ШУЪБАИ КАДРҲО

Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.

               Уҳдадори Мудири шуъбаи кадрҳо:

  • супориши роҳбарияти Пажӯҳишгоҳро сари вақт иҷро намояд;
  • ариза, шикоят ва дархости кормандонро қабул намояд ва ба онҳо ҷавоб гардонад;
  • ба ҳамаи соҳаи роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ ва Шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳ ҳуҷҷатҳои заруриро тайёр ва пешниҳод намояд;
  • ба рухсатии меҳнатӣ рафтани кормандони Пажӯҳишгоҳро зери назорат гирад;
  • дар кори комиссияи тарификатсия ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия намудани лоиҳаи фармонҳо дар бораи муқаррар намудани моҳонаи кормандони Пажӯҳишгоҳ иштирок намояд;
  • ба роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ дар мустаҳкам намудани интизоми меҳнат ёрӣ расонад;
  • аз болои ҷувздонҳои шахсии кормандони маъмурӣ, ашхоси ёрирасон дар корҳои таҳқиқотӣ ва хоҷагидорӣ назорат барад;
  • бо фармону дастурҳои зарури кормандони шуъбаи кадрҳоро шинос намояд;
  • феҳристи ҳуҷҷатҳои шуъбаро ҷобаҷо намояд;
  • роҳбарии умумии кори мутахассисон, банақшагирии чорабиниҳои шуъба ва амалӣ гардонидани онҳоро таъмин намояд;
  • бо ҳуҷҷатҳои қабул ва аз кор сабукдӯшкунии мутахассисон, фармонҳо шинос шуда иҷрои онҳоро назорат кунад;
  • дар ҳамкорӣ бо мудирони шуъбаву, бахшҳои Пажӯҳишгоҳ оид ба таъин кардан ва аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронидани мутахассисон ба директори Пажӯҳишгоҳ пешниҳодҳо менамояд;
  • ташкил кардани захираи мутахассисон ва таъмини онҳо бо ҷойи кор;
  • иштирок кардан дар танзими мутахассиисон дар вазифаҳо;
  • ба танзим овардан ва назорат кардани тартибу интизоми меҳнатӣ, назорат аз болои риояи реҷаи корӣ, таҳлилу баррасӣ ва ҷамъбасту паҳн кардани натиҷаҳои мусбати кор бо мутахассисон;
  • бевосита дар назди директор масъул буда, вазифаҳои хадамотии ҳуқуқиро таъмин менамояд;
  • дар самти таёр намудани шартномаҳо, қарордодҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ масъул буда, онҳоро бо шуъбаву бахшҳои Пажӯҳишгоҳ мувофиқа мекунонад;
  • назорати мувофиқати фаолияти шуъбаву бахшҳо бо қонунгузорӣ, иҷрои шартнома ва қарордодҳои баимзорасидаро таъмин менамояд;
  • оид ба мутобиқати раванди кори Пажӯҳишгоҳ ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба директор пешниҳодҳо ирсол менамояд. Инчунин дигар супоришҳоеро иҷро менамояд, ки аз ҷониби директор ба зимааш гузошта шудаанд.
  • аз назар гузаронидан ва омӯзишу таҳлили аризаҳо, мактубҳо,пешниҳодҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии аз тарафи мутахассисон воридшавандаеро.

Бояд донад: асосҳои қонуниятҳои меҳнатӣ, дастурамалҳо ва дигар нишондодҳои роҳбарикунандаро, ки ба масоили кор бо мутахассисони Пажӯҳишгоҳ дахл доранд. Қайди ҳайати кормандон ва бо тартиб нигоҳ доштани хуҷчатҳои онҳо дар бахши кадрҳо. Мувофиқи дастурамалҳо ба кор қабулкунӣ, аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронидан ва аз кор озодкунии ҳайати кормандон. Ба ҳар як корманди Пажӯҳишгоҳ кушодани дафтарчаҳои меҳнатӣ, ботартиб пур намудан ва нигоҳ доштани онҳо.

