Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.
Шуъбаи технологияи инноватсионии таълим ва гузариш ба таҳсилоти 12-сола 1. 01.2019. таъсис ёфтааст. Шуъбаи мазкур 1. 01. 2013 бо номи Шубаи илм ва инноватсия соли 1. 01. 2018. бо номи муносибати босалоҳият мавҷуд буд.
Гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, таълими ҳатмии асосии 10-сола ва таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола тақозои замон буда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (бо назардошти тағйиру иловаҳои дар соли 2010 воригардида) амалӣ мегардад.
Мақсад аз гузариш ба ин низом пайвастан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва ҳамқадами замон будан ба хотири таъмини фардои ҷомеа мебошад.
Гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз тадбирҳои ба сатҳи умумибашарӣ наздик сохтани низоми таҳсилот дар ҷумҳурӣ, гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (таҳсилоти 12-сола) мебошад, ки зарурати он ҳанӯз соли 1997 дар Созишномаи ҳамкорӣ оид ба ташкили фазои ягонаи таҳсилоти Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Низомномаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Консепсияи ягонаи таҳсилоти Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 таъкид шудааст.
Дар ин замина «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2010, №207 тасдиқ гардид.
Гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар заминаи принсипҳои асосии сиёсати давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар соҳаи маориф, тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот таҳия шудааст. Бо назардошти исботи гуфтаҳои боло барои амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2010, №207 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи «Барномаи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017» омода гардид.
Бахши омӯзиши масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти 12- сола бо расидагӣ ба моҳият, зарурат ва аҳдофи гузариш маълумот ва иттилооти мавриди ниёзро дар ихтиёр дорад. Дар робита ба ин тибқи барномаи мазкур таҳияи ҳуҷчатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва пояи кадрии онҳо, таъмиру тармим ва эъмори мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Яке аз омилҳои асосии амалигардонии барномаи мазкур маблағгузорӣ маҳсуб ёфта, дар робита ба он маблағҳои зарурӣ ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ он низ мушаххас нишон дода шудааст.
Айни ҳол кормандони бахш Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома» ва «Низомномаи» Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ-ро риоя намуда, дар татбиқу иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, Стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълимӣ, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи ВМ ва ИҶТ ва фармоишҳои дахлдори Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузору масъуланд.
Асоси фаъолияти кормандони бахшро татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, татбиқин низоми нав дар таҳсилот ташкил медиҳад.
Муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми фаъолият тибқи Кодекси меҳнат ва дигар қонунҳои вобаста ба меҳнат танзим карда мешавад.
Мақсад ва вазифаҳои кормандони илмии бахш:
-мураттаб ва дастрас намудани дастуру маводи методӣ ва дигар дастурҳо барои баррасии масъалаи таълим ва фаъолияти тарбиявӣ дар ҷараёни таҳсилоти 12-сола;
-ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони бахш дар таҳияи стандарти давлатии таҳсилот, стандартҳои фаннӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, воситаҳои илмию методӣ ва аёнӣ;
-омӯзиши стандарти давлатии таҳсилот, стандартҳои фаннӣ, нақшаю барномаҳои таълимии кишварҳои ҳамсоя ва пешқадам;
-чопи дастур, барнома ва воситаҳои таълимию тарбиявӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба масъалаи гузариш ба таҳсилоти 12-сола;
-иштирок дар таҳияи ҳуҷҷатҳои таълимию меъёрӣ ва методӣ оид ба масъалаи гузариш ба таҳсилоти 12-сола;
-омӯхтани дастовардҳои пешқадами таълиму тарбияи муассисаҳои таълимию тарбиявии ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои хориҷа оид ба масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти 12-сола;
-таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои дахлдор новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идорӣ бо маводи зарурии ҳуҷҷатгузорӣ, расмӣ, методӣ оид ба масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти 12-сола;
-ҳамкорӣ бо васоити ахбори умум, ташкил намудани барномаҳои таълимӣ дар радио ва телевизион оид ба масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти 12-сола;
-иштирок дар чорабиниҳо оид ба баррасии масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти 12-сола;
-ташкили бонки иттилоот оид ба масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти 12-сола;
-таъмини назорати фаъолияти кормандони Бахш оид ба иҷрои Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти 12-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои давлатӣ, фармонҳо, қарорҳои мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таълимӣ оид ба масъалаи гузариш ба таҳсилоти 12-сола;
-мураттаб кардани нақшаю барномаҳои таълимӣ, омӯзишу санҷишҳо дар мувофиқа бо вазорату идораҳо, ташкилот ва муассисаҳои дахлдор, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ оид ба масъалаи гузариш ба таҳсилоти 12-сола;
-омӯзиш ва амалӣ кардани дастовардҳои педагогикаи муосир, методикаи таълими фанҳои таълимӣ ва равоншиносӣ оид ба масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти 12-сола;
-пешниҳоди ахбори зарурӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ;
-амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ;
-ёрии илмию методдӣ ба сохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, раёсати маорифи вилоятӣ, шуъбаҳои маорифи шаҳрӣ, ноҳиявӣ дар масъалаи гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола ;
-дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳои таълимию тарбиявии Вазорати маориф, идораю шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ баҳри беҳдошти таҳсилоти 12-сола ёрии амалӣ мерасонад.
-баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар) роҷеъ ба мушкилоти соҳа, тарғиби таҷрибаи пешқадам, навгароии таълиму тарбия, натиҷаи озмоишу таҳқиқот ва татбиқи низоми нави таҳсилот;
-таҳияи дастуру мақолаҳо роҷеъ ба нақшаи инфиродӣ дар ҳаҷми 4 — 4,5 ҷ.ҷ.;
-ширкат ва саҳм гузоштан дар ҷашнвораҳои давлатию миллӣ.
Маҳсули эҷодии кормандони шуъба:
- Мазмун ва вазифаҳои таҳқиқоти педагогӣ доир ба татбиқи нерӯи педагогии муҳити бисёрфарҳангаи таҳсилотӣ дар ғанигардонии таҷрибаи маънавии донишҷӯён. Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Силсилаи илмҳои педагогӣ ва психологӣ. Душанбе, №2 (30) С. 251 –
- Оид ба масъалаҳои назариявии ғанигардонии таҷрибаи маънавӣ-ахлоқии донишҷӯён дар муҳити бисёрфарҳангии таҳсилотии мактаби олӣ. Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Душанбе 2020, №2, (35). – С. 49– 57
- Самаранокии истифодаи нерӯи муҳити бисёрфарҳангии таҳсилотӣ дар ғанигардонии таҷрибаи маънавӣ-ахлоқии донишҷӯён. Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Душанбе 2020, №1, (34).–С. 15– 24.
- Татбиқи ғояҳои ташаккули эътиқоди маънавӣ-ахлоқии хонандагони
- синни калони мактабӣ ҳангоми истифодаи маводи маҳаллӣ аз химия (дар ҳаммуаллифӣ).
- Масъалаҳои мубрами ташаккули ҳамгироии донишҳои ахлоқӣ ва рафтори хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар муҳити мактаб ва оила (дар ҳаммуаллифӣ) Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2019. № 3. – С. 308–314.
- Значение и содержание совместной деятельности учителей начальных классов и семьи по реализации семейных традиций и обычаев (в соавторстве) Вестник Таджикского национального университета. – Душанбе, №2. – С. 238–243.
- Применения дифференцированного обучения к учащимся начальных классов на этапах учебного процесса Вестник Таджикского государственного педагогического университета. (в соавторстве). Душанбе. – 2018. – №3 (75). – С.31–39.
- Салоҳияти касбии омӯзгори фанни таърих. ППРМ АТТ, 2017
- Истифодаи воситаи аёни дар таълим омили асссоии инкишофи тафаккури хонандагон ППРМ АТТ, 2018
- Барномаи таълимии фанни “Таърихи халқи тоҷик ” (барои донишҷӯёни ғайриихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ), Барномаи таълимӣ, 2019.
- Барномаи таълимии фанни “Таърихи халқи тоҷик” барои донишҷӯёни курси 2-и факултети таърих. Барномаи таълимӣ, 2019.
- Программа предмета «История таджикского народа» для студентов 1- го курса исторического факультета Барномаи таълимӣ, 2019.
- Программа предмета «История таджикского народа» для студентов 2 курса исторического факультета Барномаи таълимӣ, 2019.
- Нақши Технологияи иттилооти-комуникативӣ дар беҳ гардонидани сифати таълими забони модарӣ. Маҷаллаи Илм ва инноватсия №3-4 2016 (17). 14 саҳ.
- Ҷашни Сада ва нақши он дар тарбияи маънавии ҷавонон. Маҷаллаи Паёми пажӯҳишгоҳи рушди маориф№1, 2018 (21). 5 с аҳ.
- Нақши муносибати босалоҳият дар ташаккули шахсияти муҳассилин. Маҷаллаи Паёми пажӯҳишгоҳи рушди маориф№3, 2018 (23). 51-54 сах.
- Моҳияти муносибати босалоҳият дар таълим. Маҷаллаи Паёми пажӯҳишгоҳи рушди маориф№1, 2019 (25) саҳ 90-94;
- Зарурияти сиёсӣ, зеҳнӣ, психологӣ ва фарҳангии гузариш ба муносибати бо салоҳият ба таълим. Маҷаллаи Паёми пажӯҳишгоҳи рушди маориф №2, 2019 (26), саҳ.27-31;
- Роҳу воситаҳои ташаккули салоҳиятҳои таълимгирандагон дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ. Маҷаллаи Паёми пажӯҳишгоҳи рушди маориф №3, 2019 (27), 6 саҳ.
- Намунаи дарси адабиёт дар синфи 6. Маҷаллаи Паёми пажӯҳишгоҳи рушди маориф №4, 2019 (28), саҳ. 186-189;
- Тарбияи ахлоқию маънавӣ –омили асосии ташаккули шахсияти хонандагон. Маҷаллаи Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон №1, (34) 2020 саҳ.61-64;