Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.
Таълими фанҳои табиию риёзӣ методики омӯзиши онҳо баробари ташкилёбии Пажӯҳишгоҳ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Зеро ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри гузашта аз тарафи кормандони Пажӯҳишгоҳ барномаю нақшаҳои таълимии аввалин аз фанҳои физика, риёзӣ ва кимиё мураттаб гаштанд. Дар ин ҷода хизмати кормандони онвақта Х.Муҳаммадиев, В.Недакевский, М.Л.Гетсев назаррас аст.
Шуъбаи методиву барномасозӣ, ки ба ҳаллу фасли мавзӯъҳои таълими риёзӣ, физика, кимиё ва фанҳои дигар машғул буд, соли 1942 ба кабинетҳои алоҳида ҷудо гашт, ки дар ҳамон замон кабинети «Риёзӣ ва физика» ташкил ёфт. Аз соли 1972, ки дар Пажӯҳишгоҳ Шуъбаи таълими физикаю математика ташкил ёфт, ба проблемаҳои таълими физика Б.Раҳимов машғул буд. Соли 1992 «Лабораторияи таълими муштараку тафриқа ва масъалаҳои умумии тарбия» ба лабораторияҳои соҳавӣ ҷудо шуд. Яке аз он лабораторияҳои навбунёд лабораторияи табиию риёзӣ ба ҳисоб мерафт. Онро аз ибтидои ташкилшавиаш доктори илмҳои педагогӣ, академики АТТ У. Зубайдов сарварӣ менамуд.
Аз соли 2008 ба унвони «Шуъбаи арзёбии фанҳои табиӣ – риёзӣ» номгузорӣ шуд. Аз соли 2015 «Шуъбаи фанҳои табиию риёзӣ» ва аз соли 2019 «Шуъбаи фанҳои табиию риёзӣ ва технологияи иттилоотӣ» номгузорӣ шуд.
Кормандони шуъба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома» ва «Низомномаи» Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ-ро риоя намуда, дар татбиқу иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, Стандартҳои фаннӣ, Барномаҳои таълимӣ, «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» қарорҳои мушовараи ВМ ва ИҶТ ва фармоишҳои дахлдори Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузору масъуланд.
Аз соли 2020 асоси фаъолияти шӯъбаро татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, риояву иҷро ва таъмини қонунҳои амалкунанда, нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фаъолиятҳои инноватсионӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2015-2020, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020«Низомномаи намунавии тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои мушовараи ВМ ва ИҶТ ва фармоишҳои дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ташкил медиҳад.
Мақсад ва вазифаҳои кормандони илмии шуъба:
-гузаронидани корҳои илмию таҳқиқоти ва таълимию методӣ оид ба истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва ҷорӣ намудани технологияи муосири таълим дар раванди таълиму тарбия;
-омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ доир ба амалӣ гардонидани усулҳои муосири таълим аз фанҳои табиию риёзӣ;
-таҳқиқот оид ба амалишавии низоми нави таълим, таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва таҳсилоти миёнаи умумии 12 сола;
-таҳқиқ ва омӯзиши вазъи мавҷудаи базаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотию комунникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои табиию риёзӣ;
-мавриди таҳлилу таҳқиқ ва таҷдиди назар қарор додани стандартҳо, барномаю нақшаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ оид ба фанҳои табиию риёзӣ дар шароити гузариш ба низоми нави таълим ва ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони ватанӣ;
-таҳия ва пешниҳоди дастуру тавсияҳо доир ба истифодаи технологияи муосир, филмҳои таълимӣ дар раванди дарсҳо, сабти электронии таҷрибаҳои лабораторӣ аз фанҳои табиию риёзӣ;
-истифодаи воситаҳои аёнию дидактикӣ дар раванди машғулиятҳои амалӣ аз фанҳои табиию риёзӣ ва пешниҳоди тавсияҳо;
-таҳияи мақолаву дастурҳо доир ба таҷдиди низоми идоракунии иттилоотии марказонидашуда перомуни омори соҳаи маориф ва маълумоти дигар вазорату муассисаҳо;
-баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар) роҷеъ ба мушкилоти соҳа, тарғиби таҷрибаи пешқадам, навгароии таълиму тарбия, натиҷаи озмоишу таҳқиқот;
-таҳияи дастуру мақолаҳо роҷеъ ба нақшаи инфиродӣ дар ҳаҷми 4 — 4,5 ҷ.ҷ.;
-ширкат ва саҳм гузоштан дар ҷашнвораҳои давлатию миллӣ.
