Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.
Шуъбаи фанҳои филология бо назардошти татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда, ҷиҳати ҷорӣ намудани яке аз тадбирҳои андешидаи он — низоми таълими салоҳиятнокӣ ва истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим таҳқиқоти илмӣ мебарад.
Шуъба аввал бо номи «Лабораторияи назария ва усули тадриси забону адабиёт тоҷик» амал мекард. Минбаъд «Шуъбаи таълими забон ва адабиёти тоҷик» номгузорӣ гардид. Аз соли 2007 то ин ҷониб бо номи «Шуъбаи арзёбии фанҳои филологӣ, рушди забони давлатӣ ва кор бо муассисаҳои таҳсилоти ақаллиятҳои миллӣ» арзи вуҷуд намуд. Аз соли 2019 бо номи «Шуъбаи фанҳои филология» фаъолият менамояд. Шуъбаи мазкур дар тӯли фаъолияташ бисёр масоили марбут ба таълиму тадриси забон ва адабиёти тоҷик, дар солҳои охирро ҳаллу фасл намуда, китобу дастурҳои зиёде интишор намудааст. Дар ин солҳо дар ин самт олимону методистони варзида чун А. Каримов, Х. Ҳусейнов, М. Раҳмонов, Ш. Девонаев,, М. Раҳимов, Ғ. Мирзоев, Т. Миров, К. Қоржавов, С. Аминов, С. Амонӣ, М. Қурбонов, Қ. Хоҷаев, Ш. Исломов, Н. Алиев, Л. Исматова, С. Зиёева, М. Шайхов, С. Маҳкамов, Р. Мирзоева, Ш. Тоҳириён ва дигарон фаъолият намуда, дар пешрафти илми методикаи таълими фанҳои филологӣ ва таълифи дастуру китобҳои дарсӣ барои макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ нақш гузоштанд.
Ҳамкории олимону методистони варзидаи ҷумҳурӣ чун Н. Маъсумӣ, Б. Ниёзмуҳаммадов, Ҳ. Каримов, Х. Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода, К. Айнӣ, А. Абдувалиев, А. Мирзоев, А. Эшонҷонов, Я. Хахомов, Ш. Ниёзӣ ва чанде дигарон низ дар ин замина тақвият ёфтааст.
Дар ин самт масъалаҳои таълиму тадриси забон ва адабиёти тоҷик, хат ва алифбои ниёгон, тадқиқ мегарданд. Ходимон оид ба масъалаҳои таълиму тарбия, такмили усулу методҳои тадриси фанҳои филологӣ мақолаю дастурҳои зиёде таълиф карданд, дар садою симо пайваста баромад мекунанд, дар конференсияю семинарҳои илмию методӣ маърӯза менамоянд, ба дастуру китобҳои дарсӣ, рисолаҳои илмӣ, автореферату диссертатсияҳо тақриз менависанд ва ҷиҳати омодасозии кадрҳои илмӣ ба унвонҷўёну докторантон (PhD) пешниҳоду тавсияҳои судманд медиҳанд.
Кормандони шуъба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома» ва «Низомномаи» Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ-ро риоя намуда, дар татбиқу иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, қарорҳои мушовараи вазорат ва фармоишҳои дахлдори Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузору масъуланд.
Асоси фаъолияти кормандони шуъбаро татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, таҳқиқи сифати тадрис, сатҳи дониши муҳассилин, ҷоринамоии фаъолиятҳои инноватсионӣ миёни омӯзгорон, истифодаи мақсадноки технологияи муосир дар ҷараёни дарсҳо, забономӯзии хонандагону донишҷӯён ва рушди фанҳои филологӣ ташкил медиҳад. Муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми фаъолият тибқи Кодекси меҳнат ва дигар қонунҳои вобаста ба меҳнат танзим карда мешавад. Мақсад ва вазифаҳои кормандони илмии шуъба:
-мавриди таҳлилу таҳқиқ ва таҷдиди назар қарор додани стандартҳо, барномаю нақшаҳои таълими ва китобҳои дарсӣ оид ба фанҳои «Филологӣ» бо назардошти вусъат ва ташаккули салоҳиятнокӣ;
— пешниҳоди роҳу усулҳои самарабахши таълим;
-ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони дохилӣ ва собиқадорони варзидаи ин соҳа ҷиҳати таълифи барномаю китобҳо, маводи таълимию методӣ
баҳри баланд бардоштани донишу малака ва маҳорати хонандагон;
-коркарди мавод оид ба масъалаҳои гузаштан ба низоми таҳсилоти миёнаи умумии 12 – сола, асосии 10-сола ва қабул ба синфи 1 аз сини 6 солагӣ ва ба ин васила ҳамроҳ шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ;
-пажӯҳиш ва эҳёи унсурҳои фарҳангӣ ҳамчун воситаи муҳими инкишофи ҳамаҷонибаи шахс, табдил додани он ва ба ин васила ба вуҷуд овардани низоми миллии фарҳангии хонандагон;
-пешниҳоди дастур оид ба вусъати тоза бахшидан ба нақши фанҳои филологӣ дар тарбияи маънавии талабагон;
-таҳияи маводи арзишманд барои баланд бардоштани малакаю маҳорати муҳассилин;
-тавассути омода сохтани маводи таҳқиқотӣ оид ба хусусиятҳои амалӣ доштани мазмуни таҳсилот ва ба андеша водор сохтани хонанда;
