ШУЪБАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ, СИЁСАТ ВА СТРАТЕГИЯИ РУШДИ МАОРИФ

Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - Назиров-Н-шуъбаиЧОМЕА_-1024x813.jpg              То соли 1982 фанҳои таъриху ҷомеашиносӣ ба лабораторияи таълими муштарак, тафриқа ва масъалаҳои умумии тарбия дохил буданд. 1-уми сентябри соли 1982 дар лабораторияи номбурда  сектори таъриху ҷуғрофия таъсис дода шуд. Дар солҳои 1982-1991 кормандони ин сектор В.Хан, М.Раҳимов, Ф.Меликмуродов ва С.Хоҷаев дар боби омўзиши асосҳои илмию методии силсилаи фанҳои таъриху ҷомеашиносӣ  саҳми муайян гузоштаанд. Дар ин марҳила дар сектор як силсила корҳои шоён ба анҷом расонида шуданд. Аз он ҷумла, барномаи таърихи РСС Тоҷикистон барои синфҳои 5-11, барномаи курси факултативии «Гузаштаи қаҳрамонони халқи тоҷик» ва дастури методии «Истифодаи маводи кишваршиносӣ дар корҳои берун аз синф доир ба таърихи ҶШС Тоҷикистон барои синфҳои 8-11», «Робитаи байни предметҳо ҳангоми омўзиши таърихи ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон, асосҳои давлат ва ҳуқуқи шўравӣ ва адабиёти ватан дар синфҳои 8-9» ва «Ба амал овардани сиёсати миллии ленинӣ дар Тоҷикистон» мураттаб ва таълиф карда шуданд.

Солҳои 1991-1992 ду гурўҳи мураттибон, яке таҳти роҳбарии Т.Н.Зиёзода ва дигаре зери роҳбарии М.Раҳматҷонов барномаҳои алтернативии фанни нави таълими инсон ва ҷомеаро дар ҳаҷми 170 соат барои синфҳои 8-11 таҳия намуданд. Фанни мазкур аз соли 1992 то соли 2007 дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим дода мешуд, ҳоло бошад, танҳо дар равияи гуманитарию ҷомеашиносӣ.

Аз соли 1992 сар карда, мураттаб сохтани барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои ҳамаи фанҳои ҷомеашиносӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт. Ин дар назди сектор вазифаҳои нав гузошт. Коркарди Стандарти давлатии маълумоти силсилаи фанҳои таърих ва ҷомеашиносӣ, муайян намудани асосҳои илмию методии китобҳои дарсӣ, интихоби мураттибони барномаҳои таълимӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рўз буданд, ки ходимони илмии сектор  ба иҷрои онҳо камар бастанд. Кор аз болои қисме аз онҳо ҳанўз то соли 1994 шурўъ гардид. Таҳқиқот дар ин самтҳо аз тарафи  Зиёзода Т.Н., Хоҷаев С., Исматов Б., Меликмуродов Ф.М. ва Ёқубов Ю. анҷом пазируфтааст.

Методологияи илми таърих ва илмҳои дигари ҷомеашиносию гуманитарӣ,  даврабандии нави таърих, маърифати шаҳрвандӣ ва тарбияи шаҳрвандӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини таърих ва таълиму тарбия мебошанд.

Дар солҳои 1996-2009 кормандон дар таълифи китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносӣ саҳм гузоштанд ва китобҳои дарсии таърихи умумӣ барои синфҳои 5, 6, 7, 8, 9 ва 11, китоби дарсии инсон ва ҷомеа (дар ҳаммуаллифӣ) ва китобҳои дарсии ҳуқуқи инсон (дар ҳаммуалифӣ), ҷамъ 12 китоби дарсӣ , 11 китоби дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва 1 китоби дарсӣ барои муассисаҳои миёнаи таълимии касбии педагогӣ ва таҳияи барномаи таълимии асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон таълиф гаридаанд, ки имрўз мавриди истифодаи  мактабҳои таҳсилоти умумӣ қарор доранд.