Талаботи тахассусӣ: маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва собиқаи кории умумии 5-сола дар вазифаҳои роҳбарикунанда.

Дастурамали вазифавии коргузори шуъбаи кадрҳо:

            Вазифаҳои хизматӣ: Коргузори шуъба мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқи вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи табъу нашр», низомномаи мактаби олӣ, низомномаи китобхона, фармонҳо, дастурҳо ва мактубҳои ВМ ва ИҶТ, фармонҳо, дастурҳои директору ҷонишинони он, қарорҳои Шӯрои олимони Пажӯхишгоҳ, дар фаъолияти худ истифода мебарад,  ва онро ба тамоми шуъбаву бахшҳои Пажӯҳишгоҳ месупорад.

  • сари вақт ва бо сифат тартиб додани лоиҳаи фармоишҳои директории Пажӯҳишгоҳ оид ба қабул, ҷойивазкунӣ, ва аз кор озод намудани кормандон;
  • бақайдгирии ҳамагуна ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки аз тарафи директори Пажӯҳишгоҳ тасдиқ карда мешаванд;
  • тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафарҳои хизматӣ фиристода мешаванд;
  • назорат аз болои риояи қонунгузории меҳнат ва мустаҳкам намудани интизоми истеҳсолӣ-меҳнатӣ;
  • бурдани корҳои расмӣ бо ҳайати кормандони Пажӯҳишгоҳ;
  • дар кори ба вазифаҳо таъин кардани ҳайати кормандони Пажӯҳишгоҳ ширкат варзида, барои ҳар яки онҳо ҷувздонҳои инфиродӣ тартиб медиҳад;
  • ба танзим овардан ва нигоҳ доштани ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳайати кормандони Пажӯҳишгоҳ (ҷувздонҳои шахсӣ, дафтарчаҳои меҳнатӣ ва ҲК) дар шуъбаи кадрҳо;
  • ба ҳар яккорманди Пажӯҳишгоҳ кушодани дафтарчаҳои меҳнатии алоҳида ва бо тартиб пур намудани онҳо дар давоми фаъолияти кормандон;
  • назорат аз болои риояи қонунҳои меҳнатӣ аз тарафи мудирони шуъбаву бахшҳо;
  • тайёр намудани фармонҳо оид ба аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронидан ва аз кор сабукдӯш кардани ҳайати кормандони Пажӯҳишгоҳ;
  • дар вақти муайян ба танзим даровардан ва ба бойгонии Пажӯҳишгоҳ супоридани ҷувздонҳои шахсии ҳайати кормандони Пажӯҳишгоҳ;
  • дар муҳлати муайян нусхабардорӣ кардан ва ба шуъбаҳову сохторҳои лозима расонидани нусхаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ;
  • дар якҷоягӣ бо иттифоқи касаба тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи кормандони Пажӯҳишгоҳ;
  • омода намудани ҳисоби омории ҳайати кадрии Пажӯҳишгоҳ ва такмили ихтисоси онҳо;
  • назорат аз болои риояи қонуниятҳои меҳнатӣ аз тарафи шуъбаҳои Пажӯҳишгоҳ;
  • супоришоти алоҳидаро доир ба масоили мутахассисон иҷро менамояд;

Бояд донад: асосҳои қонунҳои меҳнатӣ дар хусуси ба кор қабул кардан, аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронидан ва аз вазифа озод кардани ҳайати кормандони макотиби олӣ, дастурамалҳо доир ба қайди ҳайатишахсӣ, тартиби кушодан ва пур кардани дафтарчаҳои меҳнатию парвандаҳои шахсӣ ва нигоҳ доштани онҳо, рӯйхати вазифаҳои тасвибӣ дар макотиби олӣ.

Талаботи тахассусӣ:маълумоти олӣ ва касбӣ бе талабот ба собиқаи корӣ.