Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.
Шуъбаи таълими фанҳои меҳнат, санъат, тарбияи ҷисмонӣ ва Омодагии дифои ҳарбӣ соли 2006 бо ибтикори директори ҳамонвақтаи Пажўҳишгоҳи рушди маорифи АТТ, профессор Афзалов ташкил шуд. Шуъба дар ҳайати зерин: мудир Зиёев Қ., мутахассиси меҳнат — Мухторова Г, мутахассиси фанни тарбияи ҷисмонӣ Губанова Л, мутахассиси суруд ва мусиқӣ – Хайруллоев Б, мутахассиси санъат Ҳафизова М, мутахасиси санъат Абдураҳмонова Ш то соли 2012 фаъолият намуд. Аз соли 2012 то соли 2015 дар ҳайати Шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қарор дошт. Боз аз охири соли 2015 шуъбаро бо номи арзёбии фанҳои технологияи меҳнат, санъат, варзиш ва асосҳои бехатарии хонандагон барқарор намуданд. Аз соли 2019 инҷониб шуъба зери унвони фанҳои технологияи меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбии хонандагон фаъолият дорад.
- САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ ТЕХНОЛОГИЯИ МЕҲНАТ, СУРУД ВА МУСИҚӢ, ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ИБТИДОИИ ҲАРБӢ;
— мавриди тахлилу таҳқиқ ва таҷлили назар қарор додани стандартҳо, барномаю нақшаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ оид ба фанҳои технологияи меҳнат, суруд ва мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ;
— таҳияи асосҳои назариявии мазмуни таҳсилот ва коркарди педагогию психологии мазмуни таҳсилот бо назардошти синф ва синну соли хонандагон;
— ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони дохилию хориҷӣ ва собиқадорони варзидаи ин соҳа, ҷиҳати таълифи барномаю китобҳои дарсӣ, маводи методӣ баҳри баланд бардоштани дониш, малака ва маҳорати хонандагон;
— муайян намудани типологияи муосири дарсҳои технологияи меҳнат, суруд ва мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ;
— пешниҳоди моделҳои муосири дарсҳои технологияи меҳнат, суруд ва мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ;
— таҳияи асосҳои консепсияи талабот оид ба санҷиши дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар шароити демократикунонии ҷараёни таълим;
— коркарди барномаи такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорон дар асоси талаботи педагогикаи ҳамкорӣ;
— омода сохтани маводи таҳқиқотӣ, ҷиҳати ба андеша водор сохтани хонандагон;
— таҳия ва коркарди маводи таълимӣ оид ба меҳнатдўстӣ, зебопарастӣ, ватанпарастӣ баҳри дарки мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин ва Ватани маҳбуб;
— муайян сохтани роҳҳои ташаккули тарбияи зебопарастии кўдакону наврасон ҳамчун омили инкишофи шахсият.
— таҳияи мавод оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ҷиҳати пешгирии маводи мухаддир, майпарастӣ, паҳншавии бемориҳои гунонуни сироятӣ, инчунин ВНМБ (СПИД);
- ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБА. Айни замон кормандони илмии шуъба дар ҳайати се нафар, мудири шуъба, н. и. п Лутфуллоева П, н. и. п — ходими пешбари илмӣ — Акрамова М. инчунин ходими илмӣ — Боронов Б кору фаъолият намуда истодаанд.
Рушди фанҳои технологияи меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбии хонандагон ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти соҳаи маорифи Тоҷикистон мақсади асосии шуъба мебошад.
Кормандон аз руи накшаи инфиродӣ ва барномаҳои илмӣ кори худро пеш бурда, ҷараёни фаъолияти илмию таҳқиқотиро дар доираи мавзуъҳояшон амалӣ гардонида истодаанд. Онҳо корро дар асоси талаботи тадқиқоти муосири илмӣ ба роҳ монда баҳри саривақт иҷро намудани вазифаву супоришҳои додашуда кушишҳо намуда истодаанд. Фаъолияти илмию тадқиқотӣ асосан дар мактабҳои озмоишӣ сурат гирифта, кормандони илмӣ асосҳои илмию методии таълимоти муосирро дар пажўҳиши худ истифода бурда тадқиқотҳои судманд анҷом медиҳанд. Дар баробари ин онҳо тартиби ҳуҷҷатгузории фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳуҷҷатнигории муаллимони мактабҳои озмоишӣ ва барномаҳои таълимии фанҳои «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ», «Технологияи меҳнат», «Тарбияи ҷисмонӣ» ва «Забони англисӣ» — ро таҳлил намуда истодаанд.