Кормандон Зиёзода Т.Н., Носиров С.Ш., Ҷумъаев Б.У. Шарипов М., Кунтувдий Н.А. ва Мирзоматов А. аз рўи мавзўи фармоишии «Самтҳои тарбияи шаҳрвандӣ дар таълими фанҳои ҷомеашиносӣ» корҳои илмию таҳқиқотӣ  мебаранд ва дар ин ҷода муваффақиятҳои чашмрас ҳам доранд: 6 рисолаи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ навиштаанд.

Маърифати шаҳрвандӣ яке аз самтҳои асосии таҳқиқот мебошад. Дар Шўъба лоиҳаи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия  шуд ва онро Ҳукумати Тоҷикистон 3 марти соли 2006 (қарори № 94) тасдиқ намуд.

Кормандон дар такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорони фанҳои ҷомеашиносии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи касбии педагогии кишвар фаъолона иштирок менамоянд. Ин кор аз тариқи курсҳои такмили ихтисоси ДМТИКМ, Маркази пешбурди Идораи маорифи ш.Душанбе, конференсияю семинарҳо ва мизҳои мудаввару вохўриҳо дар маҳалҳо бо омўзгорони мактабҳо, иштироки фаъолона дар маҳфилҳои омўзгорони фанҳои ҷомеашиносии мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад. Дар ин ҷамъомадҳо натиҷаҳои таҳқиқоти кормандони илмӣ мавриди баррасӣ ва баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Дар давраҳои гуногуни мавҷудияти самти мазкур дар он доктори илмҳои таърих, узви вобастаи АИ Тоҷикистон Ю.Яъқубов, доктори илмҳои фалсафа, профессор Б.Исматов, номзадҳои илмҳои таърих С.Хоҷаев, Т.Муҳиддинов, номзадҳои илмҳои педагогӣ Зиёзода Т., Ҷумъаев Б.У., Носиров С.Ш., ходимони илмӣ Ф. Меликмуродов, В.Хан, М.Раҳимов кор кардаанд.

Соли 2010 сектори зикршуда ба шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ табдил шуда, айни ҳол асоси фаъолияти кормандони шуъбаро татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, таҳқиқи сифати тадрис, сатҳи дониши муҳассилин, ҷоринамоии фаъолиятҳои инноватсионӣ миёни омӯзгорон, истифодаи мақсадноки технологияи муосир дар ҷараёни дарсҳо ва рушди фанҳои ҷомеашиносӣ ташкил дода, соли 2016 мутахассисони шуъба дар ҷараёни фаъолияташон истифодаи технологияи муосири педагогӣ, дарки маънӣ ва мустақилияту донишазбарнамоии хонандагон, фаъолияти омӯзгорони фаннӣ оид ба ташаккули тафаккури муҳасилин ва маҳорату қобилият, истеъдоди омӯзгорони фаннӣ дар фаҳмиш ва истифодаи технологияи замонавии тадрис мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, масъалаҳои: “Ҷанбаҳои илмии амалияи технологияи инноватсионӣ дар шароити гузариш ба қоидаҳои нави баҳодиҳии бисёрхола ба сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон аз фанҳои ҷомеашиносӣ”, “Назария ва амалияи ташаккули фикрронии хонандагон тавассути технологияи муосири таълим дар раванди таълими фанҳои ҷомеашиносӣ”, “Асосҳои илмии муаммои таълим ва истифодаи равандҳои инноватсионӣ дар шароити таълими фанҳои ҷомеашиносӣ бо назардошти технологияи такомули шахсият” -ро таҳқиқ намуданд.

Дар робита ба мавзӯъҳои таҳқиқшуда кормандони шуъба дастуру мақолаҳои зерин нашр намуданд. Аз ҷумла, дастурҳои

1.Сатторов А. Маҷмуаи истифодаи санъатҳои бадеӣ (лафзӣ-маънавӣ) дар дарсҳои адабиёти тоҷик (с.5-11). – Душанбе -Сифат, 2016, 64 саҳ.

2.Сатторов А. Лоиқ-дардошнои қалам.- Душанбе Сифат -2016, 40 саҳ.

  1. Сатторов А. Фуруғи абадият. Душанбе Сифат -2016, 38 саҳ.
  2. Қодиров Ш. Менеҷменти молиявӣ барои мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ. – Душанбе Сифат, 2016 152 саҳ.
  3. Қодиров Ш. Менеҷменти молиявӣ барои мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ: дастури методӣ барои тренерон. – Душанбе Сифат, 2016 84 саҳ.

