Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.
Айни замон фонди китобхона аз 24553 (бисту чор ҳазору панҷсаду панҷоҳу се) нусха китоб иборат аст, ки онро:
- 21485 — китобҳои бадеӣ ва 678 китобҳои илмӣ,
- 558 — нусха автореферат,
- 292 — рисолаҳои номзадию докторӣ,
- 880- барнома,
- 670 — дастури методӣ ташкил медиҳад.
Дар китобхона 138 нафар одамон аъзо мебошанд.
Дар давоми 9 моҳи соли 2020 ба китобхона 33 нусха рисолаи хатм, 60 нусха автореферат,165 нусха китобҳои тозанашр, 12 нусха Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва 8 нусха Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон зам шуд.
Китобхона ба рӯзномаю маҷаллаҳо аз қабили «Садои Душанбе», «Мароми пойтахт», «Минбари халқ», «Ҷумҳурият», «Халқ овози», «Народная газета», «Помир», «Бонувони Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат» обуна гардидааст.
Дар як ҳафта 2 рӯзи мутолиаи осори тозанашр ва осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст. Коргарон мувофиқи реҷаи тартибдодашуда, омада бо китобу асарҳои бадеию илмӣ шинос мешаванд.
Тамоми китобу дастурҳои методие, ки ба китобхона ворид мегарданд, ба қайд гирифта рақамгузорӣ карда мешаванд. Аз ҷумла моҳи июл 53 адад китоби тозанашр қабул шуд.
Номгӯйи китобҳои қабулшуда:
- Тоҷики тамаддунофар, С.Бекзода;
- Тоҷикон, Таджики, қ.1,2,3, И.Усмонов;
- Наводир-ул-вақоеъ,қисми 1, А.Дониш;
- Мунтахаби ғазалиёт, Мирзо Ҷалоли Асир;
- Парешон, Ҳаким Қоонӣ;
- Нависандае, ки ба касе монанд нест, М.Шукруллоҳӣ;
- Ҷавонон ва бархӯрди қудратҳо, А.Муҳаммадиқбол;
- Гулдони ҳафтранг, М.Аҷамӣ;
- Хусусиятҳои луғавӣ ва услубии назми Нақибхони Туғрал;
- Масъалаҳои рушди адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри XV (доираи адабии Самарқанд), А.Абдуллоев;
- Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср, А.Набавӣ;
- Шарқ нозуксуханист, Озар Салаи;
- Ёддоштҳо, С.Айнӣ;
- Тоҷикон ва талошҳои таърихи онҳо барои озодии Ватан, Б.Ғафуров;
- Юсуф ва Зулайхо, Ҷ. Ҳозиқ;
- Шаҳписари Хайём, К.Насрулло;
- Занони сабзбаҳор, Гулрухсор;
- Асарҳои мунтахаб, қисми 1, Н.Маъсумӣ;
- Асарҳои мунтахаб, қисми 2, Н.Маъсумӣ;
- Трактат Амир Хусрава Дихлави «Эъджази Хусрави и традиции эпистолярного жанра в истории персидско-таджикской литературы (X- XIV), М.Нарзикул;;
- Куллиёти осор, А.Насриддин (7 адад);
- Ғайр аз хӯрдану пӯшидан, Урун Кӯҳзод;
- Маҷмуаи осор, А.Ҳаким (7 адад);
- Куруши қабир, Зулқарнайн;
- Андарзҳои бузургон (тарҷумаи Ю.Юсуфӣ);
- Мавлоно Ҷомӣ адиб ва мутафаккири номӣ, А.Афсаҳзод;
- Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт, М.Муллоаҳмад;
- Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ;
- Куллиёт, Сорбон, (11 адад).