Мавзӯи шуъба “Муносибати босалоҳият ба таълим дар таҳсилоти миёнаи умумӣ ” буда, олимону кормандони илмӣ ба таҳқиқу баррасии низоми муосири таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо, анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияву такмили стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаю барномаҳо, таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмию методӣ ва дигар маводи таълимиву тарбиявӣ машѓул буданд.
Дар ҷараёни корҳои илмию таҳқиқотӣ соли 2016 мавҷудияту нигоҳдории технологияи иттиллотию коммуникатсионӣ истифодаи мақсадноки он омӯхтаву баррасӣ шуда, мушкилоти низоми таҳсилот оид ба мавзӯъ муайян гардид. Нақши технологияи муосир дар аз худнамоӣ ва рушди донишҳои замонавӣ равшан шуда, роҳҳои зиёд намудани ҳавасмандии хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ пешбинӣ гардид.
Гузашта аз ин масъалаҳои: «Раҳёфти муосири истифодаи технологияи иттилоотию иртиботӣ ҷиҳати афзудани ҳавасмандии хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ», «Роҳҳои беҳ гардонидани сифати таълими математика бо истифода аз технологияи иттилоотию иртиботӣ», “Асосҳои илмии истифодаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон ҳангоми таълими фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, “Истифодаи технологияи иттилотиву коммуникатсионӣ дар дарсҳои биология”, “Роҳҳои баланд бардоштани ҳавасмандии хонандагон ба омӯзиши фанни география дар шароити татбиқшавии рейтинги сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, “Ташаккули қобилияти зеҳнии хонандагон тавассути истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ва “Асосҳои илмии истифодаи технологияи иттиоолотӣ ва коммуникатсионӣ дар зиёд намудани завқи хонандагон ба фанни математика” мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.
Доир ба беҳ намудани сифати таълим, баланд бардоштани сатҳи дониш ва дурнамои пешрафти таҳсили хонандагон ба омӯзгорон тариқи мақолот тавсияҳо манзур шуданд.
Ҳамчунин дастурҳои таълимию методӣ бо номи “Машғулиятҳои беруназсинфии математикӣ: мазмун ва тарзҳои баргузорӣ”, “Истифодаи технологияи иттиллотию коммуникатсионӣ дар дарсҳои география ва биология”, Нақши технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар аз худ намудани донишҳои замонавӣ”, “Технологияи иттиллотӣ ва замони муосир” ва амсоли инҳо таълиф шуданд.
Гузашта аз ин стандарту барномаи таълим ва китоби дарсии «Астрономия» барои синфҳои 10 ва 11-и литсейҳо, ҳамчунин стандару барномаи таълим ва «Раҳнамои таълими математика барои синфҳои 5-6-» ва «Замима ба китобҳои дарсии синфҳои 5-6» -ро дар ҳаммуаллифӣ таҳия карданд , ки айни ҳол дар озмоиш қарор доранд.
Мутахассисон, иҷрокунандагони лоиҳа ҷиҳати расонидани ёрии амалӣ ба омӯзгорон бо истифода аз технологияи ҷадид 6 — дарси намоишӣ баргузор намуданд.
Вобаста ба корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони шуъба ду рисолаи илмӣ барои дифо омода карда шуда аст: “ Асосҳои методии самаранокии системаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони фанни математика дар мисоли ҶТ” Қурбонов С.Р. ва “ Асосҳои педагогии ташкили корҳои амалӣ аз фанни география ва нақши он дар ташаккули салоҳиятҳои хонандагони синфи 6-9” Убайдов М. , 3 барнома (стандарт ва барномаи математика барои синфҳои 5-11”, «Барнома ва модули намунавии таълимии курси омӯзишӣ барои омӯзгорони фанни математика оид ба муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим » ва«Стандарт ва барномаи фанни «технологияи иттилоотӣ» барои синфҳои 5-11»), 28 дастури методию таълимӣ ва зиёда аз 24 мақолаи илмӣ ба табъ расиданд.