Мақолаҳои:

  1. Камолова Б. Роҳҳои назорат ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар дарсҳои забони хориҷӣ. /Маҷ. Илм ва иннов. №4, саҳ.84-89.
  2. Камолова Б. Психолого-педагогические основы деятельности учителя. / Пайёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон №3/
  3. Камолова Б. Эффективные средство контроля в обучении инностранных языков. / Маҷ. Мақолаҳои конференсияи илмӣ ДДОТ-2016, саҳ.71-75.
  4. Камолова Б. Психолого-педагогические основы деятельности учителя и учащихся в условиях тестирования. / Паёми ДМТ-2016, №15 саҳ.280-284.

5.Камолова Б. Тарбияи духтарон ва нақши онҳо дар ҷомеаи муосир. / Паёми АТТ Душанбе 2016.

  1. Камолова Б. Таърихи бедории миллӣ, давлати миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон. /Маҷ. Илм ва иннов. №2-2016, саҳ.89-94.
  2. Қодиров Ш. Система образования РТ в контексте теории человеческого. /Маводи конференсияи илмӣ саҳ.77-86.
  3. Қодиров Ш. Подготовка кадров экономических специальностей в системе высшего профессионального образования РТ. Маводи конференсияи илмӣ саҳ. саҳ.77-84.
  4. Қодиров Ш. Тамоюлҳои рушди таҳсилотим олии касбии Точикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ. / журнали Таҳсилоти калонсолон дар Точикистон №65 саҳ.
  5. Қодиров Ш. Демография аз нигоҳи низоми маориф. / Омузгор” №49, 02.12.2016 . Вобаста ба корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони шуъба 1конференсия, 2 семинар доир намуда, дар 6 конференсия, 8 семинар ва 1 мизи мудаввар иштироку маърӯза карданд.

Дар шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ аз рўйи мавзўи «Асосҳои илмӣ-амалии истифодаи технологияи нави таълим ва ташаккули фикрронии хонандагон дар шароити гузариш ба низоми нави баҳодиҳии 100-хола ба сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон аз фанҳои ҷомеашиносӣ» таҳқиқот бурда мешавад.

Дар шуъба 4 нафар кору фаъолият намудаистодаанд. Ҳайати кормандон фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи маориф», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», низомномаи ПРМ ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ амалӣ менамоянд.

Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020», “Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ  ва англисӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2020”.

        Дастурҳои  методӣ

«З. Бжезинский и его «Великая шахматная доска»»;

          Мақолаҳо 

«Политический ислам и конфликт в Таджикистан»; «Исламский радикализм, религиозный экстремизм в Центральной Азии: эволюции, факторы, порождающие эти феномены и проблемы противодействия»; «Дарс – муаррифгари истеъдоди омўзгор».

          Баргузорӣ ва иштирок дар конференсияҳо.  Вобаста ба иҷрои лоиҳа  мутахассисон  дар мавзўъҳои зерин чорабиниҳои оммавӣ  доир карданд.  Аз ҷумла,  семинарҳои илмӣ-методӣ:

28.01.2016-иштирок дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Коркард ва   методологияи татбиқи низом ва меъёрхои бисёрхола»;

22.02 2016 с.«Бахшида ба 119-солагии Арбоби намоёни сиёсӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нисормуҳаммад Юсуфзиё» Конференсияи илмй-адабй.дар мавзӯи «Ҳомиёни Ватан».

16.02.2016 иштирок дар семинар-тренинг дар мавзӯи «Таҳсилоти бисёрзабонӣ ва бисёрфархангӣ (иоликультурное) дар маорифи ҶТ».

07.03.2016-иштирок ва баромад бо маърӯза таҳти мавзӯи «Саҳми занон дар таҳкими Артиши миллӣ» дар конфронси илмӣ-адабии «Ҳомиёни ватан», бахшида ба 23 феврал гузаронида шуда

07.03.2016 -иштирок дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Симои зан дар ҷомеа», ки Осорхонаи маорифи ATT гузаронид;

аз 19.04.16 то 22.04.16 дар Меҳмонхонаи Атлас семинари омӯзишии лоихаи (хониши босифат).