-таҳияи мавод доир ба интихоби касб ва ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир сохтани хонандагон бо мақсади ҷалби сармояҳои нав;
-таҳия ва коркарди маводи таълимии ватанпарастӣ доир ба дарки мафҳумҳои диёр, кишвар, сарзамин, Ватан;
-муайян сохтани роҳҳои ташаккули тарбияи зебопарастии кӯдакону наврасон, ҳамчун омили инкишофи шахсият;
-анҷом додани таҳқиқот оид ба рушди фанҳои филологӣ дар заминаи унсурҳои миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
— таҳияи мавод оид ба тарғиби илму дониш;
-манзури пешниҳоду тавсияҳо оид ба бартараф кардани мушкилоти нарасидани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ;
-саҳм гузоштан дар таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо воситаҳои аёнию дидактикӣ аз фанҳои филологӣ;
-пешниҳоди мақолаю тавсияҳо доир ба мустаҳкам намудани пояи моддию техники муассисаҳои таълимӣ дар ба гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ;
-таҳияи дастурҳои методӣ оид ба таълими забон ва адабиёт ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои амалӣ;
-таҳияи дастурҳо оид ба ташаккули тарбияи зеҳнии хонандагон дар заминаи суннат ва арзишҳои миллӣ;
-коркард ва таҷдиди мазмун ва мундариҷаи технологияи таълими фанҳои забон ва адабиёт дар ташаккули шахсияти хонандагон;
-баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар) роҷеъ ба мушкилоти соҳа, тарғиби таҷрибаи пешқадам, навгароии таълиму тарбия, натиҷаи озмоишу таҳқиқот;
-таҳияи дастуру мақолаҳо роҷеъ ба нақшаи инфиродӣ дар ҳаҷми 4 — 4,5 ҷ.ҷ.;
-ширкат ва саҳм гузоштан дар ҷашнвораҳои давлатию миллӣ.
Соли 2020:
Ширкат дар чорабиниҳои илмию амалӣ
Кормандони шуъба дар семинару, конференсия ва мизҳои мудавваре, ки бо ташаббуси шуъбаҳои дигари Пажўҳишгоҳ ва АТТ ташкил ва гузаронида шуданд, иштирок карда, музокира низ намуданд.
— С. Амонӣ дар ҷашни 31-солагии хуруҷи неруҳои маҳдуди Иттиҳоди Шўравӣ аз қаламрави Афғонистон фаъолона ширкат намуд.
-С. Амонӣ дар чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе бахшида ба таҷлили рўзи Артиши миллӣ ширкат намуда, суханронӣ намуд.
-С. Амонӣ дар чорабинии ПРМАҶ бахшида ба таҷлили рўзи Артиши миллӣ ширкат намуда, дар мавзўи “Тарбияи ватандўстии хонандагон-тақозои замони муосир”маърўза намуд.
— С. Амонӣ дар конференсияи осорхонаи маориф бахшида ба рўзи Артиши миллӣ ширкат карда,баромад намуд.
— ходимони шуъба дар маҳфили идона бахшида ба Рўзи Модар ширкат намуда,ҷиҳати хушу хотирмон гузаштани он кўшиш ба харҷ доданд. С.Амонӣ роҷеъ ба симои зани тоҷик дар масири рўзгор изҳори андеша намуд.
— С. Амонӣ дар мизи мудаввари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки ба мавзўи «Назаре ба мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсии фанни адабиёт» ширкат намуда, суханронӣ намуд, ки муҳтавои он дар рўзномаи Адабиёт ва санъат ба нашр расид.
— Мирзоева Р. дар ҷаласаи машваратии Шўрои занони ПРМАҶ ширкат намуд.
— Мирзоева Р. дар семинарии ПРМАҶ оид ба таҳсилоти фарогир дар мавзўӣ «Омўзиши низоми таҳсилоти кўдакони дорои маъюбият» ширкат намуд.
— Мирзоева Р. дар семинарии машваратии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мавзўи «Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» ширкат намуда, изҳори андеша намуд.
— Тоҳириён Ш. дар конференсияи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ — кафили устувории ҷомеа ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ ширкат намуда, изҳори андеша намуд.
— Тоҳириён Ш. дар конференсия дар мавзўи «Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст…» бахшида ба 23-юмин солгарди рўзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилкунанда Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Чомӣ Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолона иштирок намуд.
— Тоҳириён Ш., Файзуллоева И. Кор дар гурўҳи аналитикӣ. Кабирӣ, ки худ дар лаҳзаи падруд бо модар ҳозир нагардида буд, ҷавононро аз дуои модар маҳрум месозад!
— Ш. Тоҳириён, Мирзоева Р. Таҳияи мақола оид ба мавзўи супоришӣ: «Истифодаи технологияи инноватсионӣ дар дарсҳои забони давлатӣ ва адабиёти тоҷик, яке аз талаботҳои таъмин намудани дониши босифати хонандагон».
