Маълумоти мухтасар дар бораи таърих ва имрӯзи шуъба.
Лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф баноми Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар соли 2010, ки вобаста бо ташаббуси Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон «Соли Фарханги техникӣ» эълон шуда буд, ташкил шудааст. Кормандони лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома» ва «Низомномаи» Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ-ро риоя намуда, дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолиятҳои инноватсионӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2015-2020, қарорҳои мушовараи ВМ ва ИҶТ ва фармоишҳои дахлдори Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузору масъуланд.
Лабораторияи техналогияи муосири таҳсилот январи соли 2020 бо номи лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ иваз карда шуд. Аз 2-июни соли 2017 ба ҳайси мудири лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ Сафаров Мухҳаммад ва лаборанти калон Давлатов Муҳиддин таъин шуда, фаъолият доранд. Асоси фаъолияти кормандони лабораторияро татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, инноватсия-навигариҳо дар соҳаи илм, техника, технология, таълиму тарбия, истифодаи мақсадноки дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва пешниҳоди ақидаву андешаҳои созандаву пешқадам оид ба фаъолиятҳои инноватсионӣ ташкил медиҳад.
Мақсад ва вазифаҳои кормандони илмии лаборатория:
-таҳлили методҳои муосири таълим ва омӯзиши ҳолати татбиқи технологияи нави таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ;
-таҳияи пешниҳодҳо методҳои муосири таълим ва ҳамоҳанг сохтани онҳо бо усулҳои миллии самарабахши омӯзишу парвариш, ворид сохтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ба фаъолияти омӯзиш ва баланд бардоштани ҳуввияту арзишҳои фарҳанги милливу мардумӣ;
-таҳияи маводи илмию методӣ оид ба муносибатҳои нави таълим;
-таҳияи пешниҳодҳои нав оид ба ташкили омӯзишу истифодаи усул ва воситаҳои технологияи ахборию маърифатии муосир дар раванди таълим;
-дарёфти усулҳои истифодаи технологияи ахборӣ дар мактаб;
-дарёфти усулу воситаҳои ташхиси қобилияту маҳорати хонандагон ҳангоми шаклҳои гуногуни таълим;
-ҷамъбасти таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва таҳияи дастурҳо оид ба татбиқи технологияи навовари таълими ташхиси қобилияту маҳорати хонандагон;
-таҳқиқи арзёбии баҳогузории бисёрбала ба малака, маҳорат, дониши хонандагон ва такмили он;
-омӯзишу таҳлили ба низоми таҳсили 12 сола гузаштани мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ;
-таҳлили масъалаҳои муҳими педагогикаи мардумӣ ва иҷтимою фарҳангии таҳсилот, омӯзиши ҳолати муассисаҳои таълимии татбиқкунандаи барномаҳои дорои хусусияти миллию минтиқавӣ;
Самти фаоълияти лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ:
— Рушди салоҳиятҳои калидии хонандагон дар раванди омўзиши фанни физика;
— омўзиши паҳлуҳои самарабахши салоҳиятҳои калидии хонандагон;
— таҳлил ва омўзиши салоҳиятҳои асосии хонандагон дар МТМУ;
— таҳқиқи рушди салоҳияти иттилоотии хонандагон зимни самаранок истифода бурдани технологияи иттилоотӣ (шабакаи интернетӣ);
— таҳлил ва баррасии натиҷаи озмоишу таҳқиқот;
— омўзиши барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсии фанҳои табиӣ-риёзӣ;
— ташаккули салоҳияти иттилоотӣ дар раванди омўзиши фанҳои таълимӣ дар МТМУ;
— рушди салоҳияти иттилоотӣ ҳангоми баргузории корҳои амалӣ ва озмоишӣ;
— ҳамкорӣ бо омӯзгорон ҷиҳати истифодаи технология муосири таълим ва корҳои озмоишӣ;
— натиҷагирӣ оид ба муайян кардани сатҳу сифати таълиму тарбия;
— муайян кардани маводи таълим вобаста ба талаботи фанҳои таълимӣ;
— омўзиш, таҳлили методҳои муосири таълим ва татбиқи онҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ;
— пешниҳодҳо ва ҳамоҳанг сохтани технологияи муосири таълим бо усулҳои миллии омӯзишу парвариш, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
— таҳияи маводи илмию методӣ вобаста ба талаботҳои замон;
— таҳияи пешниҳодҳои нав оид ба ташкили омӯзишу истифодаи усул ва воситаҳои технологияи ахборию маърифатии муосир дар раванди таълим;
— дарёфти усулҳои истифодаи технологияи ахборӣ дар мактаб;
— истифодаи воситаҳои ташхиси қобилияту маҳорати хонандагон ҳангоми шаклҳои гуногуни таълим ва пешниҳоду хулосаҳо;
— таҳқиқи арзёбии баҳогузории бисёрбала ба малака, маҳорат, дониши хонандагон ва такмили он;
— таҳлили масъалаҳои муҳими педагогикаи мардумӣ ва иҷтимою фарҳангии таҳсилот, омӯзиши ҳолати муассисаҳои таълимии татбиқкунандаи барномаҳои дорои хусусияти миллию минтиқавӣ;
— таҳияи маводи илмию методӣ оид ба фанҳои таълимӣ;
— гирдоварии нуқтаи назари тоза оид ба омӯзиш бо дар назардошти истифодаи усул ва воситаҳои технологияи ахборию маърифатӣ;
— омӯзишу масъалаҳои гузариш ба низоми таҳсили 12 сола;
— дарёфти усулҳои истифодаи технологияи ахборӣ дар мактаб;
— роҳҳои истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбия дар сатҳи таълимгоҳ.