ҶУЗЪИ ЧОПИИ КОРМАНДОН:
Кормандони шуъба то ҳол чанд мақолаву дастур ва китобҳои илмӣ ба чоп расонданд. Аз қабили:
— «Аҳамияти маърифатию тарбиявии ҷашни Навруз ҳангоми гузаронидани корҳои беруназсинфӣ» – (рисолаи илмӣ), 160 с. Душанбе, Лутфуллоева П. соли 2015
— «Қомуси мухтасари Навруз» – (китоб), 144 сах. Душанбе, «Сифат» — Лутфуллоева П. соли 2014
— «Зиндагӣ ширин аст» – (китоб), 47 сах. Душанбе, «Сифат» -Лутфуллоева П. с. 2015
— Таълими санъат ва мехнат – (дастур, зери назари М. Лутфуллоев) мураттибон: Тошбоева З, Рамадонова, Котибова Ш, соли 2015
Лутфуллоева П. Барномаи таълими фанни «ТЕХНОЛОГИЯ» (Таълими меҳнат) барои синфҳои 9 – 11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мавзўъҳои иловашуда) баъд аз таҳриру иловаҳо ба маркази табъу нашр пешниҳод карда шуд. (1 ҷ. ч)
Ҳакимова Б: Дастури методӣ барои омўзгорони фанни “Омодагии ибтидоии ҳарбӣ”, соли 2016. Бо қарори Шўрои олимон №11 аз 30 декабри соли 2016 дар ҳаҷми 116 саҳифа тасдиқ шуда барои чоп пешниҳод шуд.
Лутфуллоева П, Шарипов М. «Роль и место английских языковых курсов в образовании молодого поколения». Маҷаллаи Паёми Пажўҳишгоҳи рушди маориф — № 1, 2020. 0, 5 ҷ.ч.
Лутфуллоева П, Каримова Ш. Китоб зери унвони «Истифодаи бозӣ дар дарсҳои забони англисӣ». Нашриёти «Сифат», 2020. 3, 5 ҷ.ч.
Боронов Б. «Нақши паёмҳо дар рушди истиқлол». Маҷаллаи Паёми Пажўҳишгоҳи рушди маориф — № 1, 2020. 0, 5 ҷ.ч.
Боронов Б. Раҳнамоҳои фанни санъати тасвирӣ — барои синфҳои 5, 6, 7. Душанбе — 2020. Нашриёти «Маориф». 10. ҷ. ч.
Лутфуллоева П, Ҳасанов Ф. “Нақлҳо бо забони англисӣ”. нашриёти Донишгоҳи миллӣ – Душанбе, 2020. 3 ҷ. ч.
Лутфуллоева П, Ҳасанов Ф. Муҳовараи тоҷикӣ – англисӣ бо 101 саволу ҷавоб. нашриёти Донишгоҳи миллӣ – Душанбе, 2020. 3, 25 ҷ. ч.
Лутфуллоева П, Ҳасанов Ф. “Мавзўъчаҳо (топикҳо) барои хониш ва нақл”. нашриёти Донишгоҳи миллӣ – Душанбе, 2020. 2, 5 ҷ. ч.
Лутфуллоева П. Каримова Ш. Истифодаи бозӣ дар дарс – талабот ва таъинот. Маҷаллаи Паёми Пажўҳишгоҳи рушди маориф — № 2 (30) 2020. 0, 2 ҷ. ч.
П. Лутфуллоева, Ф. Ҳасанов – “Мутахассиси имрўзаро донистани забони хориҷӣ ҳатмист». Паёми Академияи таҳсилот — №3 (36), 2020.
- СЕМИНАРУ КОНФЕРЕНСИЯҲОЕ, КИ КОРМАНДОНИ ШУЪБА ДОИР НАМУДАНД:
— Мутахассисони шуъба рўзи 11 уми майи соли 2018 дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ семинари илмӣ – амалӣ дар мавзўи “Нақши маориф дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гузарониданд.
— 28 уми ноябри соли 2018 кормандони шуъба бо иштироки аспирантону унвонҷўён ва хонандагони МТМИ – и № 55 бахшида ба 400 солагии Миробид Сайидои Насафӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конференсияи илмӣ — амалӣ доир карданд.
— 19 уми апрели соли 2019 кормандони шуъба дар МТМУ 100 дар мавзўи “Интихоби касб” бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ ва омўзгорон семинари илмӣ гузарониданд.