               конференсия:

Мавриди зикр аст, ки вобаста ба нақшаи лоиҳаи мазкур дар якҷоягӣ бо донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  25 майи соли равон дар мавзўи «Проблемаҳои муосир фаъолгардонии таълими математика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд.

Шуъба 14 июни соли равон соати 1000 тибқи нақшаи Пажуҳишгоҳ Конференсияи илмию амалӣ, ки бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст» баргузор гардонид.

Инчунин, моҳи ноябри соли равон кормандони шуъба тибқи нақшаи корӣ 3-то Мизи мудаввар дар мавзўҳои «Конститутсия-қонуни асосӣ» (03.Х1.),  «Рўзи Президенти Тоҷикистон» ва «Илосияи 16-уми Шўрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон сароғози муттаҳидии миллат»  (15.Х1)  ва «Рамзи ҳастии давлат ва ифтихори миллат» (25.Х1) ташкилу баргузор намудаанд, ки зиёда аз 85 нафар кормандони Пажўҳишгоҳ ва донишҷўёни курсҳои  1-уму 2-юми докторантура ширкат варзидаанд.

Рузи 26 май дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Конфронси байналмиллалӣ — «Масъалаҳои мубрами таълими забони русӣ дар даврони муосир» баргузор гардида,

Ходимони илмии шуъба дар соли 2017 ба чунин дастовардҳо  ноил  гардиданд

китоб  —  1 ( 14‚3 ҷ.ч)

      — доир намудани семинару  — 6

      — иштирок  дар   семинару  конференсия – 2

      — мақола –3  (1,8 ҷ.ч.)

      — тақризҳо – 5 (3,6 ҷ.ч.)

          Маълумоти муқаддимавӣ: соли 2018

          Китоб “Проблемы политического ислама в государствах Центральной Азии.”

          Мақолаҳо 

“Ислом ва ифротгароӣ айнияти қиёсӣ надоранд”‚ “Ҷамоати таблиғ ад-даъва”‚ ”Ифротгароӣ мафҳум, моҳият ва хусусияти ҷинояткории ифротӣ ‚ “Сабабҳои асосии радикализми фундаменталии исломӣ”‚ “Роҳҳои ташаккули сало ҳиятҳои маърифатӣ-таҳлилӣ ва маърифати эҷодии хонандагон дар шароити татбиқи низоми таълими салоҳиятнокӣ”‚ “Мақоми  роҳбари муассисаи таълимӣ дар татбиқи низоми босалоҳият”‚ “Нақшаи тахминии яксоатаи дарсӣ аз фанни забони модарӣ дар синфи 3”‚  “Роҳхои омўзонидан ва пешгирии ақидаҳои ифротгароӣ дар рафтаи таълими тарбияи хонандагони муассисаҳои таълимӣ”‚ “Тоҷикистону Ўзбекистон ҳамкориҳо вусъати тоза мегиранд”‚ “Дарки осоиштагӣ дар ваҳдат аст”‚ “Нақши созгори пешво дар муттаҳдии миллат ва таъмини бақову устувории давлат ”‚  “Нақши истиқлолияти давлатӣ дар ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва  ҳувияти миллӣ”‚

Китоби: Самопознание: Учебник для 3 кл. Общеобразоват. Шкю/ Карабутова А.А., Ковригина О.Н., Токовенко О.М. – Алматы: ННООЦ “Бебек” – 2018, 184 с. – тарҷума.

            Шумораи  маводи таҳия ва нашргардида вобаста ба лоиҳаи илмӣ – таҳқиқотӣ. Дар робита ба таҳқиқи лоиҳа 2 мақола нашр  гардид.

            Вобаста ба  иҷрои лоиҳа ҳамкории илмию таҳқиқотӣ  бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои он,  донишгоҳу донишкадаҳои тахассусию омўзгорӣ, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти томактабии ҷумҳурӣ, марказҳои инкишофи кўдакон  ва ғайра  сурат гирифт.

Хамкориҳои судманди кормандони шуъба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушди маориф   дар гурўҳҳои корӣ оид ба коркарди “Стратегияи рушди маориф барои солҳои 2021-2030”  ба роҳ монда шудааст.

