Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
“ТАҲҚИҚОТИ ПЕДАГОГӢ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ ОН
ДАР ЗАМОНИ МУОСИР”
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»
29 апрели соли 2021
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ Шуморо барои иштирок дар кори конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ «Таҳқиқоти педагогӣ: мушкилот ва дурнамои он дар замони муосир” даъват менамояд.
Барои иштирок роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, аспирантон, магистр, донишҷӯён, инчунин нафароне, ки ба мавзӯи баррасишаванда таваҷҷӯҳ доранд, даъват мешаванд.
Мутахассисони соҳаи математикаи ибтидоӣ ва амалӣ, информатикаи ибтидоӣ ва амалӣ, физика ва технологияи муосир низ даъват мешаванд.
Конференсия ба масъалаи комёбиву дастовардҳои илму маориф дар замони истиқлолияти давлатӣ ва истифодаи амалии технологияҳои муосири инноватсионӣ дар илму маориф бахшида шудааст. Конфронс бахшҳои зеринро дар бар мегирад:
- Истиқлолияти Тоҷикистон ва таҳсилоти муосир.
- Таҳқиқоти педагогӣ ва роҳҳои рушди он дар замони муосир.
- Такмили мазмуни маводи таълимӣ дар марҳилаи рушди мактаби муосир. Методикаи муосир ва самарбахши таълим.
- Масъалаҳои мубрами таълими фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ.
- Хусусиятҳои илмӣ-методӣ ва методологии раванди инноватсионии таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ.
- Фазои таълимӣ ва роҳҳои рушди таълими инклюзивӣ.
- Муҳиммияти ҳамкорӣ бо институтҳои ҷомеа дар рушди таҳсилоти муосир.
Замони баргузории конференсия – 29 апрели соли 2021,
Оғози кор – соати 9.00,
Оғози бақайдгирии иштирокчиён – соати 8.00.
Шакли иштирок дар конференсия
1.Баромад бо маърӯза, нашр ё бидуни нашр дар маҷмӯаи маводи конференсия.
- Иштирок бидуни баромад ё иштироки ғоибона бо нашри тезисҳои гузориш (мақола) дар маҷмӯаи маводи конфронс.
Аз рӯи натиҷаи кори конференсия маҷмӯаи электронии мақолаҳо ё тезисҳои иштирокчиёни конференсия нашр карда мешавад, ки ба он индекси ISBN таъин карда мешавад. Маҷмӯа дар сайти ПРМ www.prmatt.tj ҷойгир карда мешавад.
Шароит барои иштирок дар конференсия
- Иштирокчиён аз ҷумҳурӣ, ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур дар конференсия ройгон иштирок мекунанд. Муаллиф (он) дар шакли электронӣ маҷмӯаи маводи конференсияро бо нашри мақола, барномаи конференсия ва шаҳодатномаи иштирок дар конференсия (формати PDF) мегирад.
- Забонҳои конференсия — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Варақаи сабти номро (заявка) то 10 апрели соли 2021 пур карда, то 20 апрели соли 2021 мақола ё тезисро ба суроғаи электронии shohin_7875@mail.ru, mahfuza.abdullozode@gmail.com, imatoval@mail.ru барои тасдиқ аз ҷониби
Кумитаи тадорукот фиристодан лозим аст:
- Номи файли мақола ва варақаи сабт бояд бо чунин тартиб фиристода шаванд:
А) Ному насаб, се калимаи аввали мақола. Масалан: Умаров У.И. Усулҳои
таҳсилоти фосилавӣ.
Б) Ному насаб, варақаи сабт (заявка).
- Мақола дар системаи Antiplagiat санҷида мешавад. Ҳадди аққали дараҷаи аслияти матн 60%; 40% боқимонда истинодҳо (цитаты) бояд бо нишон ба манбаҳои аслӣ таъмин карда шаванд.
Суроғаи кумитаи тадорукот: 734024, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ, 126. Тел: (992 37) 2258405, (992 37) 2258406, (992 90) 555333121,
(992 93) 5883112.
Кумитаи тадорукот барои паҳн кардани ин маълумот миннатдор хоҳад буд.
Аз иштирокатон дар конференсия сипосгузорем!
