ШУЪБАИ МАКТАБҲОИ КАМНУФУС ВА ТАҲСИЛОТИ АҚҚАЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ

     Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.

       1.Шуъба соли 2012 ташкил  шудааст ваЭто изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - ШУЪБАИ-МАКТАБҲОИ-КАМНУФУС-ВА-ТАҲСИЛОТИ-АҚҚАЛИЯТҲОИ-МИЛЛӢ.jpg доир ба омӯзишу баррасии масъалаҳои шароити ташкили ҷараёни фаъолияти педагогӣ дар мактаб (синфҳо) – и камнуфус, салоҳияти тахассусии муаллимони ин макотиб ва дигар масоили мубрам пажӯҳиш анҷом медиҳад. Паҳлуҳои дигари омӯзишу парвариш, аз қабили теъдоди макотиби камнуфус, маҳали ҷойгиршавӣ, шароити таҳсил ва ояндаи онҳо дар муҳити кишвар низ баррасӣ гардида, дар ин бахш иттилооти муҳим ва зарурӣ ихтиёрдорӣ карда мешавад.

Мактаб (синф)- и камнуфус (мактаби миёна, асосӣ ва ибтидоие, ки теъдоди талабагони онҳо кам (на беш аз сад нафар) маҳсуб ёфта, дар деҳаҳои дурдаст ё алоҳидаи хурд ташкил карда мешаванд.  Ин кор ба хотири амалӣ сохтани таълими ҳатмии умумӣ сурат мегирад. Хушбахтона дар кишвари мо танҳо мактабҳои (синфҳои) камнуфус дар зинаи аввали таҳсил фаъолият мекунанд, яъне танҳо хонандагони синфҳои ибтидоиро дар бар мегиранд. Чунин мактабҳо (синфҳо) дар Федератсияи Россия, Украина, Полша, Финляндия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон ва кишварҳои дигар ҳам амал мекунанд. Аз байн бурдани чунин мактабҳо душвор ва ҳатто дар айни замон ғайриимкон аст, зеро дар замони муосир мардум барои таъмини рӯзгор маҷбуранд ба минтақаҳои дигари кишвар (дар мамлакати худ) ва ё ба кишварҳои дигар кӯч банданд.

Мусаллам аст, ки мактабҳои (синфҳои) камнуфус дар деҳаҳои хурду камаҳолӣ, ки дар онҷо теъдоди хонандагони синфҳои 1- 4, 5-6, 7-8 кам аст, ташкил карда мешаванд.

Ошноӣ бо чунин муассисаҳои таҳсилотӣ ошкор сохт, ки дар кишвари мо ҳам мактабҳо ва ҳам синфҳои камнуфус фаъолият доранд. Ва қариб ҳамаи ин муассисаҳои таҳсилотӣ шуъбаи (филиали) мактабҳои асосӣ ва миёна маҳсуб мегарданд.

Бар иловаи мактабҳои камнуфус дар назди мактабҳои асосӣ ва миёна синфҳое фаъолият мекунанд, ки дар инҳо теъдоди талабагон кам ва аз ҳисоби хонандагони синну соли гуногун пурра карда шудаанд. Ин гуна синфҳо дар деҳаҳои калон ва марказҳои ноҳия ҳам буда метавонад. Чунин синфҳо асосан ба ақаллиятро ташкил додани аҳолии дар он маҳал сукунатдошта марбут аст.

Табиист, ки ташкили раванди таълиму тарбия дар мактабҳои камнуфус вижагиҳои худро дорад. Амалӣ сохтани вазифаҳои асосии маълумот дар маҷмӯъ иборат аз мунтазам қонеъ гардонидани талаботи инсон ба инкишоф, равона кардани қобилиятҳои ӯ ба ҷустуҷӯ ва дарёфти тарзи ҳаёти солим, таъмини рушди иҷтимоии ҷамъият, давлат ва ҳифзи табиат мебошад, ки бидуни бунёди фазои корӣ дар ҳама гуна навъи мактабҳо ғайриимкон аст.