             Баргузорӣ ва иштирок дар конференсияҳо.  Вобаста ба иҷрои лоиҳа  мутахассисон  дар мавзўъҳои зерин чорабиниҳои оммавӣ  доир карданд.  Аз ҷумла,  семинарҳои илмӣ-методӣ:

22.02 – “Методикаи таълими фанҳо тибқи талаботи муносибати бо салоҳият дар таълими синфҳои ибтидоӣ ва таҳсилоти томактабӣ”

11.05 – “Нақши маориф дар рушди сайёхӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

29.05 – “Роҳҳои тақвиятбахши ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар мувофиқат бо салоҳиятҳои иҷтимоишавии наврасони дорои эҳтиёҷоти махсус”

22.11 – “Муносибати босалоҳият ва технологияи муосир дар таълими фанҳои табиию риёзӣ”

               конференсия:

20.06 -“Ваҳдати миллӣ асоси муттаҳидӣ ва устувории давлатдорӣ”

29.06.- “Вазъи татбиқи муносибати босалоҳият дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ”

05.09 -“Музаффариятҳои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ”

25.10 – “Об барои рушди устувор, 2018 – 2028”

       31.10 “Нақши Конститутсия дар таҳкими волоияти қонун”

16.11 – “Пешвои мо ҳомии мо”

       16.11 – “Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори давлати навини тоҷикон”

23.11 – “Парчам шарафу номуси миллат”

Тренинг: 23.11 – “Таҳия ва татбиқи барномаи таълимӣ барои баланд бардоштани устувории ҷавонон нисбат ба ифротгароии хушунатомез”

Ходимони илмии шуъба дар соли 2018 ба чунин дастовардҳо  ноил  гардиданд

китоб  —   1 ( 7‚7 ҷ.ч)

      — доир намудани семинару  — 6

      — иштирок  дар   семинару  конференсия – 7

      — мақола –13  (10 ҷ.ч.)

Фаъолияти илмию таҳқиқотии кормандони  шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ  дар соли 2019

        Дастурҳои  методӣ

Дастури таълимию методи барои омўзгорон —  «Тақвияти устуворииҷавонон дар муқовимат ба экстремизм» ; « Дастури таълимию метод барои ҷавонон  — «Тақвияти устувории ҷавонон дар муқовимат  ба экстремизм».

Китобҳо

“Долгий пути к причалу”‚ “Фархор, — твои люди”‚ “Политический ислам и конфликт в Таджикистане”‚ “Исламский проповедник Сайидамир Фигони”‚ “Проблемы политического ислама и конфликты в государствах Центральной Азии

          Мақолаҳо 

“Навгониҳои омўзиш ва тадриз дар Аврупо: давраи минбаъдаи ҷараёни Болония”‚ «Исламский радикализма и  деятельность исламистов в  государствах Центральной  Азии»‚ «Молодежный экстремизм»

            Шумораи  маводи таҳия ва нашргардида вобаста ба лоиҳаи илмӣ – таҳқиқотӣ. Дар робита ба таҳқиқи лоиҳа 2 мақола нашр  гардид.

          Вобаста ба  иҷрои лоиҳа ҳамкории илмию таҳқиқотӣ  бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои он,  донишгоҳу донишкадаҳои тахассусию омўзгорӣ, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти томактабии ҷумҳурӣ, марказҳои инкишофи кўдакон  ва ғайра  сурат гирифт.

Хамкориҳои судманди кормандони шуъба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушди маориф   дар гурўҳҳои корӣ оид ба коркарди “Стратегияи рушди маориф барои солҳои 2021-2030”  ба роҳ монда шудааст.

            Баргузорӣ ва иштирок дар конференсияҳо.  Вобаста ба иҷрои лоиҳа  мутахассисон  дар мавзўъҳои зерин чорабиниҳои оммавӣ  доир карданд.  Аз ҷумла,  семинарҳои илмӣ-методӣ:

2 майи соли 2019 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нститути омузиши маъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Конфернцияи  байналмиллалии илмӣ таҳти унвони “Масалъаҳои мубрами кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм” мавзўи баромад: “Опыт Таджикистана по противодействию экстремизму и терроризму в современных условиях”

18 апрели соли 2019 дар Маркази тадқӣқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференцияи илмӣ – амалӣ дар мавзўи: Илму маориф – бунёди маърифати зеҳнӣ” мавзўи баромад “Ҷанбаҳои иҷтимоии муҳоҷирати зеҳнҳо”.