ВАРАҚАИ САБТ БАРОИ ИШТИРОК
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
“ТАҲҚИҚОТИ ПЕДАГОГӢ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ ОН
ДАР ЗАМОНИ МУОСИР”
(29 апрели с.2021, ш.Душанбе)
Ном, насаб, номи падар:_______________________________________________
Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ ___________________________________________
Вазифа: ____________________________________________________________
Муассиса: __________________________________________________________
Телефон барои тамос: ________________________________________________
E-mail: ____________________________________________________________
Шакли иштирок: _____________________________________________________
Бахши конфронс: _____________________________________________________
Мавзӯи баромад: _____________________________________________________
Муаррифӣ (презентация: ҳа) □ / не □ _____________________________________
ШУМОРО БАРОИ ИШТИРОК ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ
ДАЪВАТ МЕНАМОЕМ!
Талабот ба матни мақола (тезиси маърӯза):
- Ҳаҷми мақола бо формати А4 – аз 5 то 10 саҳ.;
- Ҳаҷми ҳарф – Times New Roman 14 пт; Times New Roman Tj 14 пт;
- Ҳаҷми ҳарф барои рӯйхати адабиёт – Times New Roman 12 пт; Times New Roman Tj 12 пт;
- Фосилаи байни сатрҳо – 1;
- Баробарӣ бо паҳноӣ;
- Меъёрҳои саҳифа (см):
Чап – 3; Рост – 3;
Боло – 2,44; Поён – 2.
- Фармони «интиқоли автоматӣ» -ро истифода баред.
- Саҳифаҳо бояд аз миёна рақамгузорӣ карда шаванд;
- Ҷадвал ва расмҳо бояд рақамгузорӣ ва номгузорӣ карда шаванд;
- Тартиб додани ҷадвалҳо ва расмҳо дар саҳифаҳои манзара (альбомный) иҷозат дода намешавад.
- Ному насаби муаллиф (он), номи мақола (тезисҳои маърӯза), аннотатсия (на
- бештар аз 5 сатр), калидвожаҳо (на бештар аз 10) бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ё русӣ ва англисӣ оварда мешаванд.
- Матни мақола (тезис маърӯза) ва рӯйхати адабиёт — ба забони тоҷикӣ,
русӣ ё англисӣ.
- Ному насаби муаллиф (он) бо ҳуруфи ғафс дар байн ҷой дода мешавад;
- Дар зер дар марказ бо ҳарфҳои хурд ҷои кори муаллиф (он);
- Номи мақола (тезиси маърӯза) — бо ҳарфҳои калон, ғафс, дар марказ;
Намуна:
Сангинов Б.Н.
Sanginov B.N.
Таджикский государственный педагогический университет им.С.Айни. г.Душанбе
Tajik State Pedagogical University named after S. Aini, Dushanbe
ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ
РУШДИ ТАФАККУРИ ХОНАНДАГОН
SOLVING NON-STANDARD PROBLEMS IS AN IMPORTANT
FACTORDEVELOPMENT OF THINKING OF STUDENTS
…
Аннотатсия
…
Аbstract
…
Калидвожаҳо
…
Keyword
…
Матни мақола
Ёфтани масоҳати шаклҳо (бо формулаи Пик Г.А. ҳисоб кардани масоҳати шаклҳо), бо тарзи ғайрианъанавии ҳалли нобаробариҳои тригонометрӣ (бо истифода аз графики функсия), намунаҳои ҳалли мисолҳои нисбатан мураккаби курси алгебраи синфҳои 10-11-ум ва истифодаи формулаҳои кунҷи ёрирасон ҳангоми содагардонӣ ва ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ…
Рӯйхати адабиёт бо ҳарфҳои хурд тартиб дода мешавад. Рӯйхат бо тартиби алифбо бо рақамгузории автоматӣ пешниҳод мегардад.
АДАБИЁТ:
- Генкин Г.З. Геометрические решения негеометрических задач..М.: Просвещение, 2007. — 79с.
- Супрун В.П. Математика для старшеклассников. Нестандартные методы решения задач.
Книжный дом «ЛИБРОКОМ». М.: Проспект,2009. — 272с.
- Кочетков Е.С., Кочеткова Е.С. Алгебра ва функсияхои элементарӣ. Душанбе.: Ирфон,
- — 350 с.
Мақола ва тезисҳое, ки тибқи қоида таҳия нашудаанд, барои таҳрир ба муаллифон баргардонида мешаванд.