Мушкилоти мактабҳои камнуфусро метавон ба се гурӯҳ тасниф кард:

  • Мушкилоте, ки ба ташкили раванди таълимию тарбиявӣ иртибот дорад.
  • Мушкилоти таёр намудани омӯзгорони соҳибтахассус.
  • Мушкилоти камбуди маводи таълимӣ, методӣ ва техникӣ.

Таъмини низоми мавҷудаи маориф ошкор сохт, ки он дар марҳилаи буҳронӣ қарор дошта, ба дастгирии давлату ёрии ҷомеа ниёз дорад. Ин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати маориф тамоми тадбирҳоро меандешад, ки фаъолияти соҳа ба низом дарояд ва ҷавобгӯи талаботи давру замона бошад.

Мактабҳои камнуфус дар робита ба ин нуқтахо нисбат ба мактабҳои муқарррарӣ бартариҳо доранд: омӯзгор махсусияти инфиродӣ ва шароити зиндагии ҳар як талабаро медонад, имконияти бештари кор бо оиларо дорад, ки бо чор –панҷ нафар хонанда ба роҳ мондани таълими инфиродиро татбиқ менамояд. Ташкилу нигаҳдории чунин мактабҳо душвориҳои иқтисодӣ ба бар орад ҳам, дар низоми маориф онҳо лозиманд, зеро омили муҳими иҷтимоӣ ҳисоб мешаванд.

Мактабҳои камнуфус дар робита ба ин нуқтахо нисбат ба мактабҳои муқаррарӣ бартариҳо доранд: омӯзгор махсусияти инфиродӣ ва шароити зиндагии ҳар як талабаро медонад, имконияти бештари кор бо оиларо дорад, ки бо чор –панҷ нафар хонанда ба роҳ мондани таълими инфиродиро татбиқ менамояд. Ташкилу нигаҳдории чунин мактабҳо душвориҳои иқтисодӣ ба бар орад ҳам, дар низоми маориф онҳо лозиманд, зеро омили муҳими иҷтимоӣ ҳисоб мешаванд.

Ходимони илмии ботаҷриба, мутахассисони касбии педагогӣ аз қабили С. Амонӣ Д. Имомназаров, Б. Буриев ва дигарон оид ба проблемаҳои гуногуни мактабҳои камнуфус пажӯҳиш анҷом додаанд.

Шуъбаи мазкур аз моҳи январи соли 2015 бо номи «Шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва рушди мактабҳои камнуфус» фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2015 ҳамчун бахш то моҳи декабри соли 2019 бо номи «Бахши омӯзиши масъалаҳои мактабҳои камнуфус фаъолият кардааст. Аз моҳи январи соли 2020 ҳамчун «Шуъбаи мактаби (синфи) камнуфус ва таҳсилоти ақалиятҳои миллӣ» фаъолият намуда истодааст.

Айни ҳол мудирии шуъбаро Г. Ш. Ҷонмаҳмадова ба дӯш дошта, ходими пешбари илмӣ Мирбобоева Б. ва ходими калони илмӣ Салоҳиддинова Г. якҷоя фаъолият мебаранд.

Шуъбаи мактаби (синфи) камнуфус ва таҳсилоти ақалиятҳои миллӣ қонунҳои зеринро: Қонуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», “Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017”, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2020 ва марҳилаи баъдӣ сармашқи кори худ карда чунин вазифаҳоро иҷро менамояд.

Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва мақсаду вазифаҳои кормандони шуъба:

— Мавриди таҳлилу таҳқиқ ва таҷдиди назар қарор додани cтандартҳо, барномаю нақшаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ оид ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ.

— Ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони дохилию хориҷӣ ва собиқадорони варзидаи ин соҳа ҷиҳати таълифи барномаю китобҳои дарсӣ, маводи методӣ ва ёрирасон баҳри баланд бардоштани донишу малака ва маҳорати хонандагон.

— Пажӯҳиш ва эҳёи унсурҳои миллии тарбия, ба василаи муҳими  инкишофи   ҳамаҷонибаи шахс табдил додани он ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ ва фарҳангӣ.

— Пешниҳоди дастур оид ба вусъати тоза бахшидани ҷараёни ташкили шароити педагогӣ дар макотиби камнуфус.

