим дар ташаккули салоҳиятҳои кӯдакони синни томактабӣ». шаҳри Бохтар, 2019.
  2. Конференсияи қумҳуриявӣ“Асосҳои илмию методии  фаъолияти инноватсионӣ  дар муссисаҳои томактабӣ” ш. Душанбе, моҳи  март  соли  2020.
  3. Семинари илмию методӣ дар мавзӯи “Истифодаи воситаҳои техникӣ дар муассисаҳои томактабӣ” ш. Душанбе, моҳи  июни 2020.
  4. Семинари илмию амалӣ дар мавзӯи “Роҳҳои муосир ва самарабахши назорати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ” в. Хатлон, моҳи сентябри 2020.