-Тоҳириён Ш. Мизи мудаввар дар мавзўи «Забон муҳимтарин унсури бақои миллат» 1.10.20 АТТ
-Тоҳириён Ш. 06-07.10.20 Иштирок дар ҳайати комиссияи аттестатсионии унвонҷўён ва докторантони (PhD)
-Тоҳириён Ш. Рушди маориф заминаи ҳифзи Истиқлолият ва пойдории он Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 29-умин солгарди рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» 8. 09. 20 толори ПРМ АТТ
Табъу нашр
Амонӣ С. Ташаккул ва таҳкими салоҳиятҳои фаннӣ дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик. Паёми Пажўҳишгоҳи рушди маориф,3019,№4 (28), саҳ. 32-35
Амонӣ С. Накуҳиши нодонӣ дар “Шоҳномаи”-и Фирдавсӣ. Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, №3, (32) 2019, саҳ. З1-35
Амонӣ С. Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест. Рўзномаи Интернационалист (Башардўст) №1-2 (11) 14- феврвли соли 2020, саҳ.3 (оммавӣ-0.5 ҷ.ч.)
Амонӣ С. Нигоҳи Фирдавсӣ ба сухан ва одоби сухангўӣ (30.04.2020 ба маҷаллаи Паёми АТТ супорида шуд).
Амонӣ С. Нигоҳи Фирдавсӣ ба сухан ва одоби сухангўйӣ саҳ.210-213
Паёми паж.рушди маориф 2020, №2 (30).
Мирзоева Р. Сифати таҳсилот дар дарсҳои забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик (06.03.2020 ба маҷаллаи Паёми АТТ супорида шуд).
Мирзоева Р. Нақши истифодаи технологияи инноватсионӣ дар дарсҳои забони модарӣ ва забони давлатӣ (ба маҷаллаи Паёми ПРМАҶ супорида шуд).
Тоҳириён Шаҳлои Абдуализода. Дастури таълимию методӣ асосҳои назариявию амалии роҳҳои рушди тафаккури хонандагон зимни таълими фанҳои филологӣ. – Душанбе, 2020. – 68с.
Тоҳириён Ш. А., Нозимов А. А. Калима ва ибораҳои нав дар шеъри Бозор Собир (Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон).
Тоҳириён Ш. А. Тарбияи худшиносии миллӣ дар раванди омўзиши эҷодиёти Бозор Собир (Паёми ПРМАҶ).
Тоҳириён Ш. А. Методикаи таълими босалоҳияти ҳаёт ва эҷодиёти шоир
Б. Собир дар синфи 11(Паёми ПРМАҶ).
Тоҳириён Ш. А. Тавсияҳои методӣ оид ба таълими фосилавии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар давраи пандемияи COVID-19. (ба маҷаллаи Паёми ПРМАҶ супорида шуд).
Тоҳириён Ш. А. Тавсияҳои методӣ оид ба роҳбари синфии фосилавӣ дар давраи пандемияи COVID-19. (Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон супорида шуд).
Тоҳириён Ш. Чист Истиқлолият? Сомонаи Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 25.09.20
Тоҳириён Ш. Нақши Пешвои миллат дар рушду нумўи забон Сайти ПРМ АТТ 29.09.20
Тоҳириён Ш. Муассисаи давлатии маҷаллаи «Фирўза» «Уфуқҳои истиқлол»-сабақи давлатдорӣ! 9.10.20
Тоҳириён Ш. На ҳар ки чеҳра барафрўхт дилбарӣ донад! Маорифи Тоҷикистон 09.11.2020
Фаъолияти изофӣ ва таҳрирӣ (тақризҳо)
Амонӣ С. Тақриз ба нақшаи тақвимӣ ва роҳнамо аз фанни таърихи умумӣ барои синфи 10.
Мирзоева Р. Тақриз ба маводи аттестатсионии хатми синфи 11 (бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, хориҷӣ бо равияи умумиӣ, русӣ ва арабӣ)
Тоҳириён Ш. Тақриз ба монографияи номзади илмҳои филология, корманди Академияи миллии Тоҷикистон Қодирова С.
Тоҳириён Ш. Тақриз ба барномаи «Дастони моҳир»-и Маркази таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тоҳириён Ш. Тақриз ба нақшаи тақвимӣ ва роҳнамо аз фанни таърихи умумӣ барои синфи 10.
Тоҳириён Ш. Тақриз ба барномаи таълимӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик (барои шунавандагони курси такмили ихтисос) 29.09.20
Мавзўи шуъба ва мавзўъҳои инфиродии ходимони илмии шуъба бар асоси пажўҳишоти густурда ҷамъбасти мавзўи бунёдиро таъмин мекунанд. Натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти илмӣ оид ба мавзўъҳои инфиродӣ то охири сол бо чопи мақолаҳои навбатӣ ва таҳияи дастурҳои методӣ ҷамъбаст карда мешаванд.
Мудири шуъбаи фанҳои филология Шаҳлои Абдуализодаи Тоҳириён, номзади илмҳои филология.