14 майи соли 2019 . Иштирок дар мизи мудаввар гуруҳи кории Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон “Тақвияти устувории ҷавонон нисбат ба ифротгароии хушунатомез тариқи истифодаи барномаи таълимӣ барои рушди солими ҷавонон”

15 майи соли 2019. Семинари илм метологи “Заминаҳои илмию методииистифодаи стандарти фанни математика дар синфҳои 5 – 11 дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим”.

30 майи соли 2019. Семинари имлӣ – методи “Ҷанбаҳои илмию амалии истифодаи технологияи муосири таълим дар мактабҳои камнуфус дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим”.

Тақриз ба маҷмўаи фанҳои таълимӣ барои курсҳои бозомўзи тахассути омўзгонони фаннни таъриҳу хуқуқ (мураттиб Давлатов Аюб дотсенти кафедраи методикаи таълими гуманитарии МДДҶТИБКСМ). — 2 саҳ.

18 июни соли 2019 соати 1000 Конференсияи илмию амалӣ бахшида ба “Даҳсолаи  байналмилалии амал “Об барои ушдиустувор” солҳои 2018-2028» «Об манбаи ҳастӣ ва ҳамзистии осоишта» дар толори Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид. Назиров Назир, мудири шубаи фанҳои ҷомеашиносӣ, ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ баромад дошт дар мавзўи: ”Водные перетряски в Центарльной Азии”

28 июни соли 2019 . Иштирок дар мизи мудаввар гуруҳи кории Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон “Тақвияти устувории ҷавонон нисбат ба ифротгароии хушунатомез тариқи истифодаи барномаи таълимӣ барои рушди солими ҷавонон”

8 — 12 июли соли 2019 . Иштирок ва хондани лексия дар мавзъуи: “Роҳҳои анъанавии пешгирӣ аз экстремизм дар байни ҷавонон дар дарсҳои омузиши барои муаллимони фанҳои ҷомеашиноси дар Вилояти Суғд. Мутасади  Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон. Мавзъуи асоси: “Тақвияти устувории ҷавонон нисбат ба ифротгароии хушунатомез тариқи истифодаи барномаи таълимӣ барои рушди солими ҷавонон”

14.11.2019 семинари омўзиши дар мавзўи: “Арзёбии рушди салоҳиятҳои толибилмон аснои таълими фанҳои таърихи халқи тоик (синфҳои 5-9) ва маърифати оиладорӣ (синфи 9)” дар МТМУ № 5 — и шархи Ҳисор  гузаронида шуд.

19.11.2019 воҳури бо омузгорони фанҳои ҷомеашиносӣ дар МТМУ № 5 — и шархи Ҳисор гузаронида шуд.

Дастури омўзишӣ дар мавзўи: “Тақвияти устувории ҷавонон нисбат ба ифротгароии хушунатомез тариқи истифодаи барномаи таълимӣ барои рушди солими ҷавонон” коркард карда шудаистодааст.

13.11.2019 иштирок дар мизи мудаввар дар мавзўи: “Мубоҳиса дар бораи  иҷроиши Лоиҳаи Нақшаи Миллӣ Конвенсияи Орхус”

               конференсия:

25 июни соли 2019 дар толори Пажўҳишгохи рушди мариф ба номи А.Ҷомӣ  конфронси илмию амалӣ бахшида ба 22-солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ  — кафили муттаҳидӣ ва рушди устувори ҷомеа» баргузор гардид.

27 августи соли 2019. Мизи мудаввар дар мавзъуи: «Концепция  развития «зелёной» экономики в Таджикистане».  Мутасади Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ОБСЕ.

5 сентиябри  соли 2019  дар Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Конференсияи илмию амалӣ, ки бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ фишангӣ рушди иҷтимоию иқтисодии миллат» баргузор гардид.

5 ноябри соли 2019 дар Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Конференсияи илмию амалӣ, ки бахшида ба рузи конституция дар мавзўи: «Конститутсияи таҷассумгари ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон» баргузор гардид.