— Таҳияи мавод ҷиҳати ҳавасмандсозии хонандагон ба донишомӯзӣ ва фаъолияти мустақилона.

— Омода сохтани маводи таҳқиқотӣ оид ба хусусиятҳои амалии мазмуни таҳсилот ва ба андеша водор сохтани хонандагон.

— Муайян намудани механизми низоми пешбинии талаботи минбаъда ба кадрҳои тахассусӣ.

— Таҳия ва коркарди маводи таълимии ватанпарастӣ доир ба дарки мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан.

— Муайян сохтани роҳҳои ташаккули тарбияи зебопарастии кӯдакону наврасон ҳамчун омили инкишофи шахсият.

— Анҷом додани таҳқиқот оид ба рушди фаъолияти мактаби камнуфус ва ақалиятҳои миллӣ дар заминаи унсурҳо ва суннатҳои миллии тарбия.

— Саҳмгирӣ дар гузаронидани тадбирҳои тиббии «Тани солим — рӯҳи  солим» доир ба ҳифзи саломатии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон.

— Саҳм гирифтан дар таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ибтидоӣ бо омӯзорони соҳибихтисос ва воситаҳои аёнию дидактикӣ бо забони модарӣ.

— Пешниҳоди тадбирҳои мушаххас ва амалишаванда роҷеъ ба асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва демократикунонии соҳа.

— Пешниҳоди мақолаю тавсияҳо доир ба мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати гузаронидани тарбиявии беруназсинфию беруназмактабӣ.

— Таҳияи дастурҳои методӣ оид ба таъмини бехатарии хонандагон дар ҷараёни таҳсилот.

— Таҳияи дастурҳо оид ба ташаккули тарбияи меҳнатии хонандагон дар заминаи суннат ва арзишҳои миллӣ.

Аз натиҷаи пажӯҳиши кормандони илмии шуъба мақолаҳо ва дастурҳои зерин таҳия шуда ба табъ расиданд:

Мирбобоева Б. «Ҷадвали дарсӣ ва роҳҳои ба нақша гирифтани соатҳои таълимӣ дар мактабҳои камнуфус / Б. Мирбобоева // Маърифати омӯзгор.- №8,-2019, саҳ19-24,

Мирбобоева Б. «Инкишофи нутқ ва ислоҳи талаффузи овозҳо дар нутқи кӯдакони синни хурди мактабӣ» ба маҷаллаи Маҷмӯаи мақолаҳо барои конференсияи V, байналмилалии “Таҳсилоти фарогир:мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли он”, Душанбе 2019 -151с, саҳ 104- 107,

Мирбобоева Б. Нақши технологияи иттилоотии муосир дар ташкили ҳамкорӣ байни оила ва мактаб – талаботи замон/ Б. Мирбобоева // Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф.- № 4 (28), -2019. с. 84 – 88

Мирбобоева Б. Ҳамкории мактаб ва оила- заминаи асосии ташаккули фаъолияти эҷодии хонандагон дар омӯзиши технологияи муосир / Б. Мирбобоева // Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. — №1(34),- 2020, — саҳ 57- 62.

Мирбобоева Б. Истифодаи технологияи муосири таълим дар мактабҳои камнуфус. / Б. Мирбобоева // Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. — №2(35),- 2020, саҳ 93- 97.

Мирбобоева Б. Ҳамкории хонавода ва мактаб дар шароити фазои иттилоотии муосир / Б. Мирбобоева. — Душанбе: Нигор, 2020. — 89 с.