Рўзи 19.03.2020 дар толори ПРМ АТТ бо иштироки олимони АТТ мизи мудаввар зери унвони «Наврўз омили муҳимми тарбия» доир гардид, ки дар он Лутфуллоева П суханронӣ намуд.
— Рўзи 10. 04. 2020 кормандони шуъба дар МТМУ 100 дар мавзўи “Усулҳои муосири оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон” семинари илмӣ – методӣ гузарониданд.
Инчунин кормандони шуъба ният доранд, моҳи ноябр конференсия зери унвони Роҳҳои самарабахши татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҶТ барои то соли 2030” ва омўзиши ин забонҳо ҳамчун забони байналмилалии муошират” доир намоянд.
ИШТИРОК ДАР СЕМИНАРУ КОНФЕРЕНСИЯҲО:
№ | Номгўи чорабинии илмӣ | Намуд ва сатҳи чорабинии
илмӣ |
Макон ва санаи баргузории чорабинии илмӣ |
1. | «Фаъолияти ташкилию илмии Раёсати Академияи таҳсилотиТоҷикистон ва Осорхонаи маорифи АТТ дар соли 2019 ва вазифаҳо дар соли 2020» | Ҷаласаи раёсат | Рўзи 06.01.2020 дар толори ПРМ АТТТ |
2. | «Бо муаллифони стандартҳои фаннӣ ва китобҳои дарсӣ оид ба муносибати босалоҳият ба таълим» | Семинари омўзишӣ | Рўзи 04 — 05.02.2020 дар толори Китобхонаи миллӣ |
3. | «Таҳсилоти фарогир: омўзиши низоми таҳсилотии кўдакони дорои маъюбият» дар доираи Барномаи давлатии Япония «Бунёди якчояи дониш» | Семинари методӣ | Рўзи 06.02.дар ПРМ АТТ |
4. | “Бахшида ба ҷашни 27- умин солгарди Рўзи Артиши миллии ҶТ” | конференсия | Рўзи 21.02.2020 дар толори ПРМ АТТТ |
5. | Бахшида ба”Рўзи модарон” | Нишасти ҷашнӣ | Рўзи 06.03. дар ПРМ АТТ |
6. | Дар ҳошияи татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 дар мавзўи «Мушкилоти нарасидани оби нўшокӣ дар сайёра». | Конфренсияи илмию амалӣ | Рўзи 16.03.2020. дар толори ПРМ АТТ |
7. | «Наврўз омили муҳимми тарбия» | Мизи мудаввар | Рўзи 19.03.2020 дар ПРМ АТТ |
8. | «Сифати таҳсилот: мушкилот, технология, коркарди меъёрҳо ва нишондиҳандаҳо». | Конференсияи илмӣ-амалӣ | Рўзи 16.04.2020. дар толори ПРМ АТТ |
9. | «Образовательные учреждения и информационная грамотность». | семинар | Рўзи 23.04.2020. дар толори ПРМ АТТ |
10. | «Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст…». | Конфренсияи илмӣ-амалӣ | Рўзи 26.06.2020. дар толори ПРМ АТТ |
11. | «Забон – муҳимтарин унсури бақои миллат». | Мизи мудаввар | Рўзи 01. 10. 2020 дар толори ПРМ АТТ |
12. | «Омўзгор – равшангари ҷону дил». | Мизи мудаввар | Рўзи 02. 10. 2020 дар толори ПРМ АТТ |
13. | Арзёбии адабиёти кўдакона. | Мизи мудаввар | Рўзи 14. 10. 2020 дар толори ПРМ АТТ |
14. | Илмат ба амал чу ёр гардад … | Конфренсияи илмӣ- амалӣ | Рўзи 20. 10. 2020 дар толори ПРМ АТТ |
15. | “Роҳҳои беҳгардонии сифати таълим ва рушди фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ” | Конференцияи
илмӣ- методӣ |
Рўзи 04. 11. 2020 дар толори ПРМ АТТ |
16. | Конститутсия – бахтномаи миллат. | Конференцияи
илмӣ- амалӣ |
Рўзи 05. 11. 2020 дар толори ПРМ АТТ |
17. | Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. | Конференцияи
илмӣ- амалӣ |
Рўзи 13. 11. 2020 дар толори ПРМ АТТ |
18. | Парчами миллӣ-рамзи худшиносӣ. | Конференцияи
илмӣ- амалӣ |
Рўзи 20. 11. 2020 дар толори ПРМ АТТ |