15 ноябри соли 2019 дар Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ  Конференсияи илмию амалӣ, ки бахшида ба рузи Президент дар мавзўи: «Нақши Пешвои миллат дар рушди илму маорифи кишвар» баргузор гардид.

22 ноябри соли 2019 дар Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Конференсияи илмию амалӣ, ки бахшида ба рузи парчам  дар мавзўи: «Парчам инъикоскунандаи чеҳраи миллат» баргузор гардид.

           Кормандони шуъба  тариқи радио ва телевизион ҷиҳати  рушди маориф баромад дар ВАУ Сатторов А. 18 май соли ҷорӣ дар телевизиони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Сарқонуни (Конститутсияи) ҶТ дар назди “Микрофони озод” баромад кардааст. Камолова Б.Б. 8 сентябри соли 2016 дар телевизиони Сафина бахшида ба Ичрои Карори ҲҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар.„” баромад кардааст.

Ходимони илмии шуъба дар соли 2019 ба чунин дастовардҳо  ноил  гардиданд

 — дастурҳои таълимию методӣ — 2 ( 21‚25 ҷ.ч)

      — китоб – 5 ( 103‚ ҷ.ч)

      — доир намудани конференсия   — 9

      — иштирок  дар   семинару  конференсия – 11

      — мақола –3  (2,25 ҷ.ч.)

Фаъолияти шуъба дар  соли 2020

Баргузор ва иштирок дар конференсия, семинару машваратҳои илмию амалӣ.

    Кормандони шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ дар Конференсияҳои бахшида ба ҷашни 27 — умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толири ПРМ 21.02.20202 ва «Мушкилоти нарасидани оби нӯшокӣ дар сайёра», ки дар толори ПРМ 16.03.2020 гузарондан ва суханрони намуданд.

           Нашри мақола, китоб ва дастурҳои таълимию методӣ, асарҳои илмӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ.

  Дар соли 2020 ҳисоботи китобҳои Назиров Назир «Тақвияти устувории ҷавонон дар муқовимат ба экстремизм» — дастури таълию методи барои омўзгорон дар ҳаҷми 244 саҳифа ва «Тақвияти устувории ҷавонон дар муқовимат ба экстремизм» — дастури таълию методи барои ҷавонон дар ҳаҷми 96 саҳифа  ба чоп расид.

Мақолаҳо: «Исламистский экстремизм — разновидностью идеологии «Братьев-мусульман»» дар ҳаҷми   0,31 ҷ.ч. ба чоп раси.

Маводи илмии Конфронси байналмиллалии «Масъалаҳои мубрами  кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳаваронӣ ва мубориза бо терроризм». Душанбе: Диниш.-2020. С.74-79. «Опыт Таджикистана по противодействию экстремизму и терроризму в современных условиях».  — 0‚31 ҷ.ч. ба чоп расид.

Тақризҳо:  ходими илмии шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ‚   сиёсат ва стратегияи рушди маориф Абдулозода Маҳфуза Тақризро ба  маҷмуи  тестҳо  аз  фанни  ҳуқуқ  барои  синфи 11 мураттиб  Каримов  К.Ш. супорид дар ҳаҷми 4 саҳ. 0‚25 ҷ.ч. ба чоп расид.

Муъдири шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ‚ сиёсат ва стратегияи рушди маориф Н.Назиров Тақриз ба маҷмўи саволҳои тестӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик барои хонандагони синфи 10-муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи уммумӣ Мураттибон Турсунов А., Гулов С. , Каримов К. Тақриз ба маҷмўи саволҳои тестӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик барои хонандагони синфи 11-муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи уммумӣ Мураттибон: Каримов К., Ёрова М.Турсунов А. супорид дар ҳаҷми 2 саҳ. 0‚125 ҷ.ч.  — ҳамагӣ: 0‚375.

Дар моҳи маи соли 2020 дар Паёми пажўҳишгоҳи рушди маориф ходими калони илмӣ Гадоев Идибек мақола дар мавзўи: «Сифати таҳсилот ҳамчун кафолати самаранокии донишгоҳҳо» С.73-78 — 0,375 ҷ.ч,

Дар моҳи маи соли 2020 дар «Паёми пажўҳишгоҳи рушди маориф» 2020 №1(29) ходими калони илмӣ Ахророва Фарзона мақола дар мавзўи: «Баъзе навъҳои технологияи муосири онҳо ба ташаккули салоҳиятҳои хонандагон» С.136-139 — 0,25 ҷ.ч.