Джонмахмадова Г.Ш. Формирование компететности учащихся начальных классов в процессе выполнения самостоятельных работ на уроках русского языка в малокомплектных школах /Г.Ш.Джонмахмадова// Вестник Института развития образования. — 2019, .- №1 (25). -С. 81-90. ISSN 2617- 5620

Джонмахмадова Г.Ш. Применение инновационных технологий на уроках русского языка малокомплектной школы в условиях реализации компетентностного подхода /Г.Ш.Джонмахмадова// Вестник Института развития образования. — 2019, .- №2 (26). -С. 231-237. ISSN 2617- 5620

Джонмахмадова Г.Ш. Тест как форма контроля на оценки знаний учащихся по русскому языку в системе формирования коммуникативной компетенции /Г.Ш.Джонмахмадова// Вестник Академии образования Таджикистана. — Душанбе, — 2019. — №2 (31). – 2019. -С. 69- 76. ISSN 2222-9809

Джонмахмадова Г.Ш. Преподавание русского языка с учётом современных требований /Г.Ш.Джонмахмадова// Вестник Академии образования Таджикистана. — 2019, .- №3 (32). -С. 57-62. ISSN 2222-9809

Джонмахмадова Г.Ш. Методика составления тестовых заданий на основе текста /Г.Ш.Джонмахмадова// Актуальные проблемы филологии и лингводидактики: сб.науч. ст. /- Душанбе. РТСУ. — 2019. – 540 с. — С. 318-324.

Джонмахмадова Г.Ш. Способы  реализации инновационных технологий в общеобразовательной школе с таджикским языком обучения /Г.Ш.Джонмахмадова//Проблемы формирования вторичной языковой личности на занятиях в школе и вузе (6-7 марта 2020г.): сб.науч. ст. /- Душанбе: РТСУ. -2020. – 183 с. – С. 38-43.

Джонмахмадова Г.Ш. Методика проведения урока русского языка в малокомплектной школе /Г.Ш.Джонмахмадова// Вестник Института развития образования. — 2020, — №1 (29). –С. 62- 68. ISSN 2617- 5620

Джонмахмадова Г.Ш. Методика организации и проведения тестового экзамена по русскому языку /Г.Ш.Джонмахмадова// Вестник Академии образования Таджикистана. -2020, — №1 (34).- С 31- 38. ISSN 2222-9809

Джонмахмадова Г.Ш. Формирование познавательных компетенций учащихся посредством информационно-коммуникационных технологий на уроках русского языка /Г.Ш.Джонмахмадова/ — Душанбе: Нигор, — 2020. — 80 с.

Джонмахмадова Г.Ш. Формирование ключевых и предметных компетенций в процессе обучения русскому языку /Г.Ш.Джонмахмадова//Опыт и перспективы обучения иностранным языкам в евразийском образовательном пространстве. – Выпуск 5: сб.науч. ст.  — Барнаул, — 2020. -134 с. — С. 12-21

Джонмахмадова Г.Ш. Развитие ключевых и предметных компетенций при обучении русского языка таджикской школы /Г.Ш.Джонмахмадова// Вестник Академии образования Таджикистана. — 2020, — №2 (35). –С. 81- 86. ISSN 2222-9809

Джонмахмадова Г.Ш. Об инновационных подходах к организации учебной деятельности школьников и студентов /Г.Ш.Джонмахмадова// Актуальные проблемы филологии и лингводидактики (29 октября 2020г.): сб.науч. ст. — Душанбе: РТСУ, — 2020. – 180 с. — С.52-59.

Джонмахмадова Г.Ш. и др., Летняя школа 2 класс. Книга для ученика. / Г.Ш. Джонмахмадова, И.А. Панчихина. — Душанбе: Матбаа, 2020. — 54 с.

Джонмахмадова Г.Ш. и др., Летняя тетрадь по русскому языку, математике чтению 3 класс. Книга для ученика. / Г.Ш. Джонмахмадова, Л.А. Беназирова. — Душанбе: Матбаа, 2020. — 60 с.

Джонмахмадова Г.Ш. Виды лингвистического анализа по русскому языку в школах с русским языком обучения / Г.Ш. Джонмахмадова. — Душанбе: Матбаа, 2020. — 48 с.

Салоҳиддинова Г.Н. Раванди таълиму тадрис дар мактаб (синф)-ҳои камнуфус/Г.Н.Салоҳиддинова//Маърифати омӯзгор. — №11,-2019,-С. 37-38.

Салоҳиддинова Г.Н. Технологияи инноватсионӣ – кафолати сифати таҳсилоти фосилавӣ /Г.Н. Салоҳиддинова// Маорифи Тоҷикистон. -2020,- С. 42-46.