МУҲОСИБОТ

Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.

Дастурамали вазифавии сармуҳосиб:

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - МУҲОСИБОТ.jpg

            Вазифаҳои хизматӣ:

  • дар асоси «Оиннома» ва «Низомнома»-и Пажӯҳишгоҳ сармуҳосиб роҳбарии кори ҳисобдориро доир ба ташкили ҳисоби фаъолияти молиявӣ-хоҷагии Пажӯҳишгоҳ ба зимма гирифта, оид ба фаъолияташ дар назди Вазорати маориф ва илми ҶТ ва директор, муовинони директор, ва органҳои дахлдор ҷавобгар мебошад.
  • дар асоси риояи қонуну коидаҳои мавҷуда ва мутамарказ ташкил ва дурусту самаранок бурдани ҳисобу китоби муҳосибӣ;
  • дар асоси васеъ истифода бурдани мошинаҳои ҳисоббарорӣ ҷорӣ намудани намудҳо ва усули пешқадами ҳисоби муҳосибӣ;
  • ҳисоби дуруст ва саривақтии воситаҳои пулӣ, молу маводи арзишнок ва фондҳои асосӣ, ҳуҷҷаттузории дуруст ва инъикоси амалиёт дар суратҳисобҳои муҳосибӣ, ки ба ҳаракати ҳамин воситаҳо алоқаманданд;
  • ҳисоби дуруст ва иҷрои ҳамаи амалиёти молиявӣ, фардӣ ва ҳисобӣ, муқоисаи ҳамаи ҳисобҳои Пажӯҳишгоҳ бо бонк ва муассисаҳои дигар;
  • дуруст ва саривақт ҳисоб намудан ва гузаронидани андозҳои давлатӣ, ҳисоботии дигар, инчунин хароҷот доир ба таъмири капиталӣ;
  • риояи қатъии кори шӯъбаи хазинавӣ ва ҳисоббароркунӣ, дуруст ва мақсаднок истифода бурдани воситаҳои пулӣ, риояи қоидаҳои навишти чек ва нигоҳ доштани он;
  • дуруст ва сари вақт баровардани натиҷаҳои бо рӯйхатгирии маводи арзишнок ва нишон додани онҳо дар суратҳисобҳои ҳисоби муҳосибӣ;
  • саривақту дуруст танзим намудани мавод аз рӯйи норасоиҳо, талафкориҳо, дуздии воситаҳои пулӣ. Молу ашёи қимматнок ва ба хуқуқшиноси Пажӯҳишгоҳ барои ба органҳои судӣ-тафтишотӣ равон намудан супоридани онҳо;
  • мувофиқи ҳуҷҷатҳои бовариноку аслӣ тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ ва саривақт ба идораҳои дахлдор равон намудани онҳо;
  • дар асоси тартиботи муайяншуда нигоҳ доштани бойгонӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ;
  • назорат аз болои сари вақт гузаронидани ба рӯйхатигирии ашё ва маводи арзишнок, фондҳои асосӣ, суратҳисобҳо ва уҳдадорихо;
  • ҷорӣ намудани назорати қатъӣ барои сари вақт баргардонидани қарзҳои дебиторӣ, барои дуруст харҷ намудани фонди музди меҳнат,ҳисобу китоб ва додани ҳамаи намудҳои мукофотпулиҳо ва ёрдампулиҳо, риояи рӯйхати тасвибии муқарраршуда, маошивазифаҳо, нақшаи молиявӣ ва дигар хароҷотҳои хоҷагӣ-маъмурӣ,инчунин барои риояи ҳисобҳо ва интизоми молиявӣ;
  • назорат аз болои асоснок ва қонунӣ аз cap соқит кардани норасоиҳо аз тавозуни муҳосибӣ,қарзҳои дебиторӣ ва воситаҳои дигар;
  • назорат аз болои дурусту сари вақт аз рӯйи тартиби муайян гузаронидан, аз нав нархгузорӣ ба молу ашъёи қимматнок;
  • имзо гузоштан ба ҳуҷҷатҳои шахсоне, ки ҷавобгарии молу мулк ба уҳдаашон аст, барои аз вазифа сабукдӯш шудан ва ё аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштан;
  • имзо гузоштан ба ҳисоботии муҳосибӣ ва тавозунҳои Пажӯҳишгоҳ, инчунин ба ҳисоботии оморӣ;
  • имзо гузоштан ба ҳуҷҷатҳое, ки ба қабул ва харҷи пул, инчунин дигар молу ашъёи қимматнок заруранд;
  • имзо гузоштан ба шартнома ва аҳдномахое, ки бо Пажӯҳишгоҳ баста мешавад, барои гирифтан ва харҷ намудани молу маводи қиматнок барои иҷрои кор, инчунин фармонҳо доир ба бартараф намудани музди якмоҳаи маош ва мукофотпулӣ;
  • қабул накардани ҳуҷҷатҳо барои иҷрои амалиёте, ки қонунҳои мавҷударо вайрон мекунанд;
  • дар ҳолати гирифтани фармоиш, ки муқобили қонунҳои мавҷуда ё тартиби бурдани ҳисоби муҳосибӣ ва ҳисобдихӣ мебошад, сармуҳосиб уҳдадор аст, ки то иҷрои он ба таври хаттӣ ба директории Пажӯҳишгоҳ оид ба ғайриқонунӣ будани фармоиш муроҷиат намояд;
  • дар ҳолати гирифтани тасдиқномаи хаттӣ оид ба қонунӣ будани фармоиши мазкур сармуҳосиб онро иҷро карда, ба роҳбарияти худ ё ба роҳбарияти муассисаҳои болоӣ фавран хабар медиҳад. Сармуҳосибе, ки оид ба иҷрои фармонҳои ғайриқонунӣ ба муассисаҳои дахлдори болоӣ хабар намедиҳад, дар қатори роҳбарияти корхона баҳри қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад;