ДАСТОВАРДҲО
ДАСТУРҲО ИЛМӢ-МЕТОДӢ:
- «Арзёбии дониш ва малакаи хонандагон аз фанни физика тавассути саволу тестҳо», қисми 1, нашри «Сифат» 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнӣ, 45. 138-саҳифа,(соли 2017).
- «Муносибати босалоҳият ба таълим», намунаи дарсҳо аз фанни физика барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, нашри «Сифат» 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнӣ, 45. 100-саҳифа, (соли 2018).
- «Тавсияҳои қоидаи бехатарии лабораторӣ» барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, нашри «Сифат» 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнӣ, 45.36-саҳифа, (соли 2018).
- «Арзёбии дониш ва малакаҳои хонандагон аз фанни физика тавассути саволу тестҳо» қисми 2, нашри «Сифат» 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнӣ, 45 (164 саҳифа), 164 саҳифа, (соли 2019).
- «Муколамаи устоду шогирд аз фанни физикаи синфи 7», нашри «Сифат» 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнӣ, 45.92 саҳифа, (соли 2020).
МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ-ОММАВӢ:
- «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанни физика», маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» №1, марти соли (26) 2018, саҳифаҳои 12-14, соли 2018.
- «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим, (физика синфи 10)», ьаҷаллаи «Масъалаҳои методикаи таълим», №4, марти соли 2018, саҳифаҳои аз 2-8.
- «Мафҳуми «дюйм» ва чен намудани диагонали монитор» ( замима ба китоби дарсии технологияи иттилоотии синфи 8), маҷаллаи «Маърифати Омўзгор» №5 , майи соли 2018, саҳифаҳои аз 48-50.
- «Фирефтаи иғво нагардем» оид ба терроризм ва экстремизм, ҳафтаномаи «Омўзгор» №6, 8 феврали соли 2018, саҳифаи 5.
- «Сохтор ва низоми таҳсилот дар Ҷопон», маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» №2, моҳи феврали 2019, саҳифаи 13 то 17.
- «Арзёбии салоҳияти хонандагон дар таълими фанни физика», маҷаллаи «Масъалаҳои Методикаи таълим» № 2, моҳи феврали соли 2019, саҳифаи 6 то9
- «Арзёбии дониш дар муассисаҳои таълимии муосир», маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» № 1, (30), соли 2019, саҳифаи 91 то 96.
- «Арзёбӣ дар мактаби муосир», маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» №6, соли2019, саҳифаи 37 то 40.
- «Ҳимояи наврасону ҷавонон аз гаравиш ба тундгароӣ» {Кибертерроризм} маҷаллаи «Маърифати Омўзгор» №5 ISSN 2306-4293, майи соли 2019, саҳифаҳои аз 12 то 13.
- «Тавлиди офтоб ё офтоббаргашти зимистона», маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» №1, моҳи январи 2020, саҳифаи 57 то 58 (0,1875ҷ.ч).
- «Нақши салоҳиятҳои калидӣ дар корбурди технологияи иттилоотӣ», маҷаллаи «Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» №1, моҳи марти соли 2020 (0,5ҷ.ч).
- «Рушди салоҳиятҳои омўзиши – маърифатӣ ва иттилоотӣ дар бозии викторина» маҷаллаи «Паёми Пажўҳишгоҳи рушди маориф»№1, моҳи марти соли 2020 (0,625ҷ.ч).
- «Силоҳи ҷавонону наврасон дар фазои имрўз».Бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» №7, моҳи июли соли 2020, саҳ. 38 то 39.
- «Ташаккули салоҳиятҳои хонандагон дар раванди таълими фанни физика» (Вобаста ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»), маҷаллаи «Паёми Пажўҳишгоҳи рушди маориф» с.2020, № 3 (31), саҳ. 96-99.
- «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим» (дар синфи 7), маҷаллаи «Маорифи Душанбе» №3, 3-2020, саҳ. 76 то 80.