Муъдири шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ‚ сиёсат ва стратегияи рушди маориф Н.Назиров тақриз ба 5 китобҳои бадеӣ – иттилоотӣ дар ҳаҷми 10 саҳ. – 0,625 ҷ.ч.

Мақола дар шабакаи www.antiterror.ru «Ҳимояи ҷавонон аз таъсири ташкилотҳои бунёдгароии динӣ» — 0,25 ҷ.ч.

28.05.2020 Гузориши мудири шубаи фанҳои ҷомеашиносӣ,  сиёсат ва стратегияи рушди маориф Назиров Н. дар Шўрои олимони Пажухишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷоми АТТ оид ба: «Тарзҳои фаъолгардонии хонандагон дар дарс ва ташаккули салоҳияти шаҳрвандию ҷамъиятии онҳо зимни таълими фанҳои ҷомеашиносӣ».

Нақшаҳои таълими барои идомаи таҳсили хонандагони синфҳои 2 — 8 ва 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,  аз 17 август то 31 августи соли 2020.

«Терроризм религиозных экстремистов: понятия, сущность, истоки, факторы активизации и проблемы противодействия» (Сборник статей).-«Шарқи озод».-2020 сол.- 744 саҳ. 46,5 ҷ.ч.

Конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 23- юмин солгарди   рўзи Ваҳдати миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст…» 26.06.2020.

Конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 29- юмин солгарди   рўзи Истиқлолияти давлатии         Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» 08.09.2020.

Конференсияи илми — амалӣ бахшида ба рўзи Конститутсияи Тоҷикистон дар мавзўи «Конститутсия — бахтномаи миллат» 05.11.2020.

Конференсияи илми — амалӣ бахшида ба рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2020

Конференсияи илми — амалӣ бахшида ба рўзи парчами Тоҷикистон 20.11.2020

             Тарзҳои ташакулли салоҳиятҳо дар таълими фанҳои ҷомеашиносӣ.

Таҳсилоти босалоҳият равандест, ки дар он дониш, маҳорат ва малакаҳои барои зиндагӣ дар ҷомеа муҳим ташаккул дода шуда, роҳҳои дар ҳаёт татбиқ намудани онҳо ба даст оварда мешаванд. Низоми таҳсилоти босалоҳият хусусиятҳои ба худ хос дорад. Дар ин низом таваҷҷуҳи асосӣ ба ташаккули салоҳиятҳои асосӣ ё худ калидӣ равона магарданд ва новобаста аз доираи фанни муайян онҳо ташаккул дода мешаванд. Дар ин замина муносибати таълимгиранда нисбат ба таълим, муносибати омӯзгору таълимгиранда ва муносибати таълимгирандаву маводи таълимӣ хос мебошад. Ин муносибат чи гуна сурат мегирад? Яъне маълумот ё худ донишҳои муайян аз сарчашмаҳои санҷидашуда, аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардашуда тавассути омӯзгор ё барномаву модулҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ пешкаши хонандагон мегарданд. Бояд гуфт, ки ин ҷо ба назар гирифтани қобилият, маҳорат, фаъолияти эҷодии хонандагон дар мадди аввал меистад, зеро на ҳар амале, ки хонанда аз рӯйи қобилияти зеҳнии худ дар раванди таълими фанҳои ҷомеашиносӣ ба анҷом мерасонад, барои ташаккул ёфтани салоҳиятҳои ӯ мусоидат мекунад. Бинобар ин омӯзгорро лозим меояд, ки барои ташаккул додани салоҳиятҳои хонандагон дар раванди машғулиятҳо корҳои зеринро анҷом диҳанд:

—  зимни ба нақша гирифтан машғулиятҳо ва таҳия намудани модулҳои таълимӣ талаботи салоҳиятнокии хонандаро ба инобат бигирад ва роҳҳои ташакули салоҳиятҳоро муайян намояд.

                                        Муъдири шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ‚

сиёсат ва стратегияи рушди маориф                                                        Назиров Назир