—           Ихтилоф байни сармуҳосиб ва роҳбар бо якҷоягии ташкилоти болоӣ ҳал карда мешавад.

—           ширкат ва саҳм гузоштан дар таҷлили ҷашнвораҳои давлатию миллӣ.

            Бояд донад: низомномаҳо, фармонҳо ва дигар дастурамалҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои болоӣ, ки бо Пажӯҳишгоҳ тааллуқ доранд, ташкили меҳнат ва идоракунӣ, ташкили ҳисоби муҳосибӣ дар Пажӯҳишгоҳ, воситаҳои механикаи техникии ҳисоб ва хуқуқи шаҳрвандӣ, қонунҳои меҳнат.

            Талаботи тахассусӣ: маълумоти олӣ ва собиқаи кории молиявӣ — муҳосибӣ на камтар аз 5 сол.

Дастурамали вазифавии муҳосиб:

            Вазифаҳои хизматӣ: аз ҷумлаи мутахассиси соҳаи иқтисод бо пешниҳоди сармуҳосиб тибқи фармони директори Пажӯҳишгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

  • ҳисобу китоби ҳамаи суратҳисобҳо ва навиштани депонентҳо;
  • бурдани ҳисоббаробаркуниҳо бо корҳои илмӣ-тадқиқотии хоҷагӣ-шартномавӣ.
  • ширкат ва саҳм гузоштан дар таҷлили ҷашнвораҳои давлатию миллӣ.

            Бояд донад: асосҳои ташкили ҳисоби муҳосибӣ, тартиби гардиши ҳуҷҷатҳо аз рӯйи ҳамаи намудҳои ҳисобҳо, нақша ва суратҳисобҳои корреспондентӣ, қоидаҳои истифодабарии МЭҲ.

            Талаботи тахассусӣ: маълумоти олӣ бе собиқаи кории молиявӣ-муҳосибӣ.