Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.
Дастурамали вазифавии мудири хоҷагӣ:
Вазифаҳои хизматӣ: мудири хоҷагӣ масъули ҳаммаи фаъолияти хоҷагидории Пажӯҳишгоҳ ба ҳисоб рафта дар назди директории Пажӯҳишгоҳ ва муовинони директор масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
Мудири хоҷагӣ аз ҷумлаи мутахассиси баландихтисосӣ соҳа бо пешниҳоди муовинони директор тибқи фармони Директори Пажӯҳишгоҳ ба муҳлати 5 сол ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
- мудири хоҷагӣ вазифадораст, ки моликияти давлатӣ ва таҷҳизоти техникии хоҷагиро ҳифз карда, интизоми меҳнат, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
- мудири хоҷагӣ ба ҳамаи корҳои хоҷагидори масъул ва ҷавобгар мебошад.
- ширкат ва саҳм гузоштан дар таҷлили ҷашнҳои соҳавӣ ва давлатию миллӣ;
Бояд донад: маводҳои роҳбарӣ оид ба нақшагирӣ, ҳисоб ва таҳлили кори Пажӯхишгоҳ, асосҳои қонунгузории меҳнатӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, дуруст истифодабарии МЭҲ ва техникаи ҳозиразамон.
Талаботи тахассусӣ: маълумоти олии иқтисодӣ бе талабот ва собиқаи корӣ ва ё маълумоти миёнаи махсус бо собиқаи корӣ доир ба корҳои иқтисодӣ на камтар